Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Робитаҳои байналмилалии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

Робитаҳои байналмилалии

Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

Марҳилаи ҳозираи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо болоравии нақши маориф, ки ба ҳолати он таъсири калон расонида ва асоси пешрафти иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакатро муайян мекунад, маънидод карда мешавад. Беҳбудии ҷамъият, комёбиҳо ва натиҷаҳои инкишофи он қариб ба ҳамаи ҷабҳаҳо ва солиҳаҳои фаъолият аз дараҷаи маълумотнокии аъзоёни он вобастагии калон дорад. Дар шароити наздикшавӣ ва мутобиқкунонии низоми маорифи миллӣ бо мақсади ташкил додани фазаи ягонаи умумибашарии маълумоти олӣ бидуни ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ, таъмин кардани рақобатнокии муассисаҳои ташкилоти олӣ ноимконпазир аст. Маҳз, барои ҳамин, ҳамкории байналмилалӣ қисми ҷудонашавандаи фаъолияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчун воситаи муҳим дар таъминкунии сифати маълумоти он ба стандарти байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Барои Академияи мо инкишофи ҳамкорӣ бо донишкадаҳои қудратии давлатҳо, бешубҳа, яке аз самтҳои аввалиндараҷаи фаъолият маҳсуб ёфта, танҳо тавассути ҳамкории байналмилалӣ тайёр намудани кормандони баландихтисосе, ки аз уҳдаи ҳалли вазифаҳои мубориза бар зидди ҷинояткории на танҳо маҳдуд, балки дар миқёси байнидавлатӣ қобилиятдошта мумкин аст.

Мақсаднокии асосии фаъолияти байналмилалии Академияи ВКД – ин баланд бардоштани сифати маълумот дар асоси ҳамкорӣ бо иттиҳоди академикии байналмилалӣ ба воситаи инкишофи барномаҳои таълимии муқоисашуда бо стандарти байналмилалӣ, истифодаи навоварии педагогӣ ва технологияҳои иттилоотӣ, иштирок дар лоиҳаҳои байналмилалии илмӣ-таълимӣ мебошанд.

Бояд қайд кард, ки бахши робитаҳои байналмилалии Академия аз соли 2002 фаъолияти худро оғоз намуда, аллакай 40 шартнома ва созишномаҳо дар соҳаи ҳамкории байналмилалӣ ба имзо расидаанд. Алоқаҳои илмӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ, муассисаҳои таълимӣ ва тадқиқотии хориҷӣ ба роҳ монда ва мустаҳкам карда шуданд. Олимон ва мутахассисони Академияи ВКД дар зиёда аз 800 чорабиниҳои дар сатҳи байналмилалӣ гузаронидашуда ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар хориҷи кишвар ширкат варзиданд.

Мустаҳкам намудани алоқаҳои тарафайн, пайдо намудани шаклҳои ғайрианъанавии ҳамкорӣ, васеъ намудани доираи ҳамкориҳо бо шарикони хориҷӣ, ҳаёти имрӯзаи байналмилалии Академияро муайян мекунанд. Барои ҳамин, Академияи ВКД дар оянда низ дӯстию ҳамкориро бо ташкилотҳои байналмилалӣ, ба монанди Дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Душанбе, Сафорати Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Тоҷикистон, Сафорати ШМА дар Тоҷикистон, Ташкилоти байналмилалӣ оид ба муҳоҷират (МОМ), Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, Раёсати Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба корҳои гурезагон, Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ, Бюрои муҳофизати ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният, Ташкилоти ҷамъиятии “Инсон ва Адолат” ва ғайраҳо ба роҳ монда, бо мадади ин ташкилотҳо дар Академия чорабиниҳои таълимӣ ва дигар чорабиниҳои хусусияти байналмилалидошта иҷро шуда истодаанд.

Ба туфайли ҳамкориҳо бо ин ташкилотҳо Академия барои такмил додани потенсиали илмӣ-педагогӣ ва пояи моддӣ-техникӣ таҷҳизоти зарурӣ мегирад.

Академияи ВКД Чумҳурии Тоҷикистон бо як қатор донишкадаҳои хориҷӣ, аз он ҷумла, бо мактабҳои олии низоми ВКД, Вазорати ҳолатҳои фавқулодда, Хадамоти федералии иҷрои ҷазои Россия (21 муассисаҳои олии таълимӣ), Ҷумҳурии Белоруссия (3 муассисаи олии таълимӣ), Ҷумҳурии Қазоқистон (5 муассисаи олии таълимӣ), Ҷумҳурии Узбекистон (2 муассисаи олии таълимӣ), Академияи ВКД Ҷумҳурии Кирғизистон (ш. Бешкек), Академияи ВКД Молдова ба номи Штефан Чел Маре, Комплекси таълимии политсияи Ҷумҳурии Арманистон, Академияи ВКД Озорбойҷон, Ҷумҳурии Туркия, Давлати Қатар, Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамкорӣ мекунад.

Мутобиқи шартнома ва созишномаҳои баимзорасонидашуда,шаклҳоиасосииҳамкорӣ инҳоянд:

  • Гузаронидани тадқиқотҳоиякҷояиилмӣваилмӣ-техникӣазрӯйимавзуъҳои қабланмувофиқашуда.
  • Нашри муштараки монографияҳо, китобҳҳоидарсӣ, дастурҳо, маҷмуаҳовадигаркорҳоиилмиютаълимӣ.
  • Дарнашрияҳоихуд қабулимақолаҳоиилмиипешниҳодшуда, киТарафҳотавсиякардаанд.

4) Ташкил ва гузаронидани конференсияҳо, семинарҳо, мизҳоимудавварва дигар чорабиниҳоинамояндагӣоидбамасъалаҳоимубрамифаъолиятимақомотиҳифзиҳуқуқ, инчуниништирокдаринчорабиниҳо.

Муносибатҳо ва ҳамкориҳои байни муассисаҳои таҳсилотии мо ҷузъи ҷудонашавандаи низоми маориф буда, барои дар оянда пайдо гардидани иқтидори таълимӣ мусоидат намуда, барои коркарди самтҳои нави илмӣ-тадқиқотӣ имконият дода, якдигарфаҳмиро байни омӯзгорон ва олимони мамлакатҳои гуногун боз ҳам зиёд мекунад.

Аҳаммияти муҳим будани ҳамкориҳои байналмилалиро дар соҳаи маориф ва якҷоя кардан дар портали таҳсилоти ҷаҳонӣ моро ба дарк намудани роҳҳои нави ҳамкории мунтазам дар соҳаи маориф ҳавасманд мекунад. Аз ин сабаб, Академияи ВКД Тоҷикистон дар оянда низ инкишоф ва мустаҳкам гардонидани ин соҳаи фаъолиятро ба нақша гирифтааст.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...