Вохӯрии сардори Академияи ВКД бо довталабон
Шароити таълиму тадрис дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат беҳтар гардида, сол то сол сафи донишомӯзон меафзояд. Дар ин радиф, таваҷҷуҳ ба Академияи ВКД низ бештар гардида, довталабони зиёде пас аз хатми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ин муассисаи таълимиро интихоб менамоянд ва мехоҳанд, ки дар оянда соҳиби номи пуршарафи курсант ва сипас, корманди мақомоти корҳои дохилӣ гарданд, - иброз дошт сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ зимни вохȳрӣ бо довталабон ки рӯзи 4-уми июли соли равон доир гардид.
Мавсуф дар идома афзуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбияи насли наврас ва ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Ҷавононро қувваи пешбарандаи ҷомеа ҳисобида, тамоми шароити заруриро барои онҳо муҳайё сохтаанд.
Ҳамзамон, чун пешбарандаи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат, Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро низ дар вохӯриҳояш бо ҷавонон иброз менамояд, ки онҳо таҷриба, малака ва маҳорати насли калонсолро омȳхта, дар ҳаёти ҷамъиятӣ татбиқ созанд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ ба тамоми довталабон барои супоридани имтиҳонҳои дарпешистода муваффақиятҳои беназирро таманно намуд.
Сафарзода С.Н., Сафаров О.







































































































































































