Ташрифи ҳайати олирутбаи низомии Нерӯи мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Академияи Вазорати корҳои дохилӣ
14 июни соли 2023 ба Академияи ВКД ташрифи меҳмонони олирутбаи низомии Нерӯи Мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти роҳбарии генерал-майори ситод Муҳаммадҳасан Боқирӣ ба Академияи Вазорати корхои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Роҳбари меҳмонони олирутба Муҳаммадҳасан Боқирӣ - Муовини тарбият ва омӯзиши Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон, генерал-майори ситод буд.
Дар Академияи ВКД Ҷумхурии Тоҷикистон меҳмононро бо расму одати хуби тоҷикона ва руҳияи баланди меҳмондорӣ пешвоз гирифта шуданд. Нахуст, муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон н.и.ҳ., полковники милитсия Ализода А.Ш. оид ба қабули меҳмонон, ба хусус, муовини тарбият ва омӯзиши Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон, генерал-майори ситод Муҳаммадҳасан Боқирӣ ва муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Раҳмонзода С.Ҳ. гузориш дод.Сипас, Ализода А.Ш. роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳайати олирутбаи низомии Нерӯи мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон шинос намуд. Баъдан бо чашидани нону асал ва қироати шеър аз ҷониби курсантон, меҳмонони олиқадр самимона истиқбол гирифта шуданд.
Баъдан меҳмонон ба бинои факултети № 6-уми Академия раҳсипор гардиданд. Баъд аз он меҳмонон ба толори Шӯрои олимон ташриф оварданд, ва аз ҷониби муовини аввали сардори Академияи ВКД, полковники милитсия А.Ш. Ализода сухан ба муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Раҳмонзода С.Ҳ. дода шуд.
Дар баромади худ С.Ҳ. Раҳмонзода қайд намуд, ки робитаҳои дӯстона ва муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳануз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, то ба имрӯз зиёда аз 180 санадҳои ҳамкорӣ дар самтҳои илму маориф, сиёсат, иқтисод, фарҳанг ва ғайра ба имзо расонида шудааст ва дар доираи онҳо ҳамкориҳои ду кишвар сурат мегиранд.
Дар ин робита, зимни сафари Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. ба Ҷумҳурии Исломии Эрон дар моҳи майи соли 2021 ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани бандҳои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тартиботи ҳуқуқӣ ва таҳкими амният аз 10 сентябри соли 2014, Гурӯҳи кории муштараки амниятӣ таъсис дода шудавад.
Дар охир муовини Вазири корҳои дохилӣ, генерал-майори милитсия Раҳмонзода С.Ҳ. иброз намуд, ки саъю кӯшишҳои ду кишвар дар ҳалли он масъалаҳое, ки дар назди мақомоти ҳамзабону ҳамфарҳанг меистад, самараи хуб ба бор оварда, барои фаъолияти минбаъда дар мубориза бо ҷинояткорӣ, амалу кирдорҳои номатлуб, хатарҳои ба ҷаҳони мутамаддин таҳдидкунанда, аз ҷумла, терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ мусоидат менамояд.
Муовини тарбият ва омӯзиши Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон, генерал-майори ситод Муҳаммадҳасан Боқирӣ дар суханронии хеш нахуст минатдории худро барои қабули гарму самимӣ изҳор намуд. Ӯ зикр кард, ки воқеан Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати зебогии хиёбонҳо ва биноҳо хеле рушд карда, назму низом ба таври муътадил ҷорӣ мебошад. Ҳамаи ин пешравиҳои кишвари Тоҷикистон ва расидан ба амну оромӣ аз хизматҳои шоён ва иродаи қавии Ҷаноби олӣ, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон вобастагии калон доранд. Ҳамчунин ӯ зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар як пайкар қарор доранд. Аз ин лиҳоз моро мебояд дустӣ ва ҳамкории тарафайнро тақвият бахшем, чун Ҷумхурии Исломии Эрон ҳамеша омодааст, кӯмаки худро дареғ надорад. Аз ин хотир, моро мебояд аз таҷрибаи ҳамдигар дар соҳаҳои гуногун барои боз ҳам бештар рушду нумуъ намудани давлатҳоямон ба таври васеъ истифода намоем.
Баъд аз баромади ҷаноби Муҳаммадҳасан Боқирӣ муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия А.Ш. Ализода бори дигар меҳмоноро хайрамақдам намуда, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.
Сипас меҳмонон аз Осорхонаи Академияи ВКД шиносоӣ пайдо карданд. Дар Осорхона меҳмононро бо муқаддасоти миллӣ шинос намуда, ба онҳо гӯшаи асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ карда шуд. Инчунин, аз гӯшаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон д.и.ҳ., дотсент, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, аъзои ҳақиқии Академияи илмҳои умумиҷаҳонии амнияти дастаҷамъӣ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. дидан намуда, ба асарҳои аз ҷониби ӯ таҳияшуда шиносоӣ пайдо намуданд. Ҳамзамон, ба китоби фахрӣ барои хотира аз ҷониби Муҳаммадҳасан Боқирӣ - муовини тарбият ва омӯзиши Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон, генерал-майори ситод соядаст гузошта шуд.
Сипас, ҳайати меҳмонон дар майдончаи сафороӣ бо тамошои машқу тамрини курсантон, аз ҷумла, ба қисмҳо ҷудо ва васл намудани тапончаи Макаров ва автомати Калашников машғул гардида, дидан намуданд. Баъд аз он, аз фаъолияти Маркази тестии Академияи ВКД шинос шуданд.
Дар охир ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки ҳамкориҳои судмандро дар самти табоддули таҷриба густариш бахшанд.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр







































































































































































