Ташрифи намояндагони САҲА ба Академияи ВКД

23-юми августи соли ҷорӣ ба Академияи ВКД намояндагони Барномаи САҲА дар шаҳри Душанбе Игар Кузминич – мушовири ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Маҳмадиев Ҳ.Х. – афсари миллӣ оид ба алоқа бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Абдуллоев Б. - афсари миллӣ оид ба ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ташриф оварданд. Меҳмононро сардори Академияи ВКД, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р., инчунин муовини сардор оид ба илм, д.и.ҳ., дотсент, подполковники милитсия Р.Р. Раҳмадҷонзода ва сардори ШТИ ва ТН, н.и.ҳ., майори милитсия С.З. Заробидинзода пешвоз гирифтанд.
Мақсади ташриф ба Академияи ВКД баррасии масъалаҳои ҳамкориҳои оянда ҷиҳати амалӣ намудани чорабиниҳои муштарак, инчунин аз наздик пайдо намудани шиносоӣ оид ба самти маориф ва илм, тайёр намудани мутахассисон барои мақомоти корҳои дохилии ҷумҳурӣ буд.
Сардори Академияи ВКД, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. мухтасар дар бораи таърих, ташаккул, инкишоф ва вазъияти муосири Академияи ВКД сухан ронд. Инчунин қайд намуд, ки мақсаднокии асосии фаъолияти байналмилалии Академияи ВКД – ин баланд бардоштани сифати маълумот дар асоси ҳамкорӣ бо иттиҳоди академикии байналмилалӣ ба воситаи инкишофи барномаҳои таълимии муқоисашуда бо стандарти байналмилалӣ, истифодаи навоварии педагогӣ ва технологияҳои иттилоотӣ, иштирок дар лоиҳаҳои байналмилалии илмӣ-таълимӣ мебошанд. Барои ҳамин Академияи ВКД Тоҷикистон дар оянда низ инкишоф ва мустаҳкам гардонидани ин соҳаи фаъолиятро ба нақша мегирад.Зимни сухани навбатӣ ҷаноби Игар Кузминич ба фаъолияти Барномаи САҲА дар ш. Душанбе равшанӣ андохта, қайд намуд, ки мақсади мулоқоти имрӯза ин такмил додани ҳамкориҳои мавҷудбуда ва муайян намудани нақшаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои муштарак мебошад. Зеро вазифаи асосии САҲА – таъмини шароити муҳайё барои ҳамкории минбаъдаи устувор мебошад.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳо барои муҳокима гузошта шуданд:
- ҳамкориҳои оянда оид ба амалӣ намудани чорабиниҳои муштарак дар самти таълим ва илм,
- мубодилаи андеша ва таассурот доир ба вохурӣ.
Роҳҳои мусбии дигаргунӣ дар муносибатҳо қайд гардиданд.
Баъди хотимаи вохӯрӣ аз номи Академия ба меҳмонон туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.
Дар анҷоми ташриф меҳмонон аз пешвозгирии самимӣ ва суҳбатҳои хотирмон изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кардаанд, ки тамоми кушишу ғайрати хешро дар самти тақвияти ҳарчи бештари ҳамкориҳои дуҷониба бо Вазорати корҳои дохилӣ, алалхусус Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон сарф хоҳанд кард.







































































































































































