Дастоварди навбатии варзишии Академияи ВКД

8-уми октябри соли 2023 дар толори варзишии «Истиқлол», мусобиқаи ҷумҳуриявии намуди омехтаи ғайрикасбии (ММА) байни наврасону ҷавонон ва калонсолон баргузор гардид.
Дастаи варзишии Академияи ВКД таҳти роҳбарии майори милитсия Назаров М.Г. дар ин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат намуда ҷойҳои аввалинро соҳиб гашта, бо Сипоснома ва Ҷоми Федератсияи муҳорибаҳои омехта сарфароз гардиданд.
Ҷойҳои якум, насиби Сидов С., Раҷабали Зиёратшо, Юнусзода М. -курсантони курси якуми факултети №2 гардида, ҷойҳои дуюм, насиби Назимов Ҷ., Алимардонов С., Ғуломайдарзода З., Қосимов Ф. - курсантони курси якуми факултети №2 гардид. Ҷойи сеюм, насиби Шарифзода А. - курсанти курси якуми факултети №2 гардид.
Роҳбарияти Академияи ВКД ҳамаи ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявии намуди омехтаи ғайрикасбии (ММА) - ро самимона табрику муборакбод намуда, ба онҳо дастовардҳои нави варзиширо таманно дорад.
Маркази матбуоти Академияи ВКД







































































































































































