Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ташрифи сардори Академияи ВКД аз ҷамъомади таълимӣ-саҳроии курсантон

668

22-юми августи соли 2023 сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ аз рафти корҳо ва ҷараёни ҷамъомади таълимӣ-саҳроии курсантон, ки дар назди қисми ҳарбии РҚД ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 август оғоз шуда, сипарӣ шуда истодааст, дидан намуд.669
Бояд қайд намуд, ки беш аз 400 нафар курсантон бо ҳамроҳии афсарону омӯзгорони Академияи ВКД дар шароити кӯҳӣ-саҳроӣ муддати 40 шабонарӯз аз ин машқҳои таълимӣ бархурдор хоҳанд буд. Гузаронидани ин ҷамъомади таълимӣ-саҳроӣ аз рӯзи аввал дар зери назорати бевоситаи сардори Академияи ВКД қарор дорад.
670Дар ин рӯз сардори Академияи ВКД аз тамоми самти чорабиниҳо дар бошишгоҳ дидан намуда дар ҷамъомади умумии бошишгоҳ дастуру супоришҳо дод. Аз ҷумла, дар баромади хеш дар мавриди моҳият, мазмун, мақсаду ҳадафи ҷамъомади таълимӣ сухан ронда афсарону курсантонро ба он водор намуд, ки ҳар яке дар иҷрои вазифаю уҳдадориҳои хизматии худ масъулиятнок буда, баҳри иҷрои бечунучарои ҷамъомади таълимӣ-саҳроӣ қувва, ҳунару маҳорат ва тамоми имкониятҳои мавҷударо истифода баранд, то дар ниҳояти кор дастовардҳо хубу гуворо бошанд.671
Тамоми мушкилиҳои имрӯз гузаранда мебошанд ва самаранокии фаъолиятҳоямон аз масъулиятнокии ҳар яки мо вобаста буда, пуртоқатӣ, тобоварӣ ва мутобиқатии моро дар иҷрои вазифаҳои гузошташуда тақозо дорад.
Генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. оид ба риояи интизоми ҳарбӣ, Оинномаи Академияи ВКД, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳо, эҳтироми волидайн, иҷро кардани қарзи фарзандӣ, дӯстию бародарӣ ва рафоқати курсантон, виҷдони поку садоқат ба маслаки интихобкарда ва оиди зиндагӣ, кор, вазъи замони муосир суҳбат намуда, ба ҳайати афсарон супоришҳои мушаххас дод.
Дар рафти дидорбинӣ, сардори Академияи ВКД инчунин бо курсантони ятими кулл: Узбеков Абдуҷаббор Абдулманонович, Ҳакимов Ҳакимҷон Каримович, Мирзоев Ҷаҳонгир Мардонович, Холмуродов Имомалӣ Султонмуродович, Ибодзода Абузубайди Раҷаб, Ахмедов Лазизбек Умедбекович, фарзандони кормандони ҳалокгашта Баротов Иброҳим Нематович, Бобомуродзода Бежан Баҳодур, Муродзода Адиб Мирзошо, Содиқов Аминҷон Сайфуллоевич, Давлатзода Зафар Дурандеш, Шовализода Искандар Шуҳрат, Камолов Некрӯз Салоҳиддинович ва курсантон Яҳёев Ҳизбулло Шамсуллоевич, Шарипов Холис Шоҳриддинович, Улуқов Субҳиллоҷон Бобоҷонович аз шаҳри Исфара, ҷамоати Ворух сӯҳбатҳои озоду самимӣ намуда аз ҳолу аҳвол ва рафти хизматашон аз наздик шинос гашт.
Ҳангоми ташриф аз шароитҳои ошхона, хӯрокхӯрии курсантон, маҳсулоти ғизоӣ, ҳолатҳои гигиению маишии курсантон огоҳ шуда, ба масъулини самтҳо дастуру супоришҳои мушаххас ва муфассал дода шуд.





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...