Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм

Rifat 2024

      РАҲМАДҶОНЗОДА РИФАТ РАҲМАДҶОН

            (Юлдошев Рифат Раҳмадҷонович)

Муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм (2022)

Номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ (2013), дотсент (2018),

Доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ (2023)

Подполковники милитсия (2018)

Корманди фахрии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон (2021)

Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон (2021)

Аъзои Ассотсиатсияи байналмилалии мусоидат ба адолат (2013)

Ҷоизадори «Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илму техника (2016)

Аъзои ҳақиқии Академияи илмҳои умумиҷаҳонии амнияти дастаҷамъӣ(2017)

Котиби илмии Шурои экспертии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқ (солҳои 2017-2019, 2019-2021)

Раҳмадҷонзода Р.Р., соли таваллуд 25 апрели соли 1986. Дар мақомоти корҳои дохилӣ аз соли 2004. Соли 2008 бо дипломи аъло Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм намудааст. Солҳои 2008-2009 – омӯзгори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи факултети № 2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон. Солҳои 2009-2012 – адъюнкти факултети омоданамоии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии Академияи идоракунии ВКД Федератсияи Россия дар кафедраи идоракунии мақомоти тафтишоти ҷиноятҳо.

10 октябри соли 2013 дар Шурои диссертатсионии Д 203.002.01 назди Академияи идоракунии ВКД Федератсияи Россия бомуваффақият тадқиқоти диссертатсионии хешро дар мавзӯи «Таъқиби ҷиноятӣ дар мурофиаи тосудӣ тибқи қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» («Уголовное преследование в досудебном производстве по уголовно-процессуальному законодательству Республики Таджикистан») аз рӯйи ихтисоси илмии 12.00.09 – Мурофиаи ҷиноятӣҳимоя намудааст.

Роҳбари илмӣ – Егоров Сергей Евгеневич, муовини сардори раёсати таъминоти методӣ-таҳлилии назорат аз болои фаъолияти мурофиавии мақомоти тафтишотӣ ва фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии Прокуратураи генералии Федератсияи Россия, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент.

Санаи 25 феврали соли 2023 дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-019-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳқиқоти диссертатсионии доктории хешро дар мавзуи “Учение об уголовном преследовании в уголовном судопроизводстве Республики Таджикистан (Таълимот оид ба таъқиби ҷиноятӣ дар мурофиаи судии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон)” аз рӯйи ихтисоси илмии 12.00.09 – Ҳуқуқи мурофиаи ҷиноятӣбомуваффақият ҳимоя намуд.

Мушовирони илмӣ: Михайлов Виктор Александрович – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Арбоби хизматнишондодаи илми Федератсияи Россия;

Гаврилов Борис Яковлевич – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Арбоби хизматнишондодаи илми Федератсияи Россия, Ҳуқуқшиноси шоистаи Федератсияи Россия, профессори кафедраи идоракунии тафтишоти ҷиноятҳои Академияи идоракунии ВКД Россия, генерал-майори адлия (мустаъфӣ).

Бо фармони Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия аз 12 апрели соли 2018, № 392/нк ба унвони илмии дотсент аз рӯйи ихтисоси 12.00.09 – Мурофиаи ҷиноятӣ сазовор дониста шудааст.

Аз 25 декабри соли 2013 то 16 апрели соли 2014 дар вазифаи профессори кафедраи мурофиаи ҷиноятии факултети № 2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аз 16 апрели соли 2014 то 1 июни соли 2016 ба ҳайси сардори шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи номбурда, ҳамзамон дар вазифаи дотсенти кафедраи мурофиаи ҷиноятии факултети № 2 Академияи ВКД фаъолият намудааст.

Аз 1 июни соли 2016 то 6 январи соли 2018 дар вазифаи профессори кафедраи мурофиаи ҷиноятӣ, аз 6 январи соли 2018 то 18 марти соли 2020 дар вазифаи сардори шуъбаи адъюнктураи Академия, аз 18 марти соли 2020 то 26 августи соли 2022 дар вазифаи сардори факултети № 1 Академия фаъолият намудааст. Аз 26 августи соли 2022 муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм таъйин гардидааст.

Сар карда аз соли 2015 то ба имрӯз ба ҳайси дотсент-ҳамкор дар кафедраи мурофиаи ҷиноятӣ ва криминалистикаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Славянии Россия ва Тоҷикистон аз фанни мурофиаи ҷиноятӣ лексияҳо мехонад.

Мавсуф аъзои ҳайати таҳририяи маҷаллаҳои илмии «Осори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз соли 2014), «НаркоФронт» (аз 2017 сол), «Правовые исследования» (аз 2017 сол), «Юридический вестник» (аз 2020 сол) ва «Маҷаллаи академии ҳуқуқ» (аз 2023 сол) аст. Ҳамзамон аъзои Шурои олимони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад (аз 2014 сол).

Номбурда муаллифи (ҳаммуаллифӣ) зиёда аз 200 кори илмӣ, аз инҳо: зиёда аз 150 мақолаи илмӣ, 16 тадқиқоти монографӣ, 8 нашри таълимӣ (4 китоби дарсӣ, 2 курси лексияҳо, 2 воситаи таълимӣ), 13 дигар нашрҳо (2 шарҳи илмӣ-таҳлилӣ, 4 воситаи илмӣ-амалӣ, 1 воситаи илмӣ, 6 тавсия, маҷмӯа ва таҳлилҳо) мебошад.

Барои иҷрои софдилонаи вазифаҳои хизматӣ якчанд маротиба аз тарафи роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи идоракунии ВКД Федератсияи Россия ва Донишкадаи ҳифзи ҳуқуқи Муғулистон қадрдонӣ карда шудааст.

 





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...