ИСТИҚЛОЛИЯТ - ШИНОСНОМАИ МИЛЛАТ
(Табрикоти сардори Академияи ВКД Ҷумурии Тоҷикистон,д.и.ҳ.,
дотсент, генерал- майори милитсия Шарифзода Ф.Р.,бахшида ба таҷлили 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ)
Ҳамкасбони гиромиқадр!
Устодон ва шогирдони арҷманд!
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки мардуми соҳибхиради тоҷик ва Тоҷикистони биҳиштосои мо ин лаҳзаҳо дар остонаи 32-юмин солгарди Истиқлолияти хеш, ки бузургтарин ва муқаддастарин ҷашни миллиамон мебошад, қарор дорем.
Маҳз Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумонамонро ба роҳ монем.
Дар ин лаҳзаҳои идона Шумо собиқадорон, омӯзгорону шогирдон, ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ ва дар симои Шумо тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро ба ифтихори ин санаи тақдирсози миллат табрику таҳният гуфта, саломативу сарбаландӣ, рӯзгори обод ва иродаи шикастнопазирро орзу менамоям.
Албатта, Истиқлолият дар баробари ин, ки омолу орзӯи деринаи халқи мост, инчунин, лаҳзаи андеша ва масъулияти ҳар фарди сарзамини аҷдодӣ барои расидан ба қадри гузашта ва кору фаъолияти созанда барои имрӯзу ояндаи Ватани маҳбубамон мебошад.
Ҳамин ҳисси баланди масъулият дар назди гузашта ва имрӯзу ояндаи Ватан ва миллат ҳар яки моро водор месозад, ки ба хотири ободиву оромии кишвари азизамон бо тамоми ҳастӣ талош варзем, содиқона заҳмат кашем, дар ҳифзи манфиатҳои милливу давлатиамон доимо зираку ҳушёр бошем, то қарзи худро дар назди Ватан ва халқи Тоҷикистон ба таври сазовор иҷро намоем.
Бо дарки ин масъулияти бузург давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, хосатан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста талош доранд, ки пояҳои сиёсиву иқтисодӣ ва заминаҳои иҷтимоиву маънавии Истиқлолияти давлатиро тақвият бахшида, барои рушди бемайлони ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеаи кишвар шароити мусоид фароҳам созанд.
Яке аз муҳимтарин соҳае, ки дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат авлавият дошта, диққати махсуси Роҳбари давлатро ба худ ҷалб менамояд, соҳаи маориф ва илми кишвар мебошад.
Возеҳ аст, ки маориф ба ҳайси яке аз ниҳодҳои муҳимтарини иҷтимоӣ, таваҷҷуҳи рӯзафзуни ҷомеаи ҷаҳониро ба вуҷуд овардааст. Зеро, роҳи наҷот аз буҳрони фарҳангӣ, ки метавонад таъсири манфии хешро ба бор оварад, маҳз аз низоми мукаммал ва фарогири маориф вобастагӣ дорад.
Пешвои муаззами миллат, соҳаи маориф ва илмро самти афзалиятнок эълон карда, онро барҳақ омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат номидааст. Ба ҳамин далел Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушду инкишофи бемайлони маориф ва илм, сатҳу сифати донишомӯзии хонандагону донишҷӯён дар ҳама зинаҳои таҳсилот, сифати омода намудани кадрҳои баландихтисосу унвондор таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунанд.
Далели гуфтаҳои зикршуда, суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомамалӣ Раҳмон ба истиқболи Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ, ки санаи 1 сентябри соли равон сурат гирифт, мебошад.
Дар суханронии Роҳбари давлат таъкид гардид, ки: «Соли ҷорӣ барои соҳаи маориф 7,2 миллиард сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки нисбат ба соли 2022-юм 14 фоиз зиёд буда, қариб 19 фоизи буҷети солонаи давлатиро ташкил медиҳад».
Чунин нишондодҳои баланд, бори дигар собит месозанд, ки ҳалли масъалаҳои рушди соҳаи маориф ва илм, фароҳам овардани шароит барои таълиму тарбияи наслҳои ояндасози Ватан дар меҳвари сиёсати созандаи давлату Ҳукумат қарор доранд.
Ҳамзамон, хотирнишон намудан зарур аст, ки дар натиҷаи чунин заҳмату талошҳои шабонарӯзӣ, мо дар зарфи 32-соли Истиқлолияти давлатӣ ба як силсила дастовардҳои бунёдие ноил гардидем, ки сарнавишти минбаъдаи давлати соҳибистиқлоламон ба онҳо вобастагии мустақим доранд.
Муҳимтарин дастоварди мо дар ин давра таъмини сулҳу оромӣ, аз хатари нобудӣ наҷот додани давлатдории миллӣ ва аз парокандагӣ раҳо бахшидани миллатамон мебошад, ки дар ин ҷода талошу ҷонбозиҳои Пешвои муаззами миллат, мақоми шоиста доранд.
