Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Форуми шаҳрӣ оид ба муқовимат ба ифротгароӣ (Бахшида ба 23 май - Рӯзи ҷавонон)

1161

Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон санаи 20-уми майи соли 2024 бо ибтикори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон форуми шаҳрӣ вобаста ба пешгирии гаравидани наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ таҳти унвони «Муқовимат ба ифротгароӣ – омили рушди босуботи ҷомеа» бо иштироки васеи намояндагони ҷавонони ҷумҳурии кишвар ва курсантону омӯзгорон баргузор гардид.
1162Форум бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, кори форумро сардори Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Насуриён Пулод Асадулло кушода, ҳозиринро самимона табрику муборакбод намуд.
1163Мавсуф изҳор дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари ҷавон буда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати хирадмандонаи ҷавонпарварона мебарад ва пайваста ҷавонон аз ҷониби давлат ва Ҳукумат дастгирии ҳамаҷониба меёбанд.
1164Вобаста ба ин мавзӯи муҳим модератори форум Бобохонзода Раҷабалӣ Хайрулло - сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе интихоб гардид.
Дар раванди форум инҳо бо маърӯзаҳо баромад намуданд:
- Одилзода Дилбар Раҳим - муовини Раиси шаҳри Душанбе;
- Чоршанбезода Сураҷ - муовини Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе;
- Насуриён Пулод Асадулло - сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия;
- Талбаков Сайдаҳтам - сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Ҳабиб Сайф Абдулло - муовини сардори РВКД дар шаҳри Душанбе, полковники милитсия;
- Сафарзода Ҳаёт Сайдамир - н.и.ҳ., профессори кафедраи факултети №6 Академияи ВКД, полковники милитсия;
- Турсунзода Шодком Худоймурод - сардори шуъбаи муқовимат бо коррупсияи РАНДМ ва мубориза бо коррупсия дар шаҳри Душанбе.
Дар фарҷоми форуми мазкур музокира ва саволу ҷавоб атрофи масоили пешгирии гаравидани наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ баргузор гардида, тавсияҳои муфид қабул гардиданд.
Асламов Б.С., Сафарзода С.Н., Убайдуллоев Ш.Э.





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...