Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҳкими робитаҳои байналмилалии Академияи ВКД бо ташкилотҳои хориҷӣ

104

28-уми ноябри соли 2017 дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии расмии ҷаноби Майк Малш - атташе оид ба масъалаҳои ҳуқуқии Департаменти адлияи ШМА/ Бюрои тафтишотии федеролӣ (FBI) Сафоратхонаи ШМА дар ш.Остона, ҷаноби Ҷеймс Берг - мушовир оид ба масъалаҳои адлияи Сафоратхонаи ШМА дар ш.Душанбе ва ҷаноби Девид Рубино - роҳбари Филиали Ассосиатсияи Ҳуқуқшиносони Амрико / Барномаи Волоияти Қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (АБА РОЛИ) бо роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Мақсади вохӯрӣ - ин муҳокимаи натиҷаи сафари кории омӯзгорони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пойтахти ШМА Вашингтон ва Округи Колумбия, ки ба наздикӣ доир гардид, иборат буд. Иштирокчиёни вохурӣ қайд намуданд, ки сафари мазкур барои омӯзгорон имконият дод, ки аз усулҳои фаъоли таълим, ки дар ҷараёни дарси муосир метавонанд истифода гарданд, омӯзиш намуда, минбаъд дар ҷараёни таълим бо мақсади тайёр намудани кадрҳои содиқ ва ҷавобгӯи талаботи имрӯзи ҷомеа истифода намоянд.

105

Ҳамчунин, дар вохурӣ масъалаҳои фаъолияти муштараки АБА РОЛИ ба Академияи ВКД ҷиҳати ислоҳоти низоми таълимии ВКД Тоҷикистон, ҳамчунин, таълим ва бозомӯзии кормандон, баррасӣ гардиданд.
Муовини аввали сардори Академияи ВКД, генерал-майори милитсия Кабирзода Ҷ.Ҳ. аз номи роҳбарияти Академия оид ба муносибатҳои босуръати рушдёбанда, боз ҳам фаъол гардидани он дар оянда ва таҳкими робитаҳои зич байни ВКД ва АБА РОЛИ дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд кард, ки бо назардошти чораҳои беҳтар намудани раванди таълим, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани сатҳи таҳсилот, кормандони Академияи ВКД дар ин раванд қадамҳои устувор монда истодаанд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ, ҷаноби Майк Малш ба як қатор саволҳои худ ҷиҳати омода намудани мутахассисон дар Академияи ВКД ҳамчун муассисаи таълимие, ки мутахассисони ояндаи мақомоти корҳои дохилиро тайёр мекунад, ҷавобҳои мушаххас гирифт.
Ҳамчунин, меҳмонон аз бинои нави Академияи ВКД боздид ба амал оварда, аз шароит ва тарзи таълиму таҳсил дар ин боргоҳи илм ошноӣ пайдо карданд.

106

Ҷаноби Майк Малш ба роҳбарияти Академияи ВКД барои пазироии гарму самимӣ арзи сипос намуда, умедворӣ баён намуд, ки таҳкими минбаъдаи ҳамкории самарабахши байни Академияи ВКД, Сафротахонаи ШМА дар Тоҷикистон ва Филиали Ассосиатсияи Ҳуқуқшиносони Амрико / Барномаи Волоияти Қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (АБА РОЛИ) устувор хоҳад шуд.
Дар хотимаи вохӯрӣ аз номи роҳбарияти Академияи ВКД ба меҳмонон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Каримова Л.М., Хабирова Т.А., Сафаров О.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...