Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ташрифи меҳмонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Беларус ба Академияи ВКД

672

Ҳамкориҳои мутақобилаи хадамоти “Муҳофиза”-и Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Беларус ривоҷу равнақ ёфта, дар ҳоли густариш қарор доранд. Қаблан як ҳайати босалоҳияти Хадамоти давлатии “Муҳофиза”-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зери роҳбарии сардори Хадамот, генерал-майори милитсия Ализода А.Ҷ. аз бахшҳои Департаменти “Муҳофиза”-и ВКД Ҷумҳурии Беларус дидан намуда буданд.673
Акнун, 22-юми ноябри соли 2023, як теъдод меҳмонони ин хадамот ба Тоҷикистон омада аз ҳамтоёни тоҷикистонии худ табодули таҷриба ба амал оварданд.
674Дар доираи ин ҳамкориҳо, меҳмонон аз Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд. Меҳмононро сардори Академияи ВКД, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ, муовинони сардор, сардорони факултетҳо ва ҷузъу томҳои Академия бо хушнудӣ пешвоз гирифтанд.675
Вақти будубошашон дар ин таълимгоҳи ВКД меҳмонон ба дастовардҳои илмӣ, тадқиқотӣ, таълимӣ, тарбиявӣ ва варзишӣ аз наздик ошно гашта, барои таассуроти хубашон ба роҳбарияти ин таълимгоҳ изҳори сипос намуданд.
Ҳайати меҳмононро генерал-майори милитсия Шепелев Александр Святославович, сардори Департаменти муҳофизаи ВКД Ҷумҳурии Белорус сарварӣ дошт. Дар ҳайати меҳмонон инчунин сардорони Раёсатҳои муҳофизаи Раёсати корҳои дохилии вилояти Брест, полковники милитсия Казак Дмитрий Николаевич, сардори Раёсати муҳофизаи вилояти Могилёв, полковники милитсия Драчев Игор Иванович ва дигарон иштирок доштанд.
Бо фармоиши сардори Академияи ВКД, генерал-майори милитсия Шепелев Александр Святославович, сардори Департаменти муҳофизаи ВКД Ҷумҳурии Беларус бо “Медали ҷашнии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба хотири рушду таҳкими робитаҳо миёни Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Беларус сарфароз гардонида шуд.





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...