Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Озмуни “Донандагони якчанд забон” бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ”

68226 апрели соли 2024 мутобиқи дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ., дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон байни курсантони муассисаҳои таълимии Вазорати корҳои дохилӣ, даври ниҳоии озмуни “Донандагони якчанд забон” (аз фанҳои забони русӣ ва англисӣ) баргузор гардид.683
Мавриди қайд аст, ки даври аввали озмуни зикргардида дар муассисаҳои таълимии Вазорати корҳои дохилӣ моҳҳои март - апрели соли 2024 баргузор гардид. Рӯйхати ғолибон-донандагони забонҳои русӣ ва англисӣ, ки сазовори ҷойҳои 1-ум, 2-юм ва 3-юм гардида буданд ва роҳхат ба даври ниҳоӣ гирифтанд, ба Академияи ВКД ирсол гардид (ҷамъ 26 нафар).
684Аз Коллеҷи оташнишонӣ-техникии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара тибқи рӯйхат 8 нафар курсантони ғолиб, аз Коллеҷи милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб тибқи рӯйхат 4 нафар ғолибони даври якум, аз факултетҳои №2, №5, №6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 нафар, аз факултети №4 Академияи ВКД дар шаҳри Хуҷанд 6 нафар дар даври ниҳоии озмун иштирок намуданд.
Озмуни зикргардида тибқи Низомнома аз рӯйи номинатсияҳои зерин баргузор гардид: - кори хаттӣ (диктант), санҷиш тариқи тестӣ, суҳбат аз рӯи расм, қироати беҳтарини шеър.685
Комиссияи озмун ва шахсони дигари масъул озмунро ҷамъбаст намуда ғолибонро муайян намуданд:
Ҷойи якум аз фанни забони русӣ:
Шарипов Шариф - гурӯҳи таълимии 212, Академияи ВКД, факултети №6.
Ҷойи дуюм аз фанни забони русӣ:
Бобоев Муҳаммадалӣ – курсанти курси дуюми факултети №4 Академияи ВКД.
Ҷойи сеюм аз фанни забони русӣ:
Ярбобоев Улуғбек - курсанти курси чоруми Коллеҷи милитсияи ВКД дар шаҳри Кулоб.
Ҷойи ифтихорӣ аз фанни забони русӣ:
Шонасриев Ифтихор - курсанти курси якуми Коллеҷи оташнишонӣ-техникии ВКД дар ноҳияи Данғара.
Ҷойи якум аз фанни забони англисӣ:
Аҳтамшозода Нурмуҳаммад – курсанти курси якуми гурӯҳи таълимии 108, Академияи ВКД, факултети №2.
Ҷойи дуюм аз фанни забони англисӣ:
Раҳимов Муҳаммад - курсанти курси дуюми Коллеҷи милитсияи ВКД дар шаҳри Кӯлоб.
Ҷойи сеюм аз фанни забони англисӣ:
Амонзода Аслиддин - курсанти курси якуми гурӯҳи таълимии 108, Академияи ВКД, факултети №2.
Жалилов Жасур - курсанти курси якуми гурӯҳи таълимии 105, Академияи ВКД, факултети №2.
Ҷойи ифтихорӣ аз фанни забони англисӣ:
Султонбекзода Дилшод - курсанти курси чоруми факултети №4 Академияи ВКД.
Исмоилов Шоҳрӯз - курсанти курси дуюми Коллеҷи оташнишонӣ-техникии ВКД дар ноҳияи Данғара.
Салоҳзода Самарддин - курсанти курси якуми гурӯҳи таълимии 104, Академияи ВКД, факултети №2.
Ғолибони озмун аз ҷониби роҳбарияти Академияи ВКД бо Диплом, Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.
Пас аз ҷамъбасти озмуни зикргардида аз ҷониби устодони санъат ва гурӯҳи ҳаваскорони Академияи ВКД бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ ва озмуни “Донандагони якчанд забон” барномаи консертии хотирмон баргузор гардид.
Давлатшозода А.Ш.

 





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...