Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи 14-уми Ассотсиатсияи муассисаҳои таҳсилоти олии ВКД/Политсияи давлатҳои аъзои ИДМ

125

Мутобиқи қарори Маҷлиси умумии Ассотсиатсияи муассисаҳои таҳсилоти олии ВКД/Политсияи давлатҳои аъзои ИДМ оид ба тайёр намудан, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси ҳайати роҳбарикунандаи милитсия (политсия), ки 15 декабри соли 2022 дар ш. Ереван (Арманистон) баргузор гардид, инчунин дар асоси банди 2-и боби 1-и Нақшаи кори Ассотсиатсия барои соли 2023, таърихи рӯзи 25 майи соли 2023 дар заминаи Академияи ВКД ҶТ ҷаласаи 14-уми рохбарони мактабхои олии аъзоёни Ассотсиатсияи мазкур барпо гардид. Ҷаласа дар шакли иштироки бевосита/маҷозӣ баргузор гардид ва алоқаи видеоӣ дар платформаи ZOOM амалӣ карда шуд.126
Дар ҷаласа роҳбарони Комплекси таълимии ВКД Ҷумҳурии Арманистон, Академияи ВКД Ҷумҳурии Белоруссия, Донишкадаи ВКД Ҷумҳурии Белоруссия дар ш. Могилёв, Академияи ВКД Ҷумҳурии Қазоқистон ба номи. М. Есбулатови дар ш. Алмаато, Академияи ВКД Ҷумҳурии Қазоқистон ба номи М. Б.Бейсенови дар ш. Караганда, Академияи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Қазоқистон, Академияи ВКД Ҷумҳурии Қирғизистон ба номи генерал-майори милитсия Е.А. Алиев, Академияи идоракунии ВКД Россия, Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи ВКД Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Донишкадаи такмили ихтисоси ВКД Ҷумҳурии Узбекистон иштирок намуданд.
127Дар рафти ҷаласа масъалаҳои марбут ба ҷанбаҳои ташкилии фаъолияти Ассотсиатсия оид ба таҳкими ҳамкории аъзои он дар самти баланд бардоштани самаранокии таълими идоравии кишварҳои узви ИДМ баррасӣ шуданд.128
Иштироккунандагони ҷаласа дар мисоли тачрибаи Академияи ВКД Ҷумҳурии Қазоқистон ба номи М. Есбулатови ш. Алмато шиносоӣ пайдо намуданд. Зимнан зикр гардид, ки дар шароити ислоҳоти низоми таҳсилоти миллӣ ва таълими касбӣ, таҳияи маводи нави таълимӣ дар ин замина, ташкили бозомӯзии омӯзгорон чи дар дохили кишвар ва чи дар хориҷи кишвар, азхуд намудани таҷрибаи мусбат ба ҳамгироии таҳсилоти умумие, ки ба Консепсияи ташаккули фазои ягонаи таълимии ИДМ мувофик мебошад, мусоидат хоҳад кард. Аз ин рӯ, ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимии ВКД/Политсияи давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаи тайёр намудани кадрҳои касбӣ имрӯз аҳаммияти бештар пайдо карда истодааст.
129Дар рафти ҷаласа масъалаи технологияҳои рақамии истифодашаванда дар мисоли Академияи ВКД Ҷумҳурии Қазоқистон дар ш. Караганда баррасӣ шуд. Зимни баррасии ин масъала таъкид шуд, ки ба омӯзиши фанновариҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир кардан зарур аст, зеро олами ҷиноятӣ муносибати худро ба содир кардани ҷиноятҳо дигар кардааст. Ҷиноятҳои иттилоотӣ фаъолона инкишоф ёфта, хусусияти фаромиллӣ доранд, хусусияти виртуалии онҳо боиси таъхири зиёд мегардад. Аммо сатҳи дониши имрӯзаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ин самт на ҳама вақт ба талаботи замон ҷавобгӯ мебошад. Аз ин рӯ, бояд таҷрибаи муассисаҳои таълимии ВКД/Политсияи давлатҳои аъзои Иттиҳод дар ин самт фаъолона паҳн карда шавад.
Зимни вохӯрӣ ҳамчунин масъалаҳои густариши ҳудуди Ассотсиатсия ва қабули аъзову мушоҳидони нав ба ҳайати он баррасӣ шуданд, зеро огоҳӣ аз арзишҳои умумӣ ва мансубият ба фазои ягонаи иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ, ҷустуҷӯи роҳҳои ҳамоҳангсозии бештари хамкорй дар сохаи тайёр намудани кадрхои касбй барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқии давлатхои аъзои ИДМ, мусоидат мекунад.130
Иштирокчиёни ҷаласаи 14-уми Ассотсиатсия бо мақсади боз ҳам бехтар намудани ҳамкорй дар соҳаи тайёр намудани кадрҳои роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилй чунин шуморид:
1. Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба узвияти доимӣ ва ҳақиқии Ассотсиатсия қабул карда шавад.
2. Академияи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Қазоқистон ба сифати мушоҳид қабул карда шавад.
3. Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Узбекистон ба сифати мушоҳид қабул карда шавад.
4. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои илмӣ ва намояндагӣ дар шакли конференсияҳо, семинарҳо, мизҳои мудаввар, лексияҳо, вохӯриҳои гурӯҳҳои корӣ ва гурӯҳҳои муаллифон ҷиҳати омода намудани тадқиқоти муштараки илмӣ технологияҳои муосири иттилоотӣ-коммуникатсионӣ таҳия, қабул ва фаъолона истифода бурда шаванд.
5. Маълумоти рохбарони мактабҳои олии аъзои Ассотсиатсия оид ба масъалаҳои актуалии тайёр намудани кадрҳои касбӣ, шаклу усулҳои афзалиятноки ҳамкории мутақобила, ки ба баланд бардоштани сифат ва такмили раванди таълим ва такмили ихтисос нигаронида шудаанд, ба назар гирифта шавад.
6. Кор оид ба гузарондани таҳқиқоти якҷояи илмй оид ба масъалаҳои муҳиммтарини фаъолияти ҳуқуқӣ пурзӯр карда шавад.
7. Пешниҳод оид ба баррасии ғойибонаи баррасӣ ва қабули ҳисобот ва нақшаи Ассотсиатсия барои соли 2023 ва тасдиқи нақшаи корӣ барои соли 2024 дар моҳи декабри соли 2023 тасдиқ карда шавад.
8. Ҷойи баргузории ҷаласаи навбатии аъзои Ассотсиатсия Академияи идоракунии Вазорати корҳои дохилии Россияро интихоб намуда, вақти баргузории он ба моҳи сентябри соли 2024 қабул карда шавад.Бо ҳамин ҷаласаи 14-умини Ассотсиатсия пӯшида эълон гардида шуд.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...