Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тантанаҳо дар арафаи таҷлили Иди касбии милитсия

325

8-уми ноябри соли 2023 дар майдони сафороии Академияи Вазорати корои дохилӣ дар вазъияти тантанавӣ бо иштироки муовини Вазири корҳои дохилӣ, генерал-майори милитсия Иброҳимзода Н. дар арафаи таҷлили иди касбии Рӯзи милитсия аз номи Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. ба собиқадорони Академия, оилаҳои кормандоне, ки дар дар қайди ҳаёт нестанд ва инчунин ба курсантони ятими кулл- фарзандони кормандони ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ҳалокгашта ва камбизоату бапарастор кӯмаки пулӣ расонида шуд.326
Барои хизматҳои тулонӣ ва бенуқсон дар мақомоти корҳои дохилӣ, саҳми назаррас доштан дар таълиму тарбияи кормандони ҷавон, ба 20 нафар собиқадорон ва оилаҳои кормандоне, ки дар қайди ҳаёт нестанд ва ба курсантони ятими кулл, фарзандони кормандони ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ фавтида ва камбизоату бапарастор кумаки пулӣ расонида шуд.
328Инчунин, бо ташаббуси роҳбарияти Академияи ВКД ва дастгириҳои Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ., 50 нафар собиқадорону кормандони Академияи ВКД муддати 2 шабонарӯз дар осоишгоҳи “Садбарг”-и Раёсати тиббии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон истироҳат намуданд.

327





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...