Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастурамал дар бораи тартиби интихоб ва қоидаҳои қабули довталабон ба Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Замима

Ба Фармоиши Вазорати корҳои
дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
№218 б/з аз 4 апрели соли 2023
тасдиқ карда шудааст.

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Дастурамал дар бораи тартиби интихоб ва қоидаҳои қабули довталабон ба Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Дастурамал) дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.
2. Дастурамал тартиби интихоб, қоидаҳои гузаронидани озмоишҳо ва имтиҳонҳои дохилшавии довталабон ва таъмини шаффофияти қабул ба Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Академия)-ро муқаррар менамояд.
3. Муқаррароти Дастурамал иштироки шаҳрвандонро сарфи назар аз миллат, нажод, ҷинc, забон, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ ҳангоми баргузории озмоишҳо ва имтиҳонҳои дохилшавӣ таъмин менамояд.
4. Қабули довталабон дар Академия барои ҳамаи ихтисосҳои амалкунанда дар асоси Иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ бо шаклҳои зерини таҳсил: рӯзона, ғойибона, фосилавӣ, буҷавӣ ва шартномавӣ барои ниёзи мақомоти корҳои дохилӣ, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ амалӣ гардонида мешавад.

2. ТАРТИБИ ИНТИХОБ

5. Академия қабули довталабонро аз рӯи ихтисосҳои зерин ба роҳ мемонад: - ихтисоси 1-26 01 72 - «Идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ» бо касби «Мутахассис дар соҳаи идоракунии давлатӣ», муҳлати таҳсил 3 сол, шакли таҳсил: рӯзона ва ғойибона, дар заминаи маълумоти олӣ (факултети №1);
- ихтисоси 1-24 01 02 - «Ҳуқуқшиносӣ» бо касби «Ҳуқуқшинос», муҳлати таҳсил 5 сол, шакли таҳсил: рӯзона ва ғойибона, дар заминаи маълумоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва олӣ (факултетҳои №№2, 3, 4); - ихтисоси 1-93 01 01 - «Фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ» бо касби «Ҳуқуқшинос», муҳлати таҳсил 5 сол, шакли таҳсили рӯзона, дар заминаи маълумоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва олӣ (факултетҳои №№2, 4); - ихтисоси 1-94 03 01 - «Бехатарӣ аз сӯхтор» бо касби «Муҳандиси бехатарӣ аз сӯхтор», муҳлати таҳсил 5 сол, шакли таҳсил: рӯзона ва ғойибона, дар заминаи маълумоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва олӣ (факултетҳои №№ 3, 5); - ихтисоси 1-94 01 01 - «Огоҳонӣ ва бартараф кардани ҳолатҳои фавқулода» бо касби «Муҳандиси огоҳонӣ ва бартараф кардани ҳолатҳои фавқулода», муҳлати таҳсил 5 сол, шакли таҳсили рӯзона, дар заминаи маълумоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва олӣ (факултети №5); - ихтисоси 1-95 01 10 - «Идоракунии қушунҳои дохилӣ» бо касби «Мутахассиси идоракунӣ - ҳуқуқшинос», муҳлати таҳсил 4 сол, шакли таҳсили рӯзона, дар заминаи маълумоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва олӣ (факултети №4); - ихтисоси 1-24 01 02 10 - «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» бо касби «Ҳуқуқшинос», муҳлати таҳсил 5 сол, шакли таҳсили рӯзона, дар заминаи маълумоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва олӣ (факултети №6).
6. Ба факултети №1 ҳайати калони роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ дар асоси шартнома (аз вазифаи сардори шуъбача ва боло), ки на кам аз даҳ сол собиқаи корӣ дар мақомот доранд, инчунин, шахсоне, ки дар захира барои пешбарӣ ба вазифаи роҳбарикунанда (на кам аз як сол) қарор доранд, ба тариқи ғайриройгон қабул карда мешаванд. 7. Ба факултети №3 ҳайати қаторӣ, хурд ва калони роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ (ба тариқи ройгон ва ғайриройгон), дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ дар асоси шартнома (ғайриройгон), инчунин, шахсоне, ки дар захира барои пешбарӣ ба вазифаҳо қарор доранд, қабул карда мешаванд.
