Маросими хатм дар Академияи ВКД
8-уми июни соли 2024 саҳни ҳавлии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни идона дошт. Падару модарон ва наздикону пайвандони хатмкунандагони факултетҳои Академияи ВКД дар гирду атрофи майдон ҷой гирифта, маросими хатми фарзандонашонро бо шавқу рағбати хоса тамошо карданд.
Хатмкунандагон дар майдони асосии сафороии таълимгоҳ саф кашида, тибқи реҷа ва барномаи муқарраргашта маросими хайру хуш бо таълимгоҳи хешро бо танатана гузарониданд.
Сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Насуриён Пулод Асадулло чорабинии тантанавиро кушода эълон намуд.
Баъди хондани Суруди миллӣ, сухани табрикотии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бахшида ба маросими хатми курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи ҳозирин расонида шуд.
Зикр гардид, ки боиси ифтихор ва сарбаландӣ аст, ки соли 2024 бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардида, дар ин замина вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон чорабиниҳои гуногун роҳандозӣ мегарданд.
Бинобар ин, афсарони ҷавон - ҳомиёни ҳуқуқро зарур аст, ки дар баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар саҳми арзандаи хешро гузошта, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ин ташаббус аз фаъолтарин пайравони Пешвои миллат бошанд.
Дар фарҷоми чорабинӣ устодону омӯзгорон ва волидайни афсарони ҷавон онҳоро ба муносибати хатми ин даргоҳи муқаддас табрику таҳният гуфта, барояшон дар ҷодаи хизмати бошарафона ба Ватан барору комёбиҳо таманно намуданд.