Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ТАЪРИХИ ТАЪСИСЁБИИ АКАДЕМИЯИ ВКД ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

125

Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи олии таълимӣ буда, муассиси он Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки бевосита дар тобеияти он қарор дорад. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи табдил додани Мактаби олии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти № 519 аз таърихи 30-юми декабри соли 2000 таъсис ёфтааст.
Аз миёнаҳои солҳои 20-ум сар карда, дар қисматҳои гуногуни Тоҷикистон, баробари таъсис ёфтани шӯъбаҳои милитсия, ҳамзамон курсҳои кӯтоҳмуддати омодасозии кормандони милитсия низ ташкил шуда, ба фаъолият шурӯъ карда буданд. Дар он давраҳои ҳассоси таърихи ҷумҳурӣ курсҳои якмоҳа, думоҳа, семоҳа ва баъдҳо – шашмоҳа амал карда, онҳоро ҳазорҳо кормандони милитсия хатм намудаанд.
Соли 1930 дар ш.Сталинобод (ҳозира Душанбе) Мактаби дусолаи милитсия амал карда, дар шарҳи ҳоли баъзе кормандон сабт шудааст, ки соли 1930 ё худ солҳои минбаъда мактаби мазкурро хатм кардаанд.
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) бо сабаби ба ҷанг сафарбар шудани бештари ҷавононписарон ба ду курси ин мактаб ҷавондухтаронро қабул карда буданд, ки дар оянда аз байни онҳо кормандони болаёқати милитсия ба воя расиданд.
Аз миёнаи солҳои 40-ум то соли 1970 бинои таълимии мактаб дар бинои собиқ Раёсати корҳои ислоҳии ВКД ва имрӯза – Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир буд.
Тӯли солҳои 1970-1991 ин мактаб барои МКД Тоҷикистон хизмати арзанда намуда, ҳазорҳо тоҷикписаронро ба оғӯши худ гирифта, таълиму тарбия намуда, ба кори амалӣ фиристодааст.
Дар самти фаъолияти МКД мутахассисони тоҷикистонӣ ҳанӯз то пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ асосан дар дигар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ тайёр карда мешуданд. Дар дохили кишвар танҳо Мактаби Душанбегии миёнаи махсуси милитсияи ВКД ИҶСШ (СССР) амал мекард, ки фақат мутахассисони дорои маълумоти миёнаи махсуси ҳуқуқиро тайёр мекард. Мактаби мазкур соли 1970 ба фаъолият шурӯъ намуд ва он мутахассисонро танҳо барои мақомоти ВКД Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон тайёр менамуд. Дар солҳои мавҷудияти худ (1970-1991) мактаб барои МКД Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ҳазорон мутахассисонро тайёр намудааст.
Дар соли 1982 бо ташаббуси ВКД ҶШС Тоҷикистон ва дастгирии Вазорати корҳои дохилии ИҶСШ дар ш.Душанбе Шӯъбаи таҳсили ғоибонаи Мактаби олии Тошкентии ВКД ИҶСШ таъсис ёфт. Ин муассисаи таҳсилотӣ бевосита дар тобеияти ВКД ҶШС Ӯзбекистон қарор дошту дар самти фаъолияташ ба ВКД ҶШС Тоҷикистон иртиботе надошт.
Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, тамоми риштаҳои ба таври муттамарказ тайёр намудани мутахассисони мақомоти вазорати корҳои дохилӣ канда шуда, давраи сифатан нави тараққиёти таърихӣ бо тамоми мушкилоти хусусияти иқтисодӣ-иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ҳарбию психологидошта оғоз гардид. Мутаассифона, баъд аз соҳиб шудан ба истиқлолияти сиёсӣ (9 сентябри соли 1991) Тоҷикистон на танҳо ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд, балки ҳамзамон тайёр намудани мутахассисон барои Тоҷикистон дар дигар ҷумҳуриҳо имконнопазир гардид ва ВКД-и ҷумҳурии соҳибихтиёри Тоҷикистон ба душвориҳои зиёде рӯ ба рӯ гашт.
