Таҷлили Рӯзи Президент ва аҳамияти он
16-уми ноябри соли 2023, дар Академияи ВКД бо ибтикори кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва сохтмони давлатдории навини тоҷикон» баргузор гардид.
Конференсияи илмӣ-назариявиро бо сухани муқаддимавӣ сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. ифтитоҳ намуда, бо Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳозиринро табрик намуд.Ҳамзамон, қайд гардид, ки ҷашнгирии Рӯзи Президент таърихи худро дорад ва дар ҷумҳурии мо ин ҷашн сарчашма мегирад аз воқеаҳои солҳои 90-уми асри гузашта ва оғози Иҷлосияи тақдирсози миллати тоҷик, ки ҳанӯз моҳи ноябри соли 1992 дар Ҳуҷандшаҳри бостонӣ баргузор гардида буд.
Дар кори мизи конфронс, ходимони намоёни давлатӣ, олимону донишмандон, коршиносони соҳа, ва омӯзгорони Академия фаъолона ширкат намуда, дар мавзӯъҳои мухталифи илмӣ маърӯзаҳо намуданд.
Аз ҷумла, Мусоева Рафиқа Ғаниевна - узви Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ходими намоёни давлатӣ, н.и.т., арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, Зоир Ҷурахон Маҷидзода – сарходими илмии шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳовидинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.ҳ., профессор, корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия, суханронӣ намуда, аз воқеаҳои сиёсии кишвар дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ёдоварӣ намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - шахсе, ки дар марҳилаи мураккабтарини таърихи давлату миллат масъулияти сарварии кишварро ҷасурона ба даст гирифт ва бо талошу иродаи бемисли худ боиси наҷоти киштии шикастаи давлатдории тоҷикон шуд. Дар натиҷа Тоҷикистон на танҳо ҳамчун давлат наҷот ёфт, балки ба як силсила дастоварди бунёдие, ки барои сарнавишти давлату миллати мо аҳамияти бисёр муҳим доранд, соҳиб гардидааст. Дар ин асос метавон дарёфт, ки сабаби эҳтироми амиқ ва эътимоди устувори мардуми Тоҷикистон ба Пешвои миллати худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чист.
Бояд зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияте масъулияти зимоми давлатдориро бар уҳда гирифтанд, ки кишвар дар оташи ҷанг месӯхт ва ба гирдоби нобудӣ фурӯ мерафт.
Хушбахтона, бо заҳмат ва талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва умуман мардуми меҳнатдӯст ва сарбаланди тоҷик, ин вазифаи таърихӣ иҷро гашта, давлатдории миллии тоҷикон аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт. Маҳз яке аз масъалаҳое, ки барои мондагории чеҳраи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи халқи тоҷик мусоидат намудааст, ҳамин омил мебошад. Зеро баъди ҳазор сол имконияти таърихӣ ба вуҷуд омад, ки тоҷикон бо номи миллати хеш давлати миллиро бунёд намоянд. Бинобар ин Тоҷикистони тозаистиқлол агар дар натиҷаи буҳрони сиёсии солҳои 90-уми асри ХХ давлати миллии худро аз даст медод, ҳеҷ гоҳ насли имрӯзу ояндаи ин миллату давлат моро намебахшид.
Инчунин зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон тавонист, ки мустақилона тамомияти арзии хешро ҳифз намуда, умедвории ояндаро дар зеҳни шаҳрвандони кишвар ба вуҷуд оварад. Ҳамзамон дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ системаи фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатиро мукаммал, барқарор ва бунёд намуд.
Ҳамзамон, Давлатов Зубайдулло Абдуллоевич – сардори Раёсати таъмини иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Эмомалӣ Раҳмон меъмори давлати миллии тоҷикон», Равшаналиев Фирӯз Рамазонович – роҳбари Маркази таҳлил ва иттилооти дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар мавзӯи «Президент кафили суботи сиёсӣ», Пудинаев Умедҷон Партоевич – муовини сардори Раёсати сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Эмомалӣ Раҳмон меъмори давлати миллии тоҷикон», Сафарзода Ҳаёт Саидамир – профессори кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини амнияти ҷамъиятии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, полковники милитсия дар мавзӯи «Ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамчун самти афзалиятноки таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Асламов Бозоралӣ Сафаралиевич – ходими калони илмии шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия, дар мавзӯи «Хусусиятхои хоси мактаби Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон», Муҳаммад Саъдӣ Абдураҳмон – сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №2 Академияи ВКД, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент, подполковники милитсия, дар мавзӯи «Мактаби давлатдории Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи намунаи олии давлатдории навини тоҷикон», Бойзода Ҷамшед Ҷумабой – дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия, дар дар мавзӯи «Асарҳои Пешвои миллат муаррифгари таърих ва фарҳанги тоҷикон», Самиъзода Бахтиёр Салим – дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия, дар мавзӯи «Зарурати омӯзиши мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: таҳлил ва дурнамо», Султонзода Вамариҷ Иброҳим – муаллими калони кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия, маърӯза дар мавзӯи «Сиёсати ҷавонон дар партави мактаби давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон», Саидзода Муҳаммади Абдулло – муаллими, кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия, дар мавзӯи «Нақши Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ», Одиназода Самеъҷон Раҳматулло – муаллими кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти милитсия, дар мавзӯи «Ҷавонони кишвар пайравони мактаби давлатдории Пешвои миллат» маърӯзаҳо қироат намуданд.
Дар хотима, сардори Академия Шарифзода Ф. Р зикр намуд, ки имрӯз миллати соҳибназари тоҷик ва тоҷикистониён гуфта метавонанд, ки дар таҳкими Истиқлолият ва бунёди давлатдории миллӣ, нақш ва мавқеи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи асосиро соҳиб мебошад.
Мавсуф зикр кард, ки мо кормандони МКД ва ҳар соҳибватане, ки нисбат ба имрӯзу фардои ватанаш бетараф нест, ҳар як тоҷике, ки миллати хешро дӯст медорад ва ҳар падару модаре, ки ояндаи фарзандони худро дар Тоҷикистони озод, обод ва осоиштаю рушдкарда дидан мехоҳад, посдори ин амалҳои созанда, сабақомӯз ва ибратбахш бояд бошем.
Бойзода Ҷ.Ҷ., Самиъзода Б.С., омӯзгорони Академияи ВКД







































































































































































