Як зумра афсарони ҷавон Факултети №4 Академияи Вазорати корҳои дохилиро хатм намуданд

«Кормандони милитсия, пеш аз ҳама, бояд интизоми оҳанин, савияи баланди касбӣ, маърифати баланди шаҳрвандӣ ва эҳсоси нерӯманди, ватандӯстӣ дошта бошанд, меъёрҳои қонуну тартиботро хуб донанд ва риоя намоянд». Эмомалӣ Раҳмон
Ба муносибати хатми афсарони ҷавон дар Факултети № 4 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 июни соли ҷорӣ маросими идона баргузор гардид.
Чорабинӣ бо иштироки сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р., сардори Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Навҷувонов А.Ш., сардори қисми низомии 35/01 подполковник Халилзода Б., собиқадорон, волидайну пайвандони хаткунандагон, роҳбарият ва ҳайати шахсии Факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Маросими бошукӯҳи ҷашнӣ, ба муносибати хатми навбатии афсарони ҷавони ин муассисаи олии таълимӣ, чун ойини доимии низомиён бо ворид намудани Байрақи Академия ба майдони баргузории чорабинӣ ва баъд аз садо додани Суруди миллӣ шурӯъ гардид.
Чорабинии мазкурро сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон д.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р., ҳусни оғоз бахшида, зимни иродаи таманниёти табрикӣ ба хатмкунандагон иброз намуд, ки хатми бомуваффақияти ин муассисаи бонуфузи таълимӣ мояи ифтихор аст. Ҳамзамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои сулҳу субот ва созандагию ободкорӣ машғул ҳастанд, ки шумоён хатмкунандагон дар оянда кору фаъолият бурда, бо як ҳисси миллии ватанпарастӣ барои Сарвари давлати худ, барои Ватани азизи худ саҳми худро гузоред.
Сардори АВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми хатмкунандагони Факултети №4-ро табрик гуфта, барояшон роҳи сафед, хизматҳои бобарор, рӯзгори обод, саломативу хушбахтӣ ва садоқату самимиятро орзу намуд.
Дар рафти чорабинӣ сардори РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, генерал-майори милитсия Навҷувонов А.Ш., ҳамаи хатмкунандагони Факултети №4 АВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро самимона табрик намуда, барояшон муваффақият ва дар фаъолияти хизматиашон бурдбориҳо орзу кард.
Сардори РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд иброз дошт, ки боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки Шумо аз хушбахтарин нафароне мебошед, ки ин даргоҳи илму маърифатро хатм мекунед. Умед дорем, ки оянда барои халқу Ватани худ хизмати содиқонаву софдилона хоҳед кард.
Ҳамчунин аз тарафи муовини сардори Факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., майори милитсия Одиназода И.А., фармони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба додани рутбаҳои махсуси аввалин ва рақамҳои шахсӣ ба хатмкунандагони факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон» қироат гардид, ки ба 1 нафар рутбаи лейтенанти калони милитсия, 100-нафар рутбаи лейтенанти милитсия, ба 3-нафар рутбаи лейтенанти хурди милитсия, ба 22-нафар рутбаи лейтенанти хизмати дохилӣ ва 1 нафар рутбаи лейтенанти хурди хизмати дохилӣ дода шуд.
Дар ҷарёни чорабинии мазкур аз ҷониби сардори АВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р., сардори Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Навҷувонов А.Ш., ва ҳайати профессорону омӯзгорон ба хамкунандагон дар фазои тантанавӣ димпломҳо супорида шуданд.
Инчунин дар охир ба афсарони ҷавон аз ҷониби волидайни хатмкунандагон табрикотҳо расонида шуда ва миннатдории хешро ба роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистион баён намуданд.
Қобили зикр аст, ки дар соли таҳсили 2022-2023, 127 нафар хатмкунандагони Факултети №4 соҳиби маълумоти олии касбӣ аз рӯи 2 ихтисос гардиданд.
Қисми ҷамбастии чорабинӣ бо гузаштани марши тантанавии ҳайати шахсӣ ба анҷом расид.
Дар хотима аксбардории хатмкунандагон бо роҳбарият дар саҳни Факултети №4 сурат гирифт.







































































































































