Дар чунин шароит, Кабинети Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарор «Дар бораи ташкил додани Мактаби олии Душанбегии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 23 декабри соли 1991, таҳти № 372 қабул намуд, ки барои таъмин намудани мақомоти корҳои дохилӣ бо мутахассисони ин соҳа равона карда шуда буд. Ҳамин тариқ, мактаби мазкур фаъолияти худро чун муассисаи таҳсилоти олӣ дар заминаи моддӣ-техникӣ ва кадрии шӯъбаи Душанбегии таҳсили ғойибонаи Мактаби олии Тошкентии ВКД ИҶСШ ва Мактаби Душанбегии миёнаи махсуси милитсияи ВКД ИҶСШ оғоз намуд. Баъдтар бошад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарор «Дар бораи сохтори Мактаби олии Душанбегии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 11 августи соли 1994, таҳти № 358 қабул намуд, ки дар асоси он Мактаби олӣ сохтори дохилии худро мураттаб намуда, фаъолияташро идома дод.
Агар қаблан ҳар сол Мактаби миёнаи махсуси милитсияро 160 шунавандагон хатм карда, дар он беш аз 60-нафар омӯзгорону кормандон фаъолият мекарданд, пас дар Мактаби олӣ беш аз 200-нафар кормандону омӯзгорон ба таълиму тарбия машғул буданд ва ҳар сол беш аз 450-нафар шунавандагон онро хатм намуда, ба кори амалӣ сафарбар карда мешуданд.
Роҳбарии Мактаби миёнаи махсуси милитсияи ш.Душанберо ва пас аз он Мактаби олии (Академияи) ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони зерин ба ӯҳда доштанд:
1. Неъматов Ғанӣ Неъматович, полковники хизмати дохилӣ – аз соли 1970 то соли 1975;
2. Фомичев Виктор Николаевич, генерал-майори хизмати дохилӣ – солҳои 1975-1979;
3. Яҳёев Нуъмон Каримович, полковники милитсия – солҳои 1979-1982;
4. Абдуназаров Абдухолиқ, подполковники хизмати дохилӣ – солҳои 1982-1985;
5. Омелченко Виктор Григорьевич, полковники хизмати дохилӣ – солҳои 1985-1991;
6. Ҷӯмаев Усмон Саломович, полковники хизмати дохилӣ - солҳои -1991-1993;
7. Каҳҳоров Абдураҳим Абдулаҳадович, генерал-полковники милитсия, солҳои 1993-2000;
8. Саймуддинов Шамсулло Саймуддинович, генерал-майори милитсия – солҳои 2000-2005;
30 декабри соли 2000, таҳти № 519 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ба Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил додани Мактаби олии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба тасвиб расид.
9. Дӯстов Файз Дӯстович, генерал-майори милитсия – солҳои 2005-2009;
10. Розиқзода Абдулҳаким Шералӣ, генерал-майори милитсия – солҳои 2009-2013;
11. Маҷидзода Ҷӯрахон Зоир, генерал-майори милитсия – солҳои 2013-2014;
12. Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ, полковники милитсия – аз соли 2014 то инҷониб.
Академия фаъолияти худро мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси гражданӣ, Кодекси меҳнат, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия», «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Дар бораи забон», Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Низомномаи адои хизмат аз тарафи ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Низомномаи намунавӣ «Оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», санадҳои меъёрии ҳуқуқии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷкиситон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи худи Академия ба роҳ мемонад.
Муассиси он Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, бевосита дар итоати Вазири корҳои дохилӣ қарор дорад ва танҳо бо розигии ӯ дар мавридҳои зарурӣ ҳайати шахсии он (ба истисно аз ғайринизомиён) барои ҳимояи тартиботи ҷамъиятӣ, бартараф намудани оқибатҳои ҳодисаҳои фавқулодда ва дигар чорабиниҳо истифода бурда мешавад.
