Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мушовири Сарвазири Покистон оид ба барқарор намудани ҳамкории Академияи ВКД Тоҷикистон бо муассисаҳои таълимии ҳарбии Покистон изҳори ақида кард

84

Рӯзи 29-уми сентябри соли 2017, дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти мушовири Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Носир Хон Ҷанҷуа ва ҳайати ҳамроҳон бо курсантон ва шунавандагони муассисаҳои олии ҳарбии Тоҷикистон баргузор гардид. 

Носир Хон Ҷанҷуа ва ҳамроҳони ӯро дар саҳни ҳавлии Академияи Вазорати корҳои дохилии ҶТ ҳайати роҳбарикунанда, профессорон ва устодони ин муассисаи олии ҳарбӣ бо меҳмоннавозии хосаи тоҷикона пешвоз гирифта, меҳмононро бо шароити таҳсил ва тартиботи таълиму тарбия аз наздик шинос намуданд.

85

Мавриди зикр аст, ки бинои муҳташами Академияи ВКД ҶТ моҳи августи соли равон бо ҳузури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфтааст. Бинои таълимии Академияи мазкур аз 8 ошёна барои 1680 нафар курсант, китобхона, ду толори хониш, китобхонаи электронӣ, толорҳои лексионии гурӯҳӣ бо 245 ҷойи нишаст, толори маҷлисгузаронӣ барои 433 ҷойи нишаст, 90 синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла, синфхонаҳои махсуси криминалистӣ ва синфхонаи фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, утоқи машваратии олимон ва 13 синфхонаи компютерӣ дар ҳар ошёна иборат буда, дар ҳудуди Академия барои 800 нафар курсантҳо ду хобгоҳ ва барои афсарон бинои истиқоматии 6-ошёнаи 48-ҳуҷрадор, инчунин толорҳои гуногуни варзишӣ сохта шудаанд.
Ба меҳмонони хориҷӣ гӯшаи Парчами давлатӣ нишон дода шуд, ки дар назди он ба нишони эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ ва рамзҳои миллӣ навбатдории шабонарӯзӣ ҷорӣ карда шудааст.
Зимни боздиди шуъбаи таълимии Академия ба меҳмони хориҷӣ толори китобҳои нашршудаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ карда шуд. Тавре устодони Академия зикр карданд, онҳо ҳангоми таълиму тарбияи курсантон аз осори Президенти Тоҷикистон ҳамчун китоби дарсӣ ба таври фаровон истифода мебаранд.
Носир Хон Ҷанҷуа, мушовири Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон баъд аз шиносоӣ бо шуъбаи таълим ва китобхона дар китоби фахрии Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мулоҳизаҳои худро дарҷ карда, таассуроти худро навишта, имзо гузошт.

86

Меҳмонон ҳамчунин ба синфхонаи фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, ки дар он ҷо курсантон дарс мехонданд, ворид шуда, бо ҷараёни таълим шинос шуданд. Зикр карда шуд, ки бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода дар Академияи ВКД факултаи «тайёр намудани кадрҳои оперативӣ барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташкил карда шудааст ва Вазири корҳои дохилӣ дар ин факулта ба сифати омӯзгор ба курсантон маҳорати фавриро меомӯзонад.
Баъди шиносоӣ бо Академияи ВКД ҶТ мушовири Сарвазири Покистон Носир Хон Ҷанҷуа ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилаи Академияи ВКД Тоҷикистон бо муассисаҳои таълимии ҳарбии Покистон изҳори назар кард.
Сипас дар маҷлисгоҳи Академия оид ба масъалаҳои таъмини амнияти миллӣ, хатарҳои замони муосир ва дигар мавзӯъҳои дахлдор мулоқоти курсантон ва шунавандагон аз муассисаҳои олии таълимии Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати мудофиа ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо мушовири Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Носир Хон Ҷанҷуа баргузор гардид.
Дар мулоқоти мазкур ҳамчунин Давлат Ҷумъазода, ходими Шӯрои амнияти Тоҷикистон ва Тариқ Иқбол Сумро, сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон иштирок доштанд.
Сафари кории Носир Хон Ҷанҷуа дар Тоҷикистон идома дошта, нимаи дуюми рӯз боздиди ӯ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.
Акрам САНГЗОДА, АМИТ «Ховар»

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...