Иҷрои дастуру супоришҳои Хукумат вобаста ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар Академияи ВКД
Бо мақсади иҷроиши дастуру cупоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, ҷиҳати пешгирӣ намудани амалҳои тахрибкорӣ, пурзӯр намудани муҳофизати бинову иншооти муҳим ва махсусан муҳим, аз ҷумла биноҳои маъмурӣ, инчунин назоратбарии сатҳу сифати гузаронидани машғулиятҳои дарсӣ дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббус ва дастгириҳои роҳбарияти Академия беш аз 200 адад камераҳои мушоҳидавӣ насб карда шуд, ки онҳо ҳамарӯза фаъол буда, ҳудуд ва дохили биноҳои маъмурии Академияро таҳти назорати ҳамешагӣ қарор додаанд.
Камераҳо дар роҳрав, даҳлези биноҳои маъмурӣ, ҳудуд ва атрофи бинои маъмурӣ, инчунин дар синфхонаҳои таълимӣ насб карда шудаанд ва ҳамаи онҳо аз нуқтаҳои назоратбарӣ таҳти назорати бевоситаи кормандони масъул қарор гирифтаанд.
Камераҳо тавассути шабакаҳои локалӣ пайваст буда, нуқтаҳои назоратбарии онҳо дар қисми навбатдорӣ, шӯъбаҳо ва факултетҳо ҷойгир мебошанд. Аксарияти камераҳо тавассути шабакаҳои интернетӣ бо роҳбарияти Академия пайваст гардиданд, ки дар дилхоҳ макон ба воситаи телефони мобилӣ имконияти назорати онҳо дастрас мебошад.
Беш аз 100 адад камераҳо бо мақсади назоратбарии фаъолияти таълимӣ равона гардидааст, ки аз ҷониби кормандони масъули шуъбаи таълим, факултетҳо ва воҳидҳои таълимӣ-низомӣ таҳти назорат қарор гирифтааст. Камераҳое, ки дар назорати раванди таълим истифода мегарданд бо сабти овози яктарафа ва дутарафа таъмин мебошанд.
Хусусан, камераҳое, ки барои боз ҳам баланд бардоштани назорати сифати таҳсил равона карда шудаанд дар таълиму тарбияи шогирдон ва инчунин масъулитнокии омӯзгорон ва дар маҷмуъ ҳама ашхосе, ки ба ин раванд ҷалб шудаанд фоидаҳои зиёде оварда истодааст.
Дар дафтари кории сардори Академияи ВКД, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ низ ин дастгоҳ насб буда, пайваста чи аз дафтари корӣ ва чи тавассути телефони мобилӣ ҷараёни корҳо дар муассисаи таълимӣ таҳти назорат гузошта шудааст.
Генерал Шарифзода Ф.Р., менигорад: “Фаъолнокии камераҳо дар муассисаи таълимӣ аллакай дар ифшои бисёр норасоиҳое, ки дар ҷараёни таълим аз ҷониби омӯзгорон, шахсони мутасаддӣ, курсантону шунавандагон роҳ дода шудаанд саҳми беандоза шоиста гузоштаанд.
Ҳамарӯза аз ҷониби кормандони масъули шуъбаи таълим ин раванд назорат бурда шуда, оиди камбудиҳои омӯзгорон ва курсантон, ки дар раванди дарс ба миён меояд, маълумотнома тартиб дода мешавад ва дар дафтари қайди назорати раванди таълим ба ҳисоб гирифта шуда, аз ҷониби сохторҳои вобастаи Академияи ВКД чораандешӣ карда мешаванд.
Аз замони васл гардидани синфхона, кабинетҳои махсус, толорҳои таълимӣ бо камераҳои мушоҳидавӣ як қатор камбудиҳо ба қайд гирифта шудаанд. Чунончи:
- истифода кардани телефонҳои мобилӣ аз ҷониби омӯзгорону курсантон ва шунавандагон дар раванди машғулиятҳо возеҳ мегардад;
- ба дарс омадану аз дарс рафтани муаллим ;
- ҳолатҳои аз дарс баромадани муаллим ба муддати тулонӣ;
- бо телефонҳои мобилӣ берун аз синфхона гап задани омӯзгорон;
- бе мувофиқа бо Шуъбаи таълим ҷойивазкунии дарсҳо;
- ҳодисаҳои дарсшикании омӯзгорон;
- аз бемасъулиятии омӯзгор ба ғалоғӯла роҳ додани шогирдон; ва ғайраҳо то ба имрӯз ошкор карда шудааст.
Бояд махсус иброз намуд, ки аллакай барои мо маълум аст, ки кадом омӯзгорон машғулиятҳоро сидқан гузаронида ба шогирдон донишҳои аслӣ медиҳанд. Ва ҳамзамон, бароямон бараъло намоён аст, ки кадом омӯзгорон тибқи талаботҳо машғулиятҳояшонро намегузаронанд. Дар маҷмуъ, камераҳо сатҳи интизомнокиро дар миёни курсантону шунавандагон ва омӯзгорон ба таври мушаххас нишон дода, роҳбарияти Академияро дар мавриди ҷой доштани монеа ва мушкилот ҳушдорӣ менамояд.
Ва ниҳоят, таҷҳизотҳои мушоҳидавӣ то ин муддат бисёр тарафҳои мусбат ва манфии фаъолиятро сабт намудаанд, роҳбарият ва шахсони мутасаддӣ нисбати онҳо чораҳои мушаххас андешидаанд.
Аз ин лиҳоз, насбу фаъолнокии камераҳои мушоҳидавӣ дар ҳар як корхона, муассиса ва ташкилот танҳо ба нафъи кор буда, аз беҳбудиҳои зиёде бархурдор аст”.
Ба идомаи гуфтаҳои муҳтарам сардори Академияи ВКД илова кардан мумкин аст, ки дар он ҷое, ки камераҳои мушоҳидавӣ сония ба сония ҳама фаъолиятҳоро ба навор мегиранд, дигар дар он ҷо фиреб кардан, дурӯғ гуфтан, ва амсоли онҳоро нашояд!







































































































































