Академияи ВКД ҶТ дар тайёр намудани мутахассисони баландпоя дар соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ саҳми арзанда мегузорад. Тайёрии касбии мутахассисони хадамоти гуногуни корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз тарафи Академия, бо назардошти шароити воқеӣ ба амал бароварда мешавад.
Фаъолияти таълимӣ, таълимӣ-методӣ, илмӣ-тадқиқотӣ ва табъу нашр, тарбиявӣ, ҳоҷагӣ ва байналмилалӣ аз самтҳои асосии фаъолияти Академия ба ҳисоб мераванд.
Академия аз 5 факултет, 23 кафедра, 8 шуъба, 9 зершуъба, 3 курсҳои такмили ихтисос иборат аст. Дар ҷараёни таълиму тарбия 6 доктори илм - профессорҳо ва 38 номзадҳои илм - дотсентон ҷалб шудаанд.
Таҳсилоти олии касбӣ дар факултетҳои №№ 1, 2 ва 3-юм ва таҳсилоти миёнаи касбӣ бошад, дар факултети № 4-уми Академия, ки дар ш.Хуҷанд воқеъ аст, амалӣ гардонида мешавад.
Дар маҷмӯъ, Академияи ВКД мутахассисонро дар самтҳои зерин тайёр мекунад:
- идоракунӣ дар соҳаи тартиботи ҳуқуқӣ;
- оперативӣ-ҷустуҷӯӣ;
- маъмурӣ-ҳуқуқӣ;
- тафтишотӣ-криминалистӣ;
- муҳандисӣ-техникӣ;
- ҳолатҳои фавқулодда;
- фармондеҳӣ.
Таълим дар Академия бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ сурат мегирад. Дар 5 факултетҳои Академия ба миқдори умумии 166 фан таълим дода шуда, ба шунавандагону курсантон забонҳои русӣ, англисӣ ва инчунин хати ниёгон омӯзонида мешаванд.
Қабул ба Академия аз рӯи ду шакли таҳсил – рӯзона ва ғоибона ба амал бароварда мешавад. Имтиҳонот ба таври хаттӣ, тестӣ ва амалӣ (тарбияи ҷисмонӣ) гирифта мешаванд.
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои сайт: www.avkd.tj; почтаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.; факс: 8-10-992-37-226-60-43 мебошад. Суроға: индекс 734024, ш. Душанбе, кӯчаи Мастонгулов 3.
Факултети № 1 мутобиқи фармони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.02.2001 таҳти № 106 таъсис ёфтааст. Ин факултет яке аз сохторҳои муҳими Академия ба ҳисоб рафта, дар он тайёр намудани кадрҳои роҳбарикунанда ба роҳ монда шудааст. Тайёр намудани чунин кадрҳо, бевосита, барои таъмин намудани эҳтиёҷоти дастгоҳи марказии ВКД, сарраёсатҳо, раёсатҳо ва шӯъбаҳои корҳои дохилии шаҳру ноҳияҳо нигаронида шудааст. Инчунин, дар ин факултет кормандони дигар хадамот ва ҷузъу томҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ дар асоси шартнома таҳсил мекунанд. Аз ҷумла, дар факултети № 1 кормандони Вазорати адлия, Вазорати мудофиа, Горди миллӣ, Кумитаи давлатии дифоъ дар ҳолатҳои фавқулодда, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорат аз болои маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Департаменти гумрук таҳсил мекунанд.
Дар сохтори факултети № 1 Курсҳои олии академӣ (ВАК) амал мекунанд, ки дар он роҳбарони дараҷаҳои гуногун - ҷонишинони сардори Раёсатҳо, сардорон ва ҷонишинони сардори шӯъбаҳои корҳои дохилии шаҳру ноҳияҳо ихтисоси худро такмил медиҳанд.
