Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамоиши курсантони муассисаҳои таълимии ВКД бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ»

671Дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони тамоми муассисаҳои таълимии Вазорати корҳои дохилӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ, ки ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” бахшида шуда буд, доир гардид.672
Чорабинии мазкур аз чанд қисм иборат буд:
- баромадҳо оид ба масоли доғи рӯз;
- ҷараёни корҳои таблиғотӣ ва ташвиқотию тарбиявӣ дар миёни омма оид ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ”;
- қисмати фарҳангии чорабинӣ.
673Дар қисмати аввали ҳамоиши мазкур сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Насуриён Пулод Асадулло ҳозиринро хайра мақдам гуфта, ба онҳо муваффақиятҳо таманно кард.674
Сипас, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, профессори факултети №6-и Академияи ВКД, полковники милитсия Сафарзода Ҳаёт дар мавзуи “Сабаб ва омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва пешгирии он ” ба таври хеле оммафаҳм ва пурмазмун баромад карда, ба аҳли толор таассуроти хуб боқӣ гузошт.
675Дар баромади хеш сардори факултети №2-и Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, подполковники милитсия Мансурзода Амиршоҳ дар мавзуи “Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ҳамчун самти махсуси фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ” ҳозиринро бо арқому далоили мушаххас атрофи мавзуи мазкур ошно сохт.
Баромадкунандагон дар маҷмуъ қайд карданд, ки падидаҳои болозикр заминаи боэътимоди рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, давлати ҳуқуқбунёд, таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, усутувории риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, коҳиш додани нигилизми ҳуқуқӣ ва як василаи паст кардани сатҳи содиршавии ҳуқуқвайронкунӣ мебошад.
Барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон роҳандозии чунин раванди низомнок ва пайваста пешниҳод карда шуд:
- дар муҳити оила ташаккул додани рафтори ҳуқуқӣ вобаста ба арзишҳои инсонӣ ва умумибашарӣ, ба монандӣ арзишҳои ахлоқӣ, урфу одатҳои ниёгон, арзишҳои фарҳангӣ ва ғайра.
- дар муассисаҳои таълимии томактабӣ ба роҳ мондани чорабиниҳои тарбиявӣ ва таълимии ҳуқуқӣ вобаста ба синну сол. Аз ҷумла, вобаста ба риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, тоза нигоҳ доштани муҳити зист ва ғайра.
- дар муассисаҳои таълимии миёна дар баробари фанҳои асосҳои давлат ва ҳуқуқ, ҳуқуқи инсон, ҳамзамон, ба таври пайваставу доимӣ ба роҳ монда шудани чорабиниҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ оид ба оқибатҳои ҳуқуқвайронкунӣ, нодида гирифтани арзишмандии ҳуқуқ, зуҳуроти зӯроварӣ дар оила, сабаб ва оқибатҳои шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, зарар ва оқибатҳои истеъмол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, маърифати ҳуқуқии истифодабарии технологияҳои иттилоотӣ, ҷанбаҳои мусбӣ ва манфии он ва ғайра.
- дар муассисаҳои таълимии олии касбӣ пайваста ба роҳ мондани маҳфилҳои илмӣ, аз қабили конференсияҳо, мизҳои мудаввар, семинарҳои илмӣ дар мавзуъҳои гуногуни ҳуқуқӣ.
- иштироки фаъолонаи тамоми корхона, муассиса, ташкилотҳои давлативу ғайридавлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар тарғиб ва ташвиқи арзишҳои ҳуқуқӣ ва талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда.
- мақомоти ҳифзи ҳуқуқро зарур аст, натанҳо чорабиниҳоро ҷиҳати мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкунӣ, балки вобаста ба пешгирӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ба роҳ монанд.
Сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Насуриён Пулод Асадулло дар қисмати дигари чорабинӣ омӯзгорони фаъолро дар ташвиқу тарғиби масъалаи муҳими рӯз бо Ифтихорномаҳо сарфароз намуд.
Дар қисмати ниҳоии чорабинӣ дастаи ҳаваскорони Академияи ВКД бо намоишномаҳои хеш, суруду оҳангҳои ҷолиб табъи ҳозиринро болида намуданд. Дар чорабинӣ бо сурудҳои дилнишин Ҳунарманди хизматнишондодаи Тоҷикистон Муҳаррама Шарифова низ баромад кард.





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...