Муовини сардори Академияи ВКД оид ба таъминот
Ашурзода Бобоҷон Халил – полковники миллитсия, 16 апрели соли 1972 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик.
Баъди хатми мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №13 солҳои 1990-1992 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ИҶШС хизмат намудааст. Соли 1993 ба Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 1999 бо ихтисоси иқтисодчӣ онро хатм намудааст.
Дар мақомоти корҳои дохилӣ аз соли 1994 ва дар вазифаи сардори шуъбаи молиявӣ-иқтисодии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2016 кор мекунад.
Соли 2013 сазовори нишони сарисинагии «Аълочии милитсия» гардидааст. Аз 4 сентябри соли 2023 то инҷониб муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъминот мебошад.