Факултети № 2 яке аз сохторҳои асосии шакли рӯзонаи таълим дар Академия буда, мутахассисонро барои мақомоти корҳои дохилӣ бо ихтисоси 240102 - “Ҳуқуқшиносӣ” ва тахассуси “Ҳуқуқшинос”, аз рӯи шакли таҳсили рӯзона тайёр мекунад.
Факултети № 3 мутахассисонро бо шакли таҳсили ғоибона бо ихтисосҳои 240102 - “Ҳуқуқшиносӣ”ва 940301- “Бехатарӣ аз сӯхтор” барои ниёзи Вазорати корҳои дохилӣ ва ҳамчунин, дар асоси шартнома барои дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ мутахассисонро омода месозад.
Дар факултет намояндагони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ, ба монанди Вазорати адлия, Вазорати мудофиа, Горди миллӣ, Кумитаи давлатии дифоъ дар ҳолатҳои фавқулодда, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорат аз болои маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Департаменти гумрук таҳсил мекунанд. Инчунин, дар ин факултет курсҳои такмили ихтисоси ҳайати миёнаи роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ фаъолият мекунанд, ки дар онҳо мувофиқи ҷадвали нақшаи таълимӣ кормандони гуногуни ин мақомот тайёрии 1-моҳаро мегузаронанд.
Факултети № 4 Академияи ВКД, ки дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, воқеъ аст бо Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 августи соли 1994, таҳти № 388 дар қисмати шимолии ҷумҳурӣ факултети Хуҷандии Мактаби олӣ кушода шуд. Факултет дарҳои худро барои 400-нафар шунавандагон ҷиҳати тайёр намудани мутахассисони дорои маълумоти олии соҳаи тафтишотӣ-криминалистӣ кушод. Роҳбарии факултет ба ӯҳдаи корманди пуртаҷриба, генерал-майори милитсия Хабилов Қодир Хабилович гузошта шуд, ки то соли 1998 дар ин вазифа пурсамар фаъолият намуд.
Баъдтар самти фаъолияти факултет ба тайёр намудани мутахассисони маълумоти миёнаи касбӣ (таҳсили 2-сола) барои мақомоти корҳои дохилӣ аз рӯи ихтисосҳои «Фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ» ва «Ҳайати қумандонӣ» нигаронида шуда, он ба факултети № 4 табдил дода шуд. Аз соли 1999 то соли 2002 роҳбарии факултетро яке аз кормандони соҳибтаҷрибаи мақомоти корҳои дохилӣ, полковники милитсия Муҳаммадиев Даврон Ҷӯраевич ва баъдтар бошад, полковники милитсия Юлчиев Шавкат Ҳоҷиевич, ки таҷрибаи бойи роҳбарию педагогӣ дошт, ба ӯҳда доштанд. Аз соли 2002 то соли 2012 сарварии факултетро полковники милитсия Баҳронов Юсуф ба ӯҳда доштанд. Аз соли 2012 то соли 2017 сарварии факултетро доктори илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия Назарзода Носир Ҷобир ба уҳда доштанд. Айни замон роҳбарии Коллеҷи мазкурро полковники милитсия Саидзода Зикрулло ба уҳда доранд, ки тамоми дониш, таҷриба ва маҳорати хешро баҳри пешрафти таълиму тарбия ва таҳким бахшидани базаи моддӣ-техникии факултет сарф намуда истодааст.
Факултети № 4 Академияи ВКД мутахассисонро бо ихтисоси 240102 - “Ҳуқуқшиносӣ” дар самти фаъолияти маъмурии мақомоти корҳои дохилӣ ва 021200 - “Ҳайати фармондиҳӣ” тайёр мекунад. Ғайр аз ин, бо мақсади такмил додани тайёрии касбии кормандони мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд, бо фармони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05.08.03, таҳти № 408 дар факултет курсҳои тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисоси ҳайати қаторӣ ва миёнаи роҳбарикунандаи Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд фаъолият мекунад.
