Чорабиниҳои тантанавӣ ва фарҳангӣ бо курсантон дар ҷамъомади таълимӣ-саҳроӣ

8-уми сентябри соли 2023, сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ ва дигар муовинони сардор барои табрики курсантони қабули соли 2023, ки дар ҷамъомади таълимӣ-саҳроӣ қарор доранд, ташриф оварданд.
Зимни баромад сардори Академия қайд кард, ки: “Муҳтарам ҳамкасбон, ҳайати меҳмонон, афсарон, омӯзгорон, шогирдон, ҳозирини гиромиқадр! Шуморо ба ин чорабинии тантанавӣ, ки бахшида ба ҷашнгирии 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ баргузор шуда истодааст, хайрамақдам гуфта, бароятон тансиҳатӣ, хонаи обод ва барору комёбиҳоро таманно дорам.
Чорабинии имрӯза, ба яке аз масъалаҳои тақдирсози миллат - Истиқлолияти давлатӣ, ки тӯли ҳазорсолаҳо, ниёгони мо барои дастёб гардидан ба он талошҳо намуда, ҷони садҳо фарзандони диловару сарсупурдаи миллатро дар ин роҳ аз даст додаанд, бахшида мешавад.
Албатта, дар таърихи навини давлатдории миллии мо Истиқлолияти сиёсӣ, бузургтарин дастовард мебошад, ки дар охири саддаи ХХ ба он шарафёб гардидем. Ҳоло бошад бахти баланди миллати тоҷик ва тоҷикистониён аст, ки дар фазои ороми сиёсӣ, сарфи назар аз мураккабиҳои ҷаҳони муосир мо 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии хешро ботантана истиқбол менамоем.
Ин ҷашни сарнавиштсоз дар шароите таҷлил мегардад, ки инсоният барои расидан ба ҳаёти осуда, таъмини сулҳу субот ва адолату инсоф талош меварзад. Бинобар ин раванди мазкур, ки маҷрои муайяни худро дар самти шинохти асли фалсафаи хеш муайян накардааст ва моро зарӯр аст, ки истиқлолияти худро дар ин ҳолат чун гавҳараки чашм гиромӣ дошта, бар ивази ҷон ҳам бошад, ҳифз намоем. Чунки, он мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, рамзи асолату ҳуввият, шарти бақои давлат ва эътибори ҷаҳонии миллат мебошад.
Вобаста ба ин масъала, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин зикр намудаанд, ки «Ормони Истиқлол фарзандони мубориз, ватандӯст ва донишманди миллатро ҳамвора ба нигоҳ доштани ҳуввияти миллӣ, талқину таҳкими оини давлатдорӣ, таъмини пайванди ногусастании наслҳо ва ниҳоят ҳифзи Истиқлолияти Ватан ва пойдории тамаддуни аҷдодӣ раҳнамоӣ карда, дар давраҳои мушкили зиндагӣ ба онҳо нерӯву тавон бахшидааст».
Имрӯз масъалаи Истиқлолияти сиёсӣ дар шароити давлатдории навини тоҷикон аҳамияти муҳими илмию назариявӣ ва сиёсию амалиро касб намудааст. Тадқиқу таҳлил ва хулосагирӣ аз раванду ҳодисаҳо низоми оғози раванди Истиқлоли Тоҷикистон, монеаҳо ва нерӯҳои пешбар, тадқиқи амиқу ҳамаҷонибаи инкишофи он ба предмети махсуси илмҳои сиёсӣ табдил ёфтааст.
Масъалаҳои мухталифи Истиқлоли давлатӣ, бахусус масъалаҳои амалияи ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсиро Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди назари хоса қарор дода, муносибат ва самтҳои сиёсати минтақавию ҷаҳониро ташхис намудааст. Дар суханронҳо ва баромадҳояш чи дар дохили кишвар ва чи дар сафарҳои расмию мулоқотҳо дар хориҷи мамлакат, ба масъалаи асосию тақдирсоз - инкишофи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври махсус қайд намуда, роҳҳои асосию самараноктарини рушди онро ба таври возеҳ ва таҳлили амиқ нишон додааст.
Дар ин ҷода, мехоҳам таъкид намоям, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва расидан ба сулҳу Ваҳдати комили ҷомеа, имконият фароҳам гардидааст, ки бо диди амиқи илмӣ ба шинохти муҳимтарин арзишҳои давлатдории муосир рӯ оварда асосҳои бунёдии онро мукаммал намоем.
Воқеъан, имрӯз масъалаи ҳифзи истиқлолият, инчунин ба ҳайси унсури муҳимтарини давлатдории миллӣ дар зеҳни ҷавонон ҷой намудани ин арзиш, дарки воқеъии дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби шаҳрвандон, дарёфти механизмҳои муаррифии чунин дастовардҳо ба ҷаҳониён, шинохти Ваҳдат ҳамчун омили таҳкимбахши он, нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлатдории навин ва ҷойгоҳи ин шахсияти таърихӣ дар ҳалли мушкилоти минтақавию ҷаҳонӣ, масъалаҳои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар паҳлӯҳои мубрами масоили шинохти Истиқлолият мебошанд, ки дар назди мо истодаанд.
Мардуми шарифи Тоҷикистон хуб дарк мекунанд, ки истиқлолият ва озодӣ арзиши нахустин ва бисёр азизу муқаддас дар ҳаёти ҳар як шахси худогоҳу бонангу номус ва шарти муҳимтарини зиндагии шоистаи ҳар як фарди Ватан мебошад.
Бо изҳори ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи Шумо ҳозирини гиромиқадр ва дар симои Шумо мардуми шарафманди кишвар ва кулли ҳамватанонамонро ба ифтихори ҷашни озодиву соҳибихтиёрии Ватани маҳбубамон самимона табрику таҳният гуфта, ба хонадони ҳар яки Шумо хушбахтиву файзу баракат, саломативу сарбаландӣ ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи пойдор, ваҳдати миллӣ ва пешрафту ободӣ орзу менамоям. Ҷашни истиқлолият муборак бошад ҳамкасбони азиз!
Дар қисмати дигари чорабинӣ 17 нафар афсарон бо нишони ҷашнии сарисинагии “30 солагии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон”, 10 нафар курсантони фаъол бо Ифтихорномаи ташкилоти ҷамъиятии “Бародарони ҳамяроқ” ва 5 нафар афсарон-кормандони қисми ҳарбии будубоши курсантон бо Сипосномаи ин ташкилот сарфароз гардонида шуданд.
Дар қисмати интиҳоии чорабинии мазкур ба ҳудуди қисми ҳарбӣ дастаи ҳаваскорон ва ҳунармандон, инчунин оркестри нафасии 201-и пойгоҳи низомии Россия дар Тоҷикистон бо ҳунару маҳорати махсус баромад карда, табъи ҳозиринро шод намуданд ва барои курсантон хусусан фаромӯшнашаванда буд.
Ба тамоми бошандагони қисми ҳарбӣ зиёфати идона дода шуд.







































































































































































