Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ СИФАТИ ДОНИШ, ТАЪЛИМ ВА ТАРБИЯ МАРОМИ АСОСИИ ВОХӮРӢ БУД

942

Дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 26 апрел бо иштироки роҳбарияти Академия, сардорон ва муовинони сардорони факултетҳо, сардорони кафедраҳо, Шуъбаи таълим ва қисмҳои таълими факултетҳои Академияи ВКД вохурии судманд бо шунавандагону курсантони Академияи номбурда доир гашт.
Дар мулоқот, сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ баромад карда оид ба бисёр масоили мубрами замони муосир таъкидҳои таъсирбахш баён намуд.944
Аз ҷумла қайд кард, ки: "Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фаъолияти хеш маорифро яке аз ҷодаҳои муҳими Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон шуморида ва дар ҳар як вохӯрӣ, мулоқот ва баромадҳояш оиди ин самт гаштаю баргашта таъкидҳо менамояд.
Чунончи, дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ" аз 21.12.2021 таъкид шудааст, ки "Дар даврони соҳибистиқлолӣ бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалӣ ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дода шуд.
Бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.
943Бо ин мақсад, роҳбарони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бахусус, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ, такмили ихтисосу бозомӯзӣ ва тарбияи омӯзгорони ҷавони баландихтисос ва ба талаботи замона ҷавобгӯй дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот эътибори аввалиндараҷа диҳанд.
…. Вазорати маориф ва илм, ҳамчунин, вазифадор карда мешавад, ки вобаста ба талаботи рӯз ва рушди технологияҳои иттилоотии муосир лоиҳаи консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамиро таҳия карда, ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд"
Дар Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ" аз 23 декабри соли 2022 махсусан қайд карда шудааст, ки "Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем.
Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад.
Мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад"
Ҳамин тариқ, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тӯли се сол мешавад, ки дар кишвар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва олимпиадаҳои фаннии сатҳи милливу байналмилалӣ баргузор мегарданд, ки ҳадаф аз роҳандозии онҳо «…тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ, ҳисси ифтихор аз таъриху тамаддуни бостонии халқамон, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии мардум, қабл аз ҳама, наврасону ҷавонон, тақвияти завқи зебоипарастии онҳо ва пайдо кардани истеъдодҳои нодир аз байни наслҳои ояндасоз мебошад»
Аллакай гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»; озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат»; озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман»; озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат» бисёр ғолибони барҷастаро ба майдони илму дониш ворид намуд.
Бояд қайд намуд, ки оид ба баргузории ҳар як озмун, Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расида, аз ҳисоби фонди захиравии Президенти кишвар маблағҳои хеле калон ҷудо карда шудааст. Барои мисол мо метавонем озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат» - ро мисол оварем, ки барои баргузории он дар соли 2023 «…1 480 000 (як миллиону чорсаду ҳаштод ҳазор) сомонӣ", ба таври нақд ҷудо гардидааст.
Ҳамзамон, ҷолиби қайд аст таъкид намоем, ки дар 31 соли соҳибистиқлолии давлатамон 3430 муассисаи нави таълимӣ барои қариб якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шудааст, дар ҳоле, ки дар 70 соли давраи абарқудрати Шӯравӣ ҳамагӣ 3229 муассисаи таълимӣ бунёд гардида буд.
Бо вуҷуди ин, корҳои то имрӯз дар ин самт амалигардида ҳоло ҳам басанда нестанд.
Имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар 2 миллиону 300 ҳазор нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Соли 1991 ин нишондиҳанда ҳамагӣ 1 миллиону 325 ҳазор нафарро ташкил медод.
Дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 173 муассисаи таълимии типи нав - литсей, гимназия, мактаби президентӣ, мактаби байналмилалӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат, инчунин, 196 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумии хусусӣ бунёд гардида, ба истифода дода шуданд.
Дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бошад 39 муассисаи таълимии нав ва дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ 28 муассиса бунёд гардид ва шумораи онҳо мутаносибан ба 144 ва 42 расонида шуд.
Ҳамаи арқоми дар боло оварда шуда бори дигар собит месозад, ки масъалаи рушди маориф дар маркази таваҷҷуҳи Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта пайваста чорабиниҳои зиёде мавриди баррасӣ ва татбиқ қарор доранд.
Дар идомаи сухани хеш сардори Академияи ВКД оиди муносибати дилсӯзона ва масъулона доштан ба донишомӯзӣ, ҳушёриву зиракии мутахассисони ояндаи низоми мақомоти корҳои дохилӣ, вазъи геополитикии ҷаҳони муосир, масъулиятнокӣ ва қарзи шаҳрвандӣ дар назди наслҳои оянда, ки бе азхудкунии дониши мукаммал ғайриимкон аст, ба курсантону шунавандагон ва масъулини Академия дастуру супоришҳои муфидро ироа намуд.





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...