Шӯрои роҳнамоён бояд мададгори ҷавонон бошад!
12-уми октябри соли 2023 дар толори асосии факултети №3 вохӯрии сардори Академияи ВКД бо кормандони ҷавони Академияи мазкур сурат гирифт.
Дар вохӯрӣ Шӯрои роҳнамоён ва аъзоёни он, кормандони шуъбаи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ, шуъбаи илм ва таҳририи Академия, инчунин шахсони роҳнамо ва коргарҷавонони Академия иштирок доштанд.
Зимни вохӯрӣ сардори Академия аз дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ, муҳтарам Раҳимзода Р.Ҳ., ки дар «Рӯзи Дониш» бо ҳайати профессорону омӯзгорон ва курсантони Академия баргузор гардида буд, ёдоварӣ намуда, аз насли ҷавони милитсия дар амал татбиқ намудани онҳоро талаб намуд.
Дар ҷараёни суҳбат Шарифзода Ф.Р. иброз дошт, ки касби омӯзгорӣ масъулияти баландро талаб менамояд. Чунончи, Пешвои муаззами миллат дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 хитоб намуда буданд: «… агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад».
Дар рафти вохӯрӣ ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғул гардидани омӯзгорони ҷавон, ҳамзамон дар ин раванд расонидани ёрии илмӣ аз тарафи олимони варзидаи Академия зарур шуморида шуда, тавсия гардид, ки олимону омӯзгорони ҷавони Академия дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ фаъолона иштирок намоянд. Барои дастгирии омӯзгорони ҷавон ва инкишоф додани малакаи кордонии онҳо ба шуъбаҳои илму таълим, қисми низомӣ ва шӯроҳои ҷамъиятӣ дастуру супоришҳои муфид дода шуд.
Вохӯрӣ хеле судманд ва дар доираи ҳусни тафоҳум анҷом пазируфт.
Бойзода Ҷ.Ҷ., Убайдуллозода Ш., омӯзгорони Академияи ВКД.







































































































































































