Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ

1231

1 сентябри соли 2024 дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, ҳайати устодону афсарон ва курсантони ин муассисаи олии таълимӣ чорабинӣ баргузор гардид.

1232Вазири корҳои дохилӣ баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-и ноҳияи Сино баромад намуданд, ибрози андеша карда, ҳайати устодону афсарон ва курсантони Академияи Вазорати корҳои дохилиро бо оғози соли нави хониш табрику таҳният намуд.
1233Зикр гардид, ки шунавандагону курсантон бояд илму дониш, техникаю технология ва забонҳои хориҷиро омӯхта, соҳибкасбу тахассусманд ва ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ бошанд.
Гул Маҳбуба, полковники милитсия

1234

 





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...