8. Ба довталабони факултети №3 аз ҳисоби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки собиқаи хизматиашон аз 3 сол зиёд мебошад, барои гирифтани маълумоти якум ба тариқи ройгон иҷозат дода мешавад. Ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки собиқаи хизматиашон аз 3 сол кам мебошад, барои гирифтани маълумоти якум танҳо ба таври ғайриройгон иҷозат дода мешавад.
9. Ба факултетҳои №№2, 4, 5 ва 6 шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синну соли аз 18 то 30 сола ва мувофиқ ба дигар талаботи муқарраргардида дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба интихоби номзадҳо доранд, ба тариқи ройгон ва ғайриройгон қабул карда мешаванд.
10. Ба факултети №4 бо ихтисоси 1- 95 01 10 - «Идоракунии қушунҳои дохилӣ» шахсони аз Қувваҳои мусаллаҳ ба эҳтиёт рухсатшудаи то 30 сола, ё сарбозе, ки дар Қушунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии
Тоҷикистон на кам аз як сол хизмат намудааст, қабул карда мешавад. Ба ихтисоси мазкур номзадҳо метавонанд дар асоси талаботи банди 9 ҳамин Дастурамал интихоб шаванд.
11. Мувофиқи моддаи 41 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ба шаҳрвандоне, ки таҳсилоти олии касбӣ доранд, гирифтани таҳсилоти олии дуюм (таҳсилоти минбаъдаи олии касбӣ) дар Академия танҳо дар асоси шартнома (ғайриройгон) иҷозат дода мешавад.
12. Шаҳрвандони хориҷӣ мутобиқи созишномаҳои байнидавлатӣ ва муассисаҳои соҳавии давлатҳои хориҷӣ бо ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шартнома қабул карда мешаванд.
13. Синну соли довталабон барои дохилшавӣ ба таҳсил, собиқаи хизматӣ ва вазифавии онҳо то 1-уми сентябри соли дохилшавӣ ба ҳисоб гирифта мешавад.
14. Интихоби довталабон аз тарафи Дастгоҳи марказии ВКД, Сарраёсатҳо, Раёсатҳо, шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимии ВКД, инчунин, аз ҷониби ҷузъу томи дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ сурат мегирад.
15. Шумораи интихоби довталабон ва қабул барои таҳсил дар факултетҳои Академия бо дарназардошти эҳтиёҷоти воқеии кадрӣ, ҳар сол аз тарафи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. Шумораи довталабон барои таҳсил аз ҳисоби дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ вобаста ба имкониятҳои мавҷуда ва нақшаҳои пешбинигардидаи ВКД муайян карда мешавад.
16. Барои гирифтани роҳхат ба таҳсил дар факултети №1, кормандон аз аттестатсияи хизматӣ гузашта, номзадии онҳо дар комиссияҳои аттестатсионии назди вазорату идораҳо муҳокима карда мешавад.
17. Ба шахсоне, ки барои дохилшавӣ ба факултетҳои №1 ва №3 иҷозат дода шудааст, дастгоҳҳои кадрии мақомоти ҷобаҷогузор парвандаи таълимиро, ки аз ҳуҷҷатҳои зерин иборат мебошанд, омода месозанд: - гузориш, тарҷумаи ҳол, варақаи шахсии бақайдгирии кадрҳо; - нусхаи шиносномаи шаҳрвандӣ; - нусхаи ҳуҷҷат оид ба таҳсилот; - қарори комиссияи аттестатсионӣ оиди роҳхат додан ба таҳсил бо нишондоди вазифаи хизматӣ; - хулосаи комиссияи ҳарбӣ-тиббӣ; - гувоҳнома; -расид аз Амонатбонк; -маълумотнома оид ба изи ангуштон; - чор дона расми андозааш 4 х 6 см дар қоғази беҷилои бе гӯша, бе каллапӯш ва як дона расми андозааш 9 х 12 см, ки аз тарафи корманди воҳиди кадрӣ тасдиқ карда шудааст.
18. Парвандаи шахсии довталабони шакли таҳсили рӯзонаи факултети №1, шаҳодатномаи пулӣ ва либосии онҳо, пас аз қабул шудан, ба нишонии Академия фиристода мешавад.
