Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ оид ба ислоҳоти милитсия
Ба ҳамагон маълум аст, ки бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишварамон тули даҳ сол аст, ки ислоҳоти милитсия давра ба давра амалӣ карда шуда истодааст ва то ин муддат аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ дар самти мазкур корҳои зиёде ба сомон расонида шудаанд.
Тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ ислоҳотро таҳти шиори “Милитсия ин халқ ва халқ ин милитсия мебошад” идома дода, пайваста ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои Барнома ва Стратегияи ислоҳоти милитсия чораҳои дахлдор меандешанд.
Дар ин замина Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон низ нақши бориз дорад. Ҳамасола дар ин муассисаи таълимӣ-низомӣ чандин конференсияҳои байналмилалию ҷумҳуриявӣ, симпозиму форумҳо ва мизҳои мудаввар дар мавзуҳои гуногун ташкилу ба роҳ монда мешаванд, ки як ҷузъи онҳоро самти ислоҳоти милитсия дар бар мегирад.
Хусусан, 14-уми декабри соли 2023 дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии мақомоти корҳои дохилии факултети № 2 конференсяи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Нақши ислоҳоти милитсия дар пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва амалҳои ҷиноятӣ: таҳлил ва муқоиса» барузор гардид.Дар кори конференсия намояндагони мақомоти корҳои дохилӣ, Прокуратура, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ёрдамчии Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия, раиси Шурои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия, олимону омӯзгорон, мутахассисони амалӣ ва инчунин шунавандагони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок ва суханронӣ карда, таклифу пешниҳодҳои судмандро ҷиҳати такмили самти ислоҳоти милитсия манзур намуданд.
Чорабинии мазкурро сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ ҳусни оғоз бахшида, бо такя ба андешаҳои Пешвои муаззами миллат қайд кард, ки «Маҳаки асосии ислоҳоти милитсияро бояд ҳамкории зичи мақомот бо ҷомеа ташкил намуда, дар раванди пешбурди фаъолият зимни пешгирии ҷинояткорӣ ва мубориза бо он бояд аз имкониятҳои аҳли ҷомеа ва ниҳодҳои ҷамъиятӣ васеъ истифода намуд».Пас аз фарҷоми суханронии сардори Академия дигар иштирокчиёни конфенсия бо маърузаҳои пурмуҳтаво дар самти ислоҳоти милитсия баромад намуданд.
Дар фарҷоми кори конференсия тавсияҳо барои такмили Барномаи ислоҳоти милитсия қабул гардид.







































































































































































