Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо хатмкунандагони Академияи ВКД

967

13-уми июни соли равон Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар маҷлисгоҳи Академияи ВКД бо хатмкунандагони факултетҳои №2, 5 ва 6-и ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ вохӯрии судманд доир намуд.968
Вазири корҳои дохилӣ хатмкунандагони ин боргоҳи илму донишро барои бомуваффақият супоридани имтиҳонҳои давлатӣ ва таъйин гардидан ба вазифаҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ самимона муборакбод намуда, ба онҳо дар фаъолияти минбаъдаашон барору муваффақиятҳо таманно кард.
Дар рафти вохӯрӣ зикр гардид, ки сиёсати Роҳбари давлат махсусан ба ҷавонон нигаронида шудааст, бинобар ин кору фаъолияти кормандони ҷавон аз рӯзҳои аввал дар сафҳои мақомоти корҳои дохилӣ таҳти назорати доимии роҳбарияти ВКД ва ҷузъу томҳои он қарор мегирад.
Дар хотима изҳори боварӣ карда шуд, ки хатмкунандагон ҳамчун ҳомиёни содиқи давлату миллат донишҳои назариявии худро дар амал татбиқ намуда, обурӯ ва манзалати милитсияро дар ҷомеа боз ҳам баланд мебардоранд.





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...