19. Парвандаҳои таълимии довталабон барои таҳсил дар факултети №1 то 1 июни соли қабул, аз ҷониби Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Академия фиристода мешаванд. Ҳуҷҷатҳои довталабон аз дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ то санаи нишондодашуда тавассути Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Академия ирсол карда мешаванд.
20. Парвандаҳои таълимии довталабон барои таҳсил дар факултетҳои №№2, 3, 4, 5 ва 6 Академия аз тарафи воҳидҳои кадрӣ дар ҷойҳо омода карда шуда, сипас дар муҳлати то 10 майи соли қабул (барои факултети №3) ва то 10 июни соли қабул (барои факултетҳои №№2, 4, 5 ва 6) ба Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД ирсол карда мешаванд.
21. Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои таълимии довталабонро тибқи талаботи қоидаҳои қабул барои соли таҳсили ҷорӣ мавриди омӯзиш қарор дода, дар муҳлати на дертар аз 25 майи соли қабул (барои факултети №3) ва то 25 июни соли қабул (барои факултетҳои №№2, 4, 5 ва 6) ба Академия ирсол менамояд.
22. Роҳбари воҳиди дахлдор бо гирифтани гузориш (ариза) вазифадор аст, ки шахсан бо ҳар як довталаб суҳбат намояд, хусусиятҳои таҳсил ва шарту шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратиро фаҳмонад. Қаду қомати довталаб бояд на кам аз 168 см (барои мардон) ва на кам аз 160 см (барои занон) бошад. Танҳо дар сурати мувофиқ будан ба шартҳои қабул, номзад ба комиссияи ҳарбӣ-тиббӣ фиристода мешавад.
23. Ҳангоми интихоби номзадҳо ба сатҳи дониш, маданият, ба камолоти рӯҳӣ, сифатҳои корӣ, коршоямии касбӣ, вазъи саломатӣ ва омодагии ҷисмонии онҳо аҳамияти махсус дода мешавад.
24. Парвандаҳои шахсии таълимии довталабони факултетҳои №№ 2, 4, 5 ва 6 аз ҳуҷҷатҳои зерин иборат мебошанд: - гузориш (барои кормандони амалӣ) ё ариза (барои шаҳрвандон); - тарҷумаи ҳол, пурсишнома (анкета - барои шаҳрвандон); - нусхаи шиносномаи шаҳрвандӣ; - шаҳодатномаи қайд ё билети ҳарбӣ (аслаш бо нусха); - хислатнома ё аттестатсия аз ҷои таҳсил ё кори охирин; - ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот (аттестати маълумоти миёнаи умумӣ ё диплом дар бораи маълумоти миёнаи касбӣ ва олӣ бо замима (аслаш бо нусха); - хулосаи комиссияи ҳарбӣ-тиббӣ; - маводи санҷишӣ; - қарори комиссияи аттестатсионӣ оид ба роҳхат додан ба таҳсил бо нишондоди вазифа (барои кормандони амалӣ);
- варақаи шахсии бақайдгирии кадрҳо (барои кормандони амалӣ); - гувоҳнома; -расид аз Амонатбонк; -маълумотнома оид ба изи ангуштон; - чор дона расми андозааш 4 х 6 см дар қоғази беҷилои бе гӯша, бе каллапӯш ва як дона расми андозааш 9 х 12 см, ки аз тарафи корманди воҳиди кадрӣ тасдиқ карда шудааст.
25. Парвандаи таълимии ҳар як номзадро ба таҳсил мақомоти ҷобаҷогузор барои баррасӣ ба роҳбаре, ки ҳуқуқи ба вазифаҳои ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда таъйин намуданро дорад, равон менамояд. Аз ҷониби роҳбари мазкур парвандаи шахсии таълимии номзад ба таҳсил мавриди омӯзиш қарор гирифта, дар бораи фиристодан ё рад намудани ӯ ба таҳсил, қарори ниҳоӣ қабул мегардад ва хулоса тасдиқ карда мешавад.
26. Бо мақсади таъмини интихоб барои таҳсил дар Академия дар асоси озмун, мақомоти ҷобаҷогузор барои ҳар як ҷойи дар тақсимоти ВКД нишондодашуда, ду ё зиёда парвандаҳои таълимии довталабонро омода менамоянд.
27. Довталабони шакли таҳсили рӯзонаи Академия аз ҳисоби ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи МКД ё дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ, тибқи тартиби муқарраргардида уҳдадорӣ, ҳуҷҷатнигорӣ ва ашёи вобастабударо месупоранд, ва танҳо пас аз қабул шудан ба Академия аз вазифаҳои ишғолнамудаашон дар мақомот озод карда мешаванд.
28. Ба довталабон - кормандони МКД новобаста аз он, ки ба онҳо рухсатии навбатии меҳнатӣ дода шудааст, дар давраи иштирок дар озмоишҳои дохилшавӣ, рухсатии иловагӣ дода мешавад.

