Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Истиқлолият ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ

244

«Истиқлолияти давлатииТоҷикистон
натиҷаи кӯшишу талошҳои тӯлонии
халқи тоҷик дар роҳи пуршебу фарози
таърихи худ мебошад.Ҷунки андешаи
Истиқлолият ва талоши расидан ба
давлатдории худ дар зеҳни миллати мо
дар давоми беш аз ҳазор сол ҳамеша
зинда буд».
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон


5-уми сентябри соли 2023 дар Академияи ВКД Ҷумхурии Точикистон бо ибтикори кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, кафедраи давлатӣ-ҳуқуқӣ ва шуъбаи ташкили илмӣ ва табъу нашри Академия конфренсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Истиқлолият ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ» бахшида ба 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Точикистон баргузор гардид.241
Ҳамоиши илмиро бо сухани муқаддимавӣ сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Рахмоналӣ оғоз намуда, иштирокдорони чорабинӣ ва дар симои онҳо кулли кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва мардуми сарбаланди Тоҷикистонро ба ифтихори ин санаи тақдирсозу муқаддаси миллиамон табрику таҳният гуфта, ба онҳо сулҳу оромӣ, хушбахтиву иқболи нек таманно намуд. Аз ҷумла, сардори Академияи ВКД дар оғози кори конференсия, ҳамаи ҳайати меҳмонон, олимону муҳаққиқон, коршиносони соҳа ва омӯзгорону шогирдони гиромиқадрро хайрамақдам гуфта, бароятон барору комёбӣ таманно намуд.
242Сардори Академияи ВКД иброз дошт, ки: «Конференсияи илмӣ-назариявии имрӯза, ба яке аз масъалаҳои тақдирсози миллат - Истиқлолияти давлатӣ, ки тӯли ҳазорсолаҳо, ниёгони мо барои дастёб гардидан ба он талошҳо намуда, ҷони садҳо фарзандони диловару сарсупурдаи миллат дар ин роҳ аз даст рафтааст, бахшида мешавад. Албатта, дар таърихи навини давлатдории миллии мо тоҷикон Истиқлолияти сиёсӣ, бузургтарин дастовард мебошад, ки дар охири саддаи ХХ ба он шарафёб гардидем. Ҳоло бошад бахти баланди миллати тоҷик ва тоҷикистониён аст, ки дар фазои ороми сиёсӣ, сарфи назар аз мураккабиҳои ҷаҳони муосир 32-юмин солгарди Истиқлолияти хешро ботантана истиқбол менамояд. Ин ҷашни сарнавиштсоз дар шароите таҷлил мегардад, ки инсоният барои расидан ба ҳаёти осуда, таъмини сулҳу субот ва адолату инсоф талош меварзад. Бинобар ин раванди мазкур, ки маҷрои муайяни худро дар самти шинохти асли фалсафаи хеш муайян накардааст, моро зарур аст, ки Истиқлолияти худро дар ин ҳолат чун гавҳараки чашм гиромӣ дошта, бар ивази ҷон ҳам бошад, ҳифз намоем. Чунки, Истиқлолият мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, рамзи асолату ҳуввият, шарти бақои давлат ва эътибори ҷаҳонии миллат мебошад».243
Вобаста ба ин масъала, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин зикр намудаанд, ки «Ормони Истиқлол фарзандони мубориз, ватандӯст ва донишманди миллатро ҳамвора ба нигоҳ доштани ҳувияти миллӣ, талқину таҳкими оини давлатдорӣ, таъмини пайванди ногусастании наслҳо ва ниҳоят ҳифзи Истиқлолияти Ватан ва пойдории тамаддуни аҷдодӣ раҳнамоӣ карда, дар давраҳои мушкили зиндагӣ ба онҳо нерӯву тавон бахшидааст».
Модератори кори конференсия муовини сардори Академия оид ба илм, д.и.ҳ., дотсент, подполковники милитсия Раҳмадҷонзода Р.Р. интихоб гардид.
