Кафедраи ҳифз дар ҳолатҳои фавқулодда
Сатторзода Абдуаҳад Саттор – сардори кафедраи ҳифз дар ҳолатҳои фавқулодаи факултети №5, полковники милитсия.
Равандҳо дар ҷаҳони муосир хеле мураккабу печида гаштаанд ва беш аз пеш падидаҳои тоза ба тозае ҳамарӯза аз омадани худ мужда мерасонанд. Тағйирёбии иқлим, гарм шудани сайёра, зиёд шудани офатҳои табии ва дигар ҳодисаҳои техногении замони имрӯз ба иқтисодиёти давлатҳо, аз ҷумла, ба ҷумҳурии мо низ таъсири худро расонида истодааст. Мавҷудияти чунин хатарҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро водор намуд, ки роҳи ҳалли ин масъаларо аз имкониятҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷустуҷӯ намояд. Ин буд, ки тибқи Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-26 январи соли 2008 таҳти №3 ва банди 12 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2008 таҳти № 56 аз соли хониши 2008-2009 дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон тарбияи кадрҳои соҳаҳои сӯхторнишонӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда бояд ба роҳ монда мешуд.
Бо мақсади иҷрои талаботҳои Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.01.2008 №3, ба унвонии Академияи ВКД 12.02.2008 дар таърихи 19.02.2008 ҳуҷҷатҳое, ки ҷараёни таълимро дар ихтисосҳои номбаршуда ба танзим медароранд, тайёр карда шуд, ки мутобиқи он бояд омӯзгорон ва кормандони ёрирасон ба кор қабул карда шаванд. Ин буд, ки дар асоси қарори Протоколи комиссияи қабул дар Академияи ВКД таҳти № 5 аз 18.07.2009 ва фармони Сардори Академияи ВКД ҶТ таҳти № 352 аз 31.07.2009 27 нафар курсантон бо ихтисоси «Огоҳонӣ ва бартараф кардани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда» қабул гардиданд. Ва бо фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №0110 (б/з) аз 20 июли соли 2013 дар назди факултети №5 Академияи ВКД кафедраи ҳифз дар ҳолатҳои фавқулодда таъсис дода шуд. Ба вазифаи сардори кафедра яке аз корманди пуртаҷрибаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Мирзоев С. Қ., (2013-2015) таъин гардид. Соли 2013 аввалин хатмкунандагони ихтисосси мазкур барои кор ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷузъу томи он сафарбар шуданд. Баҳри мустаҳкам намудани баззаи таълимии кафедра кормандони ҷавонро водор намуд, ки тамоми кушишу ғайрати худро барои омода намудани барномаҳои таълимӣ ва адабиётҳои зарурӣ равона намоянд. Дар давраи фаъолияти корӣ Мирзоев С.Қ., ҷиҳати тайёр намудани кадрҳои баландихтисосси соҳа таваҷҷӯҳи хосса зоҳир намудааст. Аз моҳи декабри соли 2015 бо дастгирии роҳбарияти Академия полковники милитсия Ҷалмад Ш. (2015-2017) ба вазифаи сардори кафедра таъин карда шуда, то моҳи сентябри соли 2017 фаъолияти худро дар ин ҷода давом дод.
Баъдан бо фармони сардори Академияи ВКД аз моҳи сентябри соли 2017 майори милитсия Нуруллозода М. (2017-2020) ба вазифаи сардори кