ШӮРОИ ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ВКД ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Шӯрои олимон фаъолияти худро дар асоси Низомномаи Академия ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мекунад.
Бо мақсади дастаҷамъӣ (коллегиалӣ) баррасӣ намудани масъалаҳои фаъолияти асосӣ дар Академия органи басолоҳияти интихобӣ – Шӯрои олимон, таҳти роҳбарии сардори Академия таъсис дода шудаст.
Вазифаи асосии Шӯрои олимон ҳамоҳанг намудани нерӯи ҳайати профессорону омӯзгорон мебошад, ки барои таъмин ва такмили ҷараёни таълим равона карда шудааст.
Шӯрои олимон дар ҳайати зерин ташкил карда шудааст:
- раиси Шӯрои олимон – сардори Академия;
- котиби Шӯрои олимон;
- сардорони ҷузъу томҳои Академия;
- олимони Академия;
- намояндагони ҳайати педагогӣ ва илмие, ки дар ҷаласаи умумии коллектив интихоб шуданд.
Солҳои 2003-2012 котиби Шӯро полковники милитсия Миров С.М. буд.
Айни замон, котиби Шӯрои олимон – номзади илмҳои ҳуқуқ, подполковники милитсия Абдурашидзода А.А. мебошад.
Нахустин раиси Шӯрои олимони Мактаби олии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники хизмати дохилӣ шодравон Ҷумаев Усмон Саломович (аз марти соли 1992 то январи соли 1993) будаанд. Ҳайати Шӯрои олимон дар ҳамон солҳо аз 17 аъзо иборат буд, ки аз онҳо 3 нафар доктор ва 9 нафар номзадҳои илм ба шумор мерафтанд.
Сипас, Шӯрои олимон аз моҳи январи соли 1993 то моҳи июли соли 2000 таҳти раисии сардори Мактаби олии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия (алҳол генерал-полковник, Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон), номзади илмҳои ҳуқуқ Каҳҳоров Абдураҳим Абдулаҳадович қарор дошт. Дар он солҳо ҳайати Шӯрои олимон аз 15 аъзо, 1 доктор ва 9 номзади илм иборат буд.
Баъди табдил ёфтани Мактаби олӣ ба Академияи ВКД, фаъолияти Шӯрои олимон аз моҳи июли соли 2000 то моҳи июли соли 2005 таҳти раёсати генерал-майори милитсия, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, шодравон Саймуддинов Шамсулло Саймуддинович қарор дошт. Ҳайати Шӯрои олимон дар он солҳо аз 19 аъзо: аз ҷумла 3 доктор ва 13 номзади илм иборат буд. Сипас, солҳои 2005-2009 раёсати Шӯрои олимони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро генерал-майори милитсия Дӯстов Файз Дӯстович бар дӯш дошт, ки ҳайати ҳамонвақтаи он аз 21 аъзо: аз ҷумла 2 доктор ва 14 номзади илм иборат буд.
Аз моҳи январи соли 2009 то моҳи декабри соли 2013 Шӯрои олимони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати доктори илмҳои таърих, генерал-майори милитсия Розиқзода Абдулҳаким Шералӣ қарор дошта, ки ҳайати он аз 21 аъзо: аз ҷумла 2 доктор ва 17 номзади илм иборат будааст.
Аз моҳи декабри соли 2013 то моҳи январи 2014 раёсати Шӯрои олимони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро доктори илмҳои ҳуқуқ, генерал-майори милитсия Маҷидзода Ҷӯрахон Зоир бар зимма дошт, ки ҳайати он аз 21 аъзо: аз ҷумла 3 доктор ва 18 номзади илм иборат буд.
Аз моҳи январи 2015 то ин ҷониб Шӯрои олимони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ фаъолият намуда истодааст, ки ҳайати он аз 21 аъзо: 2 доктор ва 18 номзади илм иборат мебошад.