Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими тантанавии хатмкунандагони Академия

969

Рӯзи 13-июни соли ҷорӣ дар арафаи Иди ваҳдати миллӣ дар майдони сафороии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Раҳмонзода С.Ҳ., роҳбарияти Академияи ВКД, меҳмонони собиқадор, волидайни курсантон маросими хатмкунандагони соли 2023 баргузор гардид.173
Майдони сафороии Акдемияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон идона оро дода шуда, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон парафшон буд. Маросим бо садо додани Суруди миллии Тоҷикистон оғоз шуда, муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Раҳмонзода С.Ҳ. тамоми ҳайати шахсии Академия бахусус хатмкунандагонро бо ин рӯзи фархунда аз номи Вазири корҳои дохилӣ табрику муборакбод намуда, иброз дошт, ки рӯз аз рӯз ғамхориҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати кормандони милитсия афзуда истодааст ва барои хизмати содиқона ба Ватан ба хатмкунандагон комёбиҳо орзу намуд.
971Сардори Академия д.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. низ бо нутки пурмуҳтавои табрикӣ баромад карда, аз номи роҳбарият ва омӯзгорон тамоми хатмкунандагонро барои хатми бомуваффақияти Академия табрику таҳният гуфта, ба онҳо баҳри хизмати софдилона дар сафҳои мақомоти корҳои дохилӣ бурдбориҳои на ба нав орзу намуд.972
Ба майдони сафороӣ Парчами Академия ворид шуда, хатмкунандагон дар вазъи тантанавӣ дипломҳои Академия, бо нишони сарисинагӣ ва рутбаҳои аввлини лейтенанти калони милитсия (барои аълочиён) ва лейтенанти милитсия сарфароз гардонида шуданд. Хатмкунандагон дар вазъияти тантанавӣ бо Парчами Академия хайру хуш намуданд.
Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э. С.Сафарзода





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...