Факултети № 5 Академияи ВКД алҳол воқеан фаъолияти худро дар асоси иҷроиши банди 53 Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-26 январи с.2008 таҳти № 3 «Дар бораи аз соли хониши 2008-2009 дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондани тарбияи кадрҳои соҳаҳои сӯхторнишонӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда» аз соли хониши 2009 оғоз намуд. Ҳамин тариқ, дар Академия 2 ихтисоси нав – «Бехатарии сӯхтор» ва «Дифоъ дар ҳолатҳои фавқулодда» бо шакли таҳсили рӯзона кушода шуд, ки дар он мутахассисонро бо ихтисосҳои 940301- “Бехатарӣ аз сӯхтор” ва 940101 - “Огоҳонӣ ва бартараф кардани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда” ба таври рӯзона тайёр мекунад.
Дар Академия ВКД 32 олимони дараҷаи унвонҳои илмидошта, яъне, 2 доктори илм ва 30 номзади илм, 1 Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, 1 корманди шоистаи Тоҷикистон, 10 аълочии маорифи ҷумҳурӣ ва ғайра фаъолият менамоянд, ки онҳо ба ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ шомиланд.
Соли 2014 воҳиди нав – Шуъбаи адъюнктура кушода шуд, ки он ҷиҳати густариш додан ва мустаҳкам намудани базаи илмӣ, баланд бардоштани нуфузи илмии Академия дар миқёси муассисаҳои олии таълимӣ ва илмии чи ҷумҳурӣ ва чи хориҷӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи маълумот, тахассуси илмӣ ва педагогии шаҳрвандон таъсис дода шудааст.
Шуъбаи адъюнктура дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2008 таҳти № 308 «Дар бораи тасдиқи Низомномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оинномаи Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар соҳаи илму маориф ва мақомоти корҳои дохилӣ таҳиягардида, фаъолият дорад.
Ғайр аз ин, ҷиҳати дуруст татбиқ намудани фаъолияти шуъба аз ҷониби Шӯрои олимони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои идоравии дахлдор, ки самтҳои алоҳидаи фаъолияти онро ба танзим медарорад, қабул ва тасдиқ карда шудааст.
Адъюнктон ва унвонҷӯён тадқиқоти илмияшонро зери роҳбарии олимони пуртаҷриба, докторон ва номзадони илмҳои ҳуқуқшиносӣ амалӣ менамоянд.
Бояд тазаккур дод, ки дар шуъбаи адъюнктура на танҳо кормандони сохторҳои таркибии Вазорати корҳои дохилӣ, балки кормандони дигар мақомоти давлатӣ (мақомоти судӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва ғайридавлатӣ таҳсил доранд.
Дар Академия ба ривоҷу равнақи варзиш диққати доимӣ ва ҳаматарафа дода мешавад. Ташкил, роҳбарӣ ва пешбурди варзиш дар Академия ба дӯши кафедраи "Тактикаи махсус ва омодагии ҷисмонӣ" вогузошта шудааст. Дар Академия доир ба намудҳои гуногуни варзиш 11 бахш амал мекунанд.
Варзишгарони Академия дар тамоми мусобиқаҳои варзишии шаҳрию ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро ишғол мекунанд. Дар муддати начандон зиёд, дар Академия даҳҳо устодон ва номзадҳо ба устоди варзиш, инчунин, садҳо нафар дорандагони дараҷаҳои якуму дуюми варзишӣ тайёр карда шудааст.
Қобили қайд аст, ки солҳои охир бо иштироки курсантони Академия дар мусобиқаҳои умумиҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба Академия зиёда аз 50 медалҳо (тилло, нуқра ва биринҷӣ) ворид шуда, онҳо ғолибони мусобиқаҳо ва соҳиби ҷойҳои намоён гаштанд. Яке аз сарчашмаҳои пешравӣ маҳз мавҷудияти клуби фитнес ба шумор меравад, ки вай бо таҷҳизотҳои махсуси муосир муҷаҳҳаз гашта, омили пешравӣ дар ин ҷода гаштааст.
АКАДЕМИЯИ ВКД ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...