Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ташрифи меҳмонони баландпоя ба Академияи ВКД

16

Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун неъмати бузурги таърихӣ барои миллати сарбаланди тоҷик ва кулли тоҷикистониён дар баробари муҳимтарин дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ, ҳамзамон дар самти робитаҳои мутақобилан судманд бо ҷомеаи ҷаҳонӣ низ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, мақому манзалати худро дар арсаи байналмилалӣ муайян намуда, ҳоло дар ҳалли мураккабтарин мушкилот саёраи инсонӣ саҳмгузор мебошад.

17
Дар ҳамин асос рӯзи 28 феврали соли равон, гурӯҳи кории Ҷумҳурии Исломии Покистон дар ҳайати шахсони воломақоми низомӣ, таҳти сарварии Эҳсон Ғанӣ - Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва Муҳаммад Сиддиқӣ - муовини Вазири корҳои дохилӣ, ки бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доштанд ба Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.
18Меҳмонони олиқадрро дар саҳни Академияи ВКД, роҳбарият ва ҳайати профессорону омӯзгорони ин даргоҳи низому маърифат дар сатҳи баланди касбӣ истиқбол намуда, сӯҳбати ихтисосӣ бо роҳбарият ва ҳайати профессорону омӯзгорон анҷом доданд.
Сипас, меҳмонон аз бинои наву замонавии Академияи ВКД, ки ҳадяи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи оғози соли нави таҳсили 2017 ба мақомоти корҳои дохилӣ мебошад, дидан намуданд.
Зимни боздид аз бинои наву замонавӣ, ки бо тамоми таҷҳизот ва воситаҳои айёнии таълим муҷаҳҳаз мебошад, диққати меҳмононро пеш аз ҳама раванди омода намудани мутахассисон дар самти пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини амнияти ҷамъиятӣ дар Академияи ВКД ба худ ҷалб намуд. Албатта меҳмонон бори дигар итминон пайдо намуданд, ки Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза дар зидди зуҳуроти номатлуби ҷомеа, аз ҷумла, терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир мебошад.
Дар анҷоми вохӯрӣ гурӯҳи кории давлати Исломии Покистон ба Академияи ВКД, аз меҳмоннавозӣ ва сӯҳбатҳои хотирмон изҳори миннатдорӣ намуда, қайд карданд, ки тамоми кӯшишу ғайрати хешро дар самти тақвияти ҳарчи бештари ҳамкориҳои дуҷониба бо Вазорати корҳои дохилӣ, алалхусус Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон сарф хоҳанд кард.
Омӯзгори калони кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети № 2,
майори милитсия Самиҳов Б.С.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

payom1

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ ҶУМҲУРӢ»
Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад.