Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати созмони ҷамъиятии Шӯрои кураторон

30720-уми октябри соли 2023, вохӯрии сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ бо ҳайати созмони ҷамъиятии Шӯрои кураторони Академия баргузор гардид.308
Ҳадаф аз баргузории вохӯрии мазкур дар сатҳи баланди касбӣ ба роҳ мондани раванди корҳои тарбиявӣ, ташаккулёбии ҷаҳонбинӣ, дарки масъулиятшиносӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва садоқат ба касбу Савганд дар миёни курсантон, инчунин ба танзим даровардани фаъолияти Шӯрои кураторон дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ҳамзамон, ташкили ҳарчи бештари ҳамоҳангӣ миёни субъектони тадбиқкунандаи корҳои тарбиявӣ дар Академия, яке аз муҳимтарин масъалаҳоро ташкил менамуд.
Албатта, бо дарназардошти муҳимияти тадбиқи корҳои тарбиявӣ дар раванди омодасозии кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи имрӯзи ҷомеа ва содиқ ба миллату давлат, дар вохӯрии зикргардида муовинони сардори Академия, сардорони факултет, шуъбаҳо, шуъбачаи корҳои тарбиявӣ ва дигар сохторҳои муаззаф дар ин бахш, ширкат намуданд.
Самти корҳои тарбиявӣ аз муҳимтарин бахши фаъолият дар низоми таҳсилоти олии касбӣ ҳисоб ёфта, ҷанбаҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ, психологӣ ва педагогиро доро мебошанд.
Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун муассисаи таҳсилоти олии касбӣ самти корҳои тарбиявиро дар фаъолияти худ афзалият дода, барои тарбияи кардҳои дорои ҷаҳонбинии васеъ ва ахлоқи баланди миллӣ пайваста талош меварзад.
Албатта, яке аз механизмҳои тадбиқи корҳои тарбиявӣ дар Академияи ВКД фаъолияти созмон ва шӯроҳои ҷамъиятӣ мебошанд, ки яке аз онҳо Шӯрои кураторони Академияи ВКД ҳисоб меёбад.
Шӯрои кураторон ҳамчун созмони ҷамъиятӣ фаъолияти худро тибқи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии танзимкунандаи самти корҳои тарбиявӣ, аз ҷумла “Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Низомномаи Шӯро”, “Нақшаи фаъолияти Шӯро” ва “Нақшаҳои намунавии омӯзиши мавзуъҳои аудитории тарбиявӣ” ба роҳ монда, баҳри амалӣ гардонидани талаботи санадҳои зикршуда, чораандешӣ менамояд.
Дар ин асос, Фармони сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба вобаста намудани ҳайати прафессорон ва омӯзгорон ҳамчун куратор ба гурӯҳҳои таълимии факултетҳои №2, 4, 5 ва № 6 Академияи ВКД аз 13 октябри соли 2023 таҳти №770” барои соли хониши 2023-2024, ба тасвиб расидааст, ки асоси ҳуқуқии фаъолияти кураторонро дар гурӯҳҳои таълимӣ ташкил медиҳад.
Ҳоло дар Академияи ВКД 86 нафар кураторон фаъолият доранд, ки 18 нафари онҳо аз ҳисоби занон мебошанд.
Дар вохӯрӣ, кураторони гурӯҳҳои таълимӣ, ки аз ҳисоби ҳайати профессорон ва омӯзгорони ботаҷриба вобаста гардидаанд, бори дигар вазифадор гардиданд, ки фаъолияти худро дар самти баргузории соатҳои тарбиявии аудиторӣ, тибқи ҷадвали дарсӣ, назорати ҳолати омӯзиши китобҳои бадеӣ аз ҷониби курсантон, назорати сатҳи азкудкунии барномаҳои таълимӣ, назорати ҳолати иштироки курсантон ба дарсҳои ҳатмӣ, риояи интизоми хизматӣ, назорати ҳолати сабақгардонии баҳои ғайриқаноатбахш, ғоибӣ дар дарс ва соатҳои беморӣ аз ҷониби курсантон, робита бо омӯзгорони фаннӣ, ки дар гурӯҳи таълимӣ дарс мегӯянд, ҳамкорӣ бо волидон ва дигар шахсони онҳоро ивазкунанда, ташриф овардан ба манзили зисти доимӣ ва муваққатии курсантон, тарбияи ахлоқӣ, ватандӯстӣ, ҳуқуқӣ, касбӣ, идеявӣ ва дар ин замина ташаккули ҷаҳонбинӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва садоқат ба касбу Савганд, ҷоннок намоянд.
Дар анҷоми вохӯрӣ, бори дигар кураторони гурӯҳҳои таълимӣ ба иҷрои саривақтии вазифа ва уҳдадориҳои худ сафарбар гардида, дар фаъолияти минбаъдаи онҳо барору комёбӣ таманно карда шуд.
Самиъзода Б.С., Раиси Шӯрои кураторони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия

 





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...