Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ бахшида ба 75-умин солгарди қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон

149

10-уми декабр Рӯзи ҷаҳонии ҳуқуқи инсон мебошад ва аз соли 1950 бо пешниҳоди СММ (резолютсияи № 423 (V)) ҳамасола дар ин сана ҳамчун Рӯзи ҳуқуқи инсон қайд карда мешавад. Маҳз ҳамин рӯз дар соли 1948 Ассамблеяи Генералии СММ Эъломияи умумии ҳуқуқи инсонро қабул карда буд. Ҳоло матни Декларатсия бо беш аз 500 забону лаҳчҷаи дунё тарҷума шудааст.150
Ба ин муносибат ҳар сол ҳафтаи аввали моҳи декабр ҳамчун ҳафтаи ҳуқуқи инсон эътироф шудааст, ки дар он барномаҳои гуногун гузаронида мешаванд. Бинобар ин, санаи 8-уми декабри соли 2023 чун анъана дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон VI-умин Конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ дар мавзӯи «Ҳуқуқи инсон ва ҷаҳонишавӣ» дар ҳамкории зич бо ташкилоти ҷамъиятии “Инсон ва Адолат” баргузор гардид.
150Дар кори конференсия олимони соҳаи ҳуқуқшиносии ватанӣ, ҳамчунин олимони Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар ш. Душанбе, Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мактаби олии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, муассисаҳои систамеаи ВКД Федератсияи Россия Белоруссия, Қазоқистон, Ӯзбекистон (бо шакли он-лайн), олимон ва профессорону омӯзгорони Академияи ВКД иштирок намуданд.151
Дар сухани ифтитоҳии худ сардори Академияи ВКД, доктори илмҳои ҳуқуқ, дотсент, генерал-майори милитсия Ф.Р. Шарифзода қайд намуд, ки Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон дар як марҳилаи басо муҳимми таърихӣ, ки дар аксарияти давлатҳо нобаробарии ҳуқуқҳои шахсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ ҳукмфармо буд, қабул гардида, барои рушди ояндаи ҳуқуқи инсон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ заминаи босубот гузоштааст. Дар Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон, таваҷҷуҳи асосӣ ба эътирофи шаъну шарафи шахс, доштани ҳуқуқҳои баробар, озодӣ, адолат ва пойдории сулҳ дар ҷаҳон равона гардидааст. Инчунин, эълон доштани бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва соҳибихтиёр дар моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин, арзишҳои аз ҳама воло эътироф гардидани ҳуқуқу озодиҳои шахсият дар он аз мақомоти дахлдори давлатӣ тақозо дорад, ки бо мақсади ҳифз, риоя ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷомеа ҷиҳати муҳайё сохтани шароити арзандаи зандагонии ҳар як фарди кишвар тадбирҳои судманд андешида, механизми кафолати воқеии таъмини онҳоро ба вуҷуд оранд.
152Бо сухани ифтитоҳӣ ҳамчунин, дар шакли он-лайн Саидов Акмал Холматович - муовини аввали Палатаи қонунгузории Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, директори Маркази миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳуқуқи инсон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, академик, профессор ва Шабдонов Руслан – мушовир оид ба ҳимояи байналмилалии Комиссари олии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба кор бо гурезаҳо дар Тоҷикистон баромад намуда, иброз доштанд, ки ҳуқуқи инсон – ин муҳиммтарин сифатҳои шахсият аст, ки барои инкишофи озодии он ҳамчун инсон шароит муҳайё мекунад. Барои ин, давлатҳои муосир ҳуқуқу озодиҳои инсон, арзишҳо, принсипу меъёрҳои умумиэътирофшудаи байналмилалиро бояд пос доранд.
Дар анҷоми баромад Ф.Р. Шарифзода ба кори конференсия ҳусни оғоз бахшида, ибрози умед намуд, ки дар рафти он масъалаҳои муҳим вобаста ба ҳуқуқи инсон баррасӣ гардида, ҷиҳати рушди ҳуқуқи инсон таклиф ва пешниҳодҳои судманд манзур карда мешаванд.
Дар конференсия муҳокимаи Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон ва нақши он дар руши ҳуқуқи инсон, барномаи умумиҷаҳонии таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон, ҳадафҳои рушди устувори СММ ва ҳуқуқи инсон, мушкилоти ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити таҳдиду хатарҳои муосир, сиёсати давлатӣ дар самти ҳуқуқи инсон, масъалаи ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, масъалаи ҳимояи ҳуқуқи гурезагон, ҳуқуқи инсон ва дин, масъалаҳои муҳимми таъмини ҳуқуқи инсон дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ислоҳоти мақомоти давлатӣ ва ҳуқуқи инсон ва ғайра баррасӣ шудаанд.
Дар шакли он-лайн дар кори конференсия Сейтаева Жанар Секежановна – мудири кафедраи тайёрии махсус оид ба таҳдидҳои муосири Донишкадаи таълими касбии Академияи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи дар назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Қазоқистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, мушовири калони адлия, Адыгезалова Гюлназ Эльдаровна – мудири кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Кубан, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент; Звонарева Анна Юревна – сардори кафедраи ташкили фаъолияти МКД-и маркази машқҳои фармондеҳӣ-ситодии Академияи идоракунии ВКД Россия, номзади илмҳои ҷамъиятшиносӣ, полковники политсия; Парковская Мария Ивановна – омӯзгори кафедраи фанҳои гражданӣ-давлатии Донишкадаи ҳуқуқшиносии ВКД Россия дар ш. Ростови лаби Дон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ; Власова Елена Лвовна - дотсенти кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии МКД Донишкадаи ҳуқуқшиносии Шарқӣ-Сибирии ВКД Россия (ш. Иркутск), номзади илмҳои педагогӣ, дотсент баромад намуданд.
Дар охир иштирокчиёни конференсия ба хулоса омаданд, ки ҳоло ҳуқуқи инсон яке аз соҳаи аз ҳама бештар рушдкардаи ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад, ки дар худ чи ҷанбаҳои умумии ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва чи низомномаҳои махсусгардонидаи марбут ба категорияҳои махсусан нозуки аҳолиро (занон, кӯдакон, гурезаҳо, муҳоҷирон, ашхоси имкониятҳояшон маҳдуд ва ғайра) фаро мегирад. Бинобар ин, гузаронидани чунин конференсияҳо хеле муҳим ва муфид мебошад, ки дар он масъалаҳои мазкур дида баромада, роҳҳои мувофиқи ҳалли масъалаҳои ба миён омада, муайян карда мешаванд.
Шуъбаи ташкилӣ илмӣ ва табъу нашр

 





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...