Конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба моҳвораи ҷавонон
Дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Академияи ВКД бахшида ба моҳвораи ҷавонон ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, 27-уми майи соли 2024 конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Рӯзҳои боз» ва «Як рӯзи ҷавонӣ» бо иштироки васеи намояндагони наврасону ҷавонони кишвар баргузор гардид.
Дар кори конференсия сардори Академияи ВКД, н.и.ҳ., полковники милитсия Насуриён Пулод Асадулло баромад намуда, ҳозиринро ба муносибати «Рӯзҳои боз» ва «Як рӯзи ҷавонӣ» ба Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, иброз намуд, ки дар ҳақиқат ҷавонони кишвар - ояндаи миллат маҳсуб меёбанд. Бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд Стратегия ва Барномаҳои давлатӣ қабул гардидаанд, ки онҳо имкон медиҳанд ҷавонони кишвар дар тамоми ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсӣ фаъол бошанд. Академияи ВКД низ омода аст, барои таҳсил ҷавонони ҷасури кишварро фаро гирад. Дар Академия тамоми шароитҳои таҳсил фароҳам оварда шудааст.
Сипас тибқи барномаи конференсия сардори Раёсати ҳуқуқии Дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарализода Далер ва устоди Академияи ВКД, н.и.т., Раҳмонзода Азимҷон бо маърузаҳо дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон баромад намуданд.
Дар қисмати дуюми чорабинӣ барномаи калони консертӣ дар иҷрои санъаткорони номӣ ва ҳаваскорони Академия ВКД намоиш дода шуд, ки бо сурудҳои саршори мазмуни ватандӯстӣ табъи иширокчиёни чорабиниро болида намуд.
Дар чорабинии «Рӯзҳои боз» ва «Як рӯзи ҷавонӣ» наврасону ҷавонон бо шароитҳои таҳсил дар Академияи ВКД аз наздик шинос шуда, дар дили онҳо меҳри касби корманди милитсия пайдо гашт. Конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба моҳвораи ҷавонон таҳти унвони «Рӯзҳои боз» ва «Як рӯзи ҷавонӣ» бо иштироки васеи намояндагони наврасону ҷавонони кишвар дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ ба анҷом расид.
Асламов Б.С., Сафарзода С.Н.