Дар ин рӯзҳои барои миллат тақдирсоз, мехоҳам аз садоқату самимият ва ҳисси баланди ватандӯстии кормандони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои амнияту субот ва таъмини ҳукумати Конститутсионӣ ҳаёти худро дареғ надошта, дар ин роҳи муқаддас ҷони хешро аз даст додаанд, ёдоварӣ намоем. Чунки, мактаби ҷавонмардие, ки аз онҳо барои имрӯзи фаъолияти насли ҷавони мақомот боқи мондааст, ибратомӯз мебошанд.
Боиси ифтихор аст, ки айни замон мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зери роҳбарии Вазири корҳои дохилӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, Хуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба як қатор дастоварду комёбиҳои касбӣ ноил гардида, ба як ниҳоди иқтидорманди таъминкунандаи тартиботу амният, суботи сиёсӣ ва такягоҳи боэътимоди Истиқлолият мубаддал гардидааст.
Ҳоло Тоҷикистони азизи мо дар роҳи бунёди давлатдории миллӣ, ки асосҳои бунёдӣ ва ҳуқуқии муосир дорад, қадамҳои устувор гузошта истодааст.
Дар вазъияти ошуфтаву бесуботи ҷаҳони муосир ва зиндагии фоҷеабори баъзе халқу миллатҳо ҳар як шаҳрванди огоҳи Тоҷикистон бо камоли шукргузорӣ дарк мекунанд, ки аз баракати сулҳу субот мо ба чӣ неъмати бузурге ноил гардидаем.
Дар ин лаҳзаҳо, ки ба ҷашни мубораки Истиқлолият омодагӣ мегирем, зикри ин дастовардҳои бунёдии давлат ва мардуми Тоҷикистон амри зарурӣ мебошад.
Зеро шиддатёбии бархӯрди манфиатҳои геополитикии қудратҳои ҷаҳонӣ, тамоюли дубора ба қутбҳои сиёсиву низомӣ ҷудо намудани олам, паҳншавии тафаккури харобиовари ифротгароӣ, қувватгирии фаъолияти ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ, суботу амнияти давлатҳои ҷаҳонро дар маҷмуъ ба таҳдиди ҷиддӣ рӯ ба рӯ намудааст.
Вобаста ба ин масъала, Сарвари давлат дар суханронии хеш, бахшида ба Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ, ки чанд рӯз қабл шоҳиди ироаи он будем, чунин таъкид намуданд: «…тайи даҳсолаҳои охир, яъне охири асри 20 ва оғози садсолаи 21-ум вазъи сайёра бар асари талоши абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон бисёр ҳассосу ноором гардид.
Хусусан, ҳодисаву воқеаҳои вақтҳои охир, аз ҷумла бархӯрди манфиатҳо, мухолифату низоъҳои сиёсиву низомӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, торафт возеҳ гардидани нишонаҳои «ҷанги сард» ва гузариши он ба «марҳалаи гарм» дар минтақаҳои гуногуни дунё, инчунин, тағйирёбии босуръати иқлими сайёра имрӯз ҳаёти инсониятро зери хатари ҷиддӣ қарор додаанд».
Чунин таъкидҳои Роҳбари давлат, моро водор менамояд, ки ба дарки моҳияти равандҳои имрӯзи ҷомеа расида, Истиқлолияту озодӣ ва тамомияти арзии кишвари маҳбуби хешро ҳифз намоем. Зеро, танҳо зиракии сиёсӣ, масъулиятшиносӣ, худогоҳии миллӣ ва садоқат ба касбу Савганд метавонад барои истодагарӣ намудан дар муқобили чунин вазъ мусоидат намояд.
Бо изҳори ҳамин ниятҳои нек, бори дигар ҳамаи Шумо омузгорону шогирдон ва дар симои Шумо кулли ҳамватанонамонро ба ифтихори ҷашни озодиву соҳибихтиёрии Ватани маҳбубамон самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки Шумо хушбахтиву файзу баракат, саломативу сарбаландӣ ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи пойдор, ваҳдати миллии ҷовидонӣ ва пешрафту ободии рӯзафзун орзӯ менамоям.
Рӯзи Истиқлолият муборак,
устодону шогирдони азиз!







































































































































































