Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоти судманд ҷиҳати омода намудани кадрҳои баландихтисос

66023 апрели соли равон вобаста ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ», дар майдони сафороии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо, ки ҳамзамон, раиси Комиссияи аттестатсияи хатм дар соли таҳсили 2023-2024 мебошад, бо профессорону омӯзгорон, курсантон ва хатмкунандагони факултети №3-и Академияи ВКД баргузор гардид.662
Дар баромади хеш муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода А.А. дар мавриди дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, омода намудани кадрҳои болаёқат, баландихтисос ва мутобиқ ба ниёзи ҷомеаи муосир муфассал иттилоъ дод.
661Дар қисмати дигари мулоқот вохӯрӣ бо раисону аъзоёни Комиссияи аттестатсионии хатми факултетҳои Академияи ВКД сурат гирифта, ба онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дар раванди омодагӣ ҷиҳати супоридани имтиҳонҳои давлатии дар пеш истода ва ҳимояи рисолаҳои хатм дода шуд.
Мулоқот бо муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода А.А. бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва оғози имтиҳоноти давлатӣ дар Академияи ВКД дар рӯҳияи баланд доир гардид.
Асламов Б., Убайдуллоев Ш.





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...