Дар кори конфренсия, олимону муҳаққиқон, коршиносон ва умуман намояндагони аҳли илму фарҳанги ҷумҳурӣ Давлатов Зубайдулло – сардори Раёсати таъмини иттилоотии Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо маърӯза дар мавзӯи «Дастовардҳои замони Истиқлол ва ҳифзи онҳо», Раҳмонзода Азимҷон – муовини аввали сардори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, н.и.т., бо маърӯза дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ», Зиёзода Нодир - ходими илмии шуъбаи масоили сиёсӣ ва равобити байналмилали Иститути фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, бо маърӯза дар мавзӯи «Истиқлолияти киберӣ», Азизуллозода Мақсуд - мудири бахши таълими Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо маърӯза дар мавзӯи «Истиқлолият неъмати бебаҳост», Шарипов Малик - муаллими калони кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарии Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., бо маърӯза дар мавзӯи «Факторы, негативно влияющие на расследование преступлений, совершаемых военнослужащими в период вооруженного конфликта в Республике Таджикистан», Самиев Назар - сардори шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия, бо маърӯза дар мавзӯи «Значение расследования нераскрытых преступлений прошлых лет в период независимого Таджикистана», Асламов Бозоралӣ - ходими калони илмии шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия, бо маърӯза дар мавзӯи «Экспансияи идеологӣ: исломгароии сиёсӣ барои манофеи геополитикӣ», Зиёратшозода Музафар - профессори кафедраи забонхои факултет и №2-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия бо маърӯза дар мавзӯи «Масоили актуалии таълими забони англисӣ дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои Истиқлолият», Муҳаммад Саъдӣ - сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД, н.и.с., дотсент, подполковники милитсия, дар мавзӯи «Заҳматҳои бегазанди Пешвои миллат дар замони Истиқлолият», Бойзода Ҷамшед - дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академи яи ВКД, полковники милитсия, дар мавзӯи «Пожарная охрана Таджикистана: история и современность», Самиъзода Бахтиёр - дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД, подполковники милитсия, бо маърӯза дар мавзӯи «Ормони истиқлолиятхоҳӣ дар масири таърих», Султонзода Вамариҷ – муаллими калонии кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД, майори милитсия, бо маърӯза дар мавзӯи «Нақши ҷавонон дар замони Истиқлолияти давлатӣ», Абдулҳайзода Саҳбо – муаллими кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД, капитани милитсия, маърӯза дар мавзӯи «Нақши милитсия тоҷик дар таҳкими Иситқлолияти давлатӣ», Одинаев Самеъҷон – муаллими кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД, лейтенанти милитсия, бо маърӯза дар мавзӯи «Рушди иқтисоди миллӣ дар замони Истиқлоли давлатӣ» ва дигар меҳмонон ширкат варзида, бо забонхои тоҷикӣ ва русӣ баромад намуданд.
Дар суханронӣ ва баромадҳои маърузачиён қайд гардид, ки Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки миллати сарбаланди тоҷик ҳамеша баҳри пойдорӣ ва бақои чунин неъматҳо кушиш ба харҷ додаст. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки дар раванди ҷаҳонишавии муносибатҳои ҷамъиятӣ, моро ҳарчи бештар зарурат пеш меояд, ки атрофи андешаҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, баҳри нигоҳдошти арзишҳои милливу давлатӣ ҳамеша устувор бошем.
Вобаста ба амалишавии қарор ва натиҷаҳои кори конфронси ҷумҳуриявӣ бошад, зикр карда шуд, ки маърӯза ва пешниҳодоти ироагардидаро зарур аст, ки тавассути маҷаллаи илмии “Осори Академия”, ҳафтаномаи «Қонун ва ҷомеа», нашрияи «Набзи милитсия», васоити электронии ахборӣ дарҷ намуда, дар раванди таълим низ ба таври васеъ мавриди истифода қарор дода шавад.
Дар фарҷоми кори конференсия барномаи фарҳангии корманд-ҳаваскорони Академия намоиш дода шуд, ки боиси болидахотирии иштирокчиёни он гардид.
Асламов Б.С., Бойзода Ҷ.Ҷ., Одиназода С.Р.

 





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...