Чорабинӣ бахшида ба ёдбуди собиқ Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодравон Ҳомиддин Шарифов
19-уми июни соли 2024 дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ маросими ёдбуд бахшида ба 77-умин солгарди зодрӯзи собиқ Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия, шодравон Ҳомиддин Шарифов ва муаррифии китоби “10 сол сарвари ВКД”, бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, ҳайати шахсӣ, собиқадорони ВКД, наздикону пайвандони марҳум, инчунин омӯзгорону курсантони ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ баргузор гардид.