3. ТАРТИБИ ҚАБУЛ

29. Ҳар сол то охири моҳи март фармоиши сардори Академия ба тасвиб расонида мешавад, ки тибқи он ҳайати комиссияи қабули соли таҳсили навбатӣ дар Академия таъсис дода мешавад. Дар фармоиши мазкур раис, муовини раис, котиби масъул ва аъзоёни комиссияи қабул, аз ҷумла, раиси шурои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз аъзоёни он, намояндаи Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, раисон ва ҳайати комиссияҳои фаннии озмоишу имтиҳонҳои қабул, суҳбат ва ҳимояи корҳои хаттӣ дарҷ мегарданд. Ҳамзамон бо фармоишҳои дигари сардори Академия дар назди комиссияи қабул зеркомиссияҳо: оид ба тафтиши парвандаҳои таълимии довталабон ва аппелятсионӣ таъсис дода мешаванд.
30. Аз ҷониби зеркомиссия «Оид ба санҷиши парвандаҳои таълимии довталабон», парвандаҳои таълимии ба Академия воридшуда таҳлил гардида, қарор дар бораи ҷавобгӯ будан ё набудани парвандаҳои таълимӣ аз тарафи сардори Академия тасдиқ карда мешавад.
31. Довталабоне, ки ба озмоишҳои дохилшавӣ роҳ ёфтаанд, тибқи ҷадвалҳои тасдиқгардидаи озмоишҳои дохилшавӣ ба Академия даъват карда мешаванд. Даъвати довталабон барои таҳсил ҷиҳати иштирок намудан дар озмоишҳои дохилшавӣ бо тариқи барқия, ки аз тарафи роҳбарияти ВКД ба имзо расидааст, тавассути қисми навбатдории ВКД амалӣ карда мешавад. Ҳамзамон ба довталабоне, ки ба Академия даъват шудаанд ва дар парвандаҳои таълимии онҳо камбудиҳо муайян гардидааст, барои ислоҳи онҳо муҳлат муайян карда мешавад.
32. Комиссияи аттестатсионӣ барои гузаронидани суҳбат бо довталабон, ки дорои имтиёзҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (фарзандони кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ҳалок гардидаанд, ятим ва ғайра) мебошанд, инчунин, довталабоне, ки дорои маълумоти олӣ ё миёнаи махсуси касбӣ (хатмкардагони муассисаҳои таълимии ВКД) мебошанд, инчунин, дорои дигар имтиёзҳои дар қоидаҳои қабули соли навбатӣ пешбинишуда гардидаанд, суҳбат гузаронида, тавассути тартиб додани протокол қарори дахлдор қабул менамояд.
33. Довталабон барои таҳсил дар факултети №1 аз рӯйи самти фаъолияти касбии худ реферат навишта, онро барои ҳимоя бо парвандаҳои таълимӣ якҷоя ба Академия ирсол менамоянд.
