Семинари илмӣ-назариявӣ бахшида ба ҷашни Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ
5-уми майи соли 2023 бо ибтикори кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 78-умин солгарди Ҷанги Бузурги Ватанӣ семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Ҳифзи хотира ва нақши фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини Рӯзи Ғалаба бар фашизм ҳамчунин асоси тарбияи ҳарбӣ-ватандустӣ» баргузор гардид.
Дар ин ҷамъомад роҳбарияти Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, ҷанговарони башардӯст, собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ, курсантон ва меҳмонон ширкат варзиданд.
Нахуст сардори Академияи Вазорати корхои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.ҳ. дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф. Р., баромад намуда, қайд кард, ки дар ин ҷанги хонумонсӯз дар баробари дигар халқу миллатҳо, ҳамватанони мо низ фаъолона иштирок карда, аз худ қаҳрамонию далерӣ нишон додаанд. Боиси ифтихор номида шуд, ки дар миёни онҳо, буданд нафароне, ки бо баландтарин нишону орденҳо қадрдонӣ карда шудаанд.
Дар кори семинари илмӣ-назариявӣ устодон ва омӯзгорони зерин баромад намуданд. Бобохонов М. – профессори кафедраи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, д.и.т., профессор, дар мавзӯи «Корнамоиҳои ҷангии фиристодагони Тоҷикистон дар набардҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ». Асламов Б.С. – ходими калони илмии шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия дар мавзӯи «Саҳми милитсияи тоҷик дар ҶБВ ва солҳои баъдиҷангӣ». Самиев Н. М. – сардори шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и. ҳ., дотсент, полковники милитсия дар мавзӯи «Великая Отечественная в памяти потомков войны». Муҳаммад С. А.– сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н. и. с., дотсент, подполковники милитсия, дар мавзӯи «Корнамоии ҷангии кормандони милитсияи Тоҷикистон дар набардҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ҳамчун намунаи тарбияи ватандустӣ». Бойзода Ҷ.Ҷ. – дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, полковники милитсия, дар мавзӯи «Фиристодагони мақомоти сӯхторнишонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сангарҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945». Самиъзода Б.С.– дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия, дар мавзӯи «Хусусиятҳои хоси фаъолияти милитсияи Тоҷикистон дар солҳои ҶБВ». Султонзода В. И. – муаллими калони кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия, дар мавзӯи «Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)». Саидзода М. – муаллими кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия, дар мавзӯи «Сабақҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945)». Одинаев С. – муаллими кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ Академияи ВКД, лейтенанти милитсия дар мавзӯи «Ман Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар». Рабиев С.В. - курсанти курси 1-юми факултети №2 Академияи ВКД, дар мавзӯи «Қаҳрамонии фиристодагони Тоҷикистон дар фронтҳои ҷангии Ҷанги Бузурги Ватанӣ». Худоназарова П.Ф. - курсанти курси 1-уми факултети №2 Академияи ВКД, дар мавзӯи «Фарҳанги Тоҷикистон дар солхои Ҷанги Бузурги Ватанӣ». Исмоилов А. - курсанти курси 1-уми факултети №6 Академияи ВКД, дар мавзӯи «Вклад сотрудников таджикской милиции в победе в Великой Отечественной войне». Шарипов Ш. - курсанти курси 1-уми факултети №6 Академияи ВКД, стихотворение Владимира Харитонова «День Победы». Мегеррамов А. - курсанти курси 1-уми факултети №6 Академияи ВКД, стихотворение Константина Симонова «День Победы».
Дар анҷоми семинари илмӣ-назариявӣ муовини сардори Академия оид ба илм, н.и.ҳ., дотсент, подполковники милитсия Раҳмадҷонзода Р.Р., баромад намуда, ҳамаи иштирокчиён ва меҳмононро ба ин ҷашни муқаддас табрику таҳният намуд.
Султонзода Вамариҷ Иброҳим, омӯзгори калони кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия.







































































































































































