Тамошои дастаҷамъонаи мулоқоти Пешвои муаззами миллат бахшида ба рӯзи Дониш ва дарси Сулҳ

Ҳамасола рӯзи якуми сентябр дар ҳамаи муассисаҳои олии кишвар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ ҷашн гирифта мешавад. Имсол якуми сентябр Рӯзи дониш ва дарси сулҳ бо иштирок ва суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара доир гардид.
Дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, тамошои дастаҷамъонаи мулоқоти Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли маориф бахшида рӯзи Дониш ва дарси Сулҳ, ки дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон баргузор гардид, ташкил ва гузаронида шуд.
Дар мулоқот Пешвои миллат ба масъалаи таълиму тарбияи насли наврас, интихоби дурусти касб, забондонӣ ва дараҷаи тахассуси омӯзгорон таваҷуҳи хос зоҳир намуда, дастурҳои мушаххас доданд. Роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои Пешвои миллатро ба инобат гирифта, тасмим гирифтанд, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таълими курсантон тадбирҳои алоҳидаи иловагӣ андешанд.
Тамошои мулоқоти Пешвои миллат дар Академияи ВКД дар руҳияи баланди ватандӯстӣ ва истиқболи сазовори 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ гузаронида шуд.
Асламов Б., Убайдуллоев Ш., Сафарзода С.







































































































































