34. Озмоишҳо ва имтиҳонҳои дохилшавӣ барои довталабон факултетҳои №№ 2, 4 5 ва 6 аз рӯи фанҳои зерин ба тариқи зайл сурат мегиранд: - озмоишҳои тайёрии ҷисмонӣ (дав ба масофаи 100м, дав ба масофаи 1000м (давиши мокувор 10мх10м барои занҳо), турниккашӣ (машқҳои комплексӣ барои занҳо), партофтани норинҷак ва шиноварӣ ба масофаи 50 м; - забон ва адабиёти тоҷик (иншо), (диктант барои довталабоне, ки мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумиро бо забони ғайридавлатӣ хатм намудаанд); - асосҳои давлат ва ҳуқуқ, таърихи халқи тоҷик барои довталабони ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ, фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ ва идоркунии қушунҳои дохилӣ (тестӣ ё анъанавӣ); - математика, физика ва химия барои довталабони ихтисосҳои муҳандисӣ-техникӣ (тестӣ ё анъанавӣ).
35. Довталабони факултети №3 аз супоридани озмоишҳои тайёрии ҷисмонӣ озод буда, имтиҳонҳои дигари дар банди 35 нишондодашударо вобаста ба ихтисоси интихобгардида месупоранд.
36. Дар факултети №1 имтиҳонҳои дохилшавӣ аз навиштани кори хаттӣ аз фанни забон ва адабиёти тоҷик, гузаштан аз суҳбат ва ҳимояи реферат (вобаста ба самти фаъолияти касбии довталаб) иборат мебошанд.
37. Санаи ҳозиршавии довталабон ба Академия барои гузаштан аз қайд ва рӯзҳои гузаронидани озмоишҳо ва имтиҳонҳои дохилшавӣ дар ҷадвале, ки аз ҷониби сардори Академия тасдиқ гардидааст, нишон дода мешавад.
38. Шумораи довталабоне, ки барои таҳсил ба факултетҳои Академия вобаста ба ихтисосҳо қабул мегарданд, ҳамасола тибқи тақсимот оид ба қабул, ки дар асоси эҳтиёҷоти кадрии мақомоти корҳои дохилӣ, дархости дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ таҳия мегардад, аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ тасдиқ карда мешавад.
39. Комиссияи аппелятсионӣ ариза ва дархости довталабонро, тибқи талаботи муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф баррасӣ менамояд. Довталаб ҳуқуқ дорад, ки мутобиқи тартиботи муқаррарнамудаи Академия бо натиҷаи имтиҳон дар асоси пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият шинос шавад.

