Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тартиби қабул ва нашри мақолаҳо дар маҷаллаи илмии «Осори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон»

39Мақола ба Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД дар намуди чопӣ ва ё ин ки электронӣ пешниҳод карда мешавад.

Мақола бояд дорои аннотатсия, вожаҳои калидӣ ва рӯйхати адабиёт бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ бошад.
Номи мақола ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ бо ҳуруфи сиёҳ ва БО ҲАРФҲОИ КАЛОН, бе сархат ва дар мобайни матн ҳуруфчинӣ карда мешавад.
Ба мақола бояд маълумот дар бораи муаллифон ба забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ бо ишораи Н.Н.П., ҷойи кор (номи ташкилот), вазифаи ишғолкарда, дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ ва суроғаи почта (хизматӣ), ҳамчунин суроғаи электронӣ замима шаванд.
Мақола бояд бо расми муаллиф (-он) ва ному насаби муаллиф ба файл ҳамроҳ карда шавад, мисол: Раҷабов Н.. tif
Мутобиқи мавзӯи мақола муаллиф УДК-и онро нишон медиҳад.
Шакли электронии мақола дар намуди файли MS Word дар андозаи *. doc боядмутобиқат кунад.
Файл бояд дорои ному насаби муаллиф (-он) бошад, мисол: Раҷабов Н. doc, Раҷабов-Собиров. doc
Ба мақола ҳуҷҷатҳои зерин замима мегарданд:
а) иқтибос аз протоколи ҷаласаи кафедра (дар сурати будани он аз ҷойи кори муаллиф) бо тавсия барои чоп;
б) хулосаи экспертӣ дар бораи надоштани маълумоти барои чопи оммавӣ манъшуда, бо муҳри нишонии муассиса тасдиқшуда;
в) тақриз аз ҷониби мутахассисе, ки дорои дараҷаи илмии доктор ё номзади илм (агар муаллиф (он) номзад, унвонҷӯ ё адъюнкт аст) бошад, имзои муқарризон бояд ки аз ҷониби дастгоҳи кадрии ҷои кори асосии онҳо (бо муҳри муассиса) тасдиқ шуда бошад.
Ҳаҷми мақола бояд на кам аз 5 ва на зиёд аз 20 саҳифа (барои докторон ва номзадҳои илм) ва на зиёда аз 12 саҳифа (барои докторантон, унвонҷӯён ва адъюнктон) бошад.
Мақола бояд бо ҳарфҳои муқаррарӣ, дар шакли электронӣ бо гарнитураҳои Times New Roman Tj, Times New Roman бо фосилаи байнисатрии ягона (одинарный) ҳуруфчинӣ шуда бошад. Фосилаи сархат бояд ки якхела ва баробар ба 1,25 см. бошад.
Андозаи ҳуруфи асосӣ бояд ба 14 баробар бошад.
Рақамгузории иқтибосҳо ба адабиёт бо рақамҳои арабӣ дар қавсҳои мураббаъ оварда мешаванд, масалан: «Ҳамчунонки аз ҷониби К.Ҳ.Солиев ишора гардидааст[2, с.34-40], чунин самара ҳангоме зоҳир мегардад, ки…».
Рӯйхати адабиёт бояд ки дар мутобиқат бо стандартҳои давлатии «Иқтибоси библиографӣ» мураттаб гардад.
Рӯйхати адабиёти истифодашудае, ки муаллиф ба он такя мекунад, дар охири мақола оварда мешавад. Поварақ (ҳам дар дар зери ҳар саҳифа ва ҳам дар охири ҳар мақола) иҷозат дода намешавад.
Ҳамаи мақолаҳо аз системаи «Антиплагиат. ВУЗ» гузаронида мешаванд. Ҳиссаи матни аслӣ набояд аз 70% кам бошад.
Мақолаҳо ба суроғаи 734012, ш.Душанбе, кӯчаи М.Мастонгулов, 300,
тел: +(992) 2262892 ирсол карда мешаванд.
E-mail:: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра., Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра., Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.пешниҳод карда шаванд.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...