4. ТАРТИБИ ГУЗАРОНИДАНИ ОЗМОИШҲОИ ДОХИЛШАВӢ

40. Комиссияи қабули Академия теъдоди қабул, номгӯи равия ва ихтисосҳо, инчунин, фанҳо, баҳогузорӣ, тарзи гузаронидани озмоишҳо ва имтиҳони қабул (тестӣ ва анъанавӣ)-ро эълон менамояд. Тарзи гузаронидани имтиҳони қабул (тестӣ ва анъанавӣ) дар асоси қарори Шурои олимон ба роҳ монда мешавад.
41. То оғози озмоишҳо ва имтиҳонҳои дохилшавӣ довталабони факултетҳои №№ 2, 4, 5 ва 6 аз комиссияи марказии ҳарбӣ-тиббии Раёсати тиббии Вазорати корҳои дохилӣ ва комиссияҳои ҳарбӣ-тиббии минтақавии РВКД дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ВМКБ мегузаранд.
42. Баъди пешниҳоди хулосаи тиббӣ оид ба қобил донистани довталаб ба таҳсил, дар Академия ба ӯ варақаи имтиҳонӣ бо тартиби муқарраргардида дода мешавад.
43. Довталабон имтиҳонҳои дохилшавиро бо забони давлатӣ месупоранд. Агар довталаб мактаби миёнаи умумиро бо забони русӣ хатм карда, ҳуҷҷатҳояшро барои таҳсил дар гурӯҳи русӣ омода карда бошад, ӯ метавонад имтиҳонҳои дохилшавиро ба забони русӣ супорад.
44. Ба довталабоне, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро бо медали тилло (нуқра), муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ё олиро бо дипломи аъло хатм намудаанд, баъди гузаштан аз озмоишҳои тайёрии ҷисмонӣ, имтиёзҳои дар қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқараргардида, ба инобат гирифта мешаванд.
45. Барои ҳамаи довталабони дорои имтиёзҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (фарзандони кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ҳалок гардидаанд, ятим ва ғайра) баъди гузаштан аз озмоишҳои тайёрии ҷисмонӣ, гузаштан аз суҳбат пешбинӣ гардида, онҳо аз супоридани дигар имтиҳонҳо озод мебошанд.
46. Озмоишҳо ва имтиҳонҳои дохилшавӣ бо натиҷаҳои «аъло», «хуб», «қаноатбахш», «ғайриқаноатбахш», «комёб» ва «ноком» баҳогузорӣ карда мешаванд.
47. Довталабоне, ки бесабаб ба озмоишҳо ва имтиҳонҳои дохилшавӣ ҳозир нашудаанд, ё ки натиҷаҳои ғайриқаноатбахш ва ноком гирифтаанд, ба озмоишҳо ва имтиҳонҳои дохилшавии минбаъда роҳ дода намешаванд.
48. Дар сурати беморӣ ё сабабҳои дигари узрнок, ки ба супоридани озмоишҳо ва имтиҳонҳои дохилшавӣ монеъ мешаванд, довталаб бояд ба комиссияи қабул сари вақт хабар дода, ҳуҷҷати дахлдорро то ба охир расидани фаъолияти комиссия пешниҳод намояд. Вобаста ба ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида комиссияи қабул қарори дахлдорро қабул менамояд.
49. Аз рӯзи ба қайд гирифтани довталабон, онҳо бо талаботи муқарраргардидаи Академия шинос мегарданд. Дар сурати вайрон намудани тартиботи дохилии Академия, довталаб ба озмоишҳо ва имтиҳонҳои дохилшавӣ роҳ дода намешавад.
50. Қабули довталабон дар асоси қарори протоколи комиссияи мандатӣ аз рӯйи натиҷаҳои ҷамъбастии озмоишҳо ва имтиҳонҳои дохилшавӣ ба амал бароварда мешавад.
51. Довталабони дорои имтиёзҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, бо гирифтани баҳои мусбат (холҳои муайян) аз имтиҳони қабул, берун аз озмун қабул карда мешаванд.
52. Фармоиши сардори Академия оид ба қабули курсантону шунавандагон ба Академия дар асоси қарори протоколи комиссияи мандатӣ то оғози соли таҳсил ба имзо мерасад.
53. Машғулиятҳо дар Академия дар муҳлати муқарраргардидаи нақшаҳои таълимӣ оғоз мегарданд. Довталабоне, ки ба Академия қабул шудаанд ва дар давоми 48 соат бесабаб ба таҳсил шуруъ накардаанд, аз сафи курсантон ва шунавандагони Академия хориҷ карда мешаванд. Довталабоне, ки ба Академия қабул шудаанд ва дар ҷамъомади таълимӣсаҳроӣ бесабаб ҳозир нашудаанд, аз сафи курсантон хориҷ карда мешаванд.
54. Пас аз анҷоми фаъолияти комиссияи қабул, парвандаҳои таълимӣ ва шахсии ба қоидаҳои қабул ҷавобгӯ набуда, инчунин, парвандаҳои таълимии довталабоне, ки аз озмоишҳо ва имтиҳонҳои дохилшавӣ нагузаштаанд, ба воҳидҳои кадрии мақомоти равонкунанда баргардонида мешаванд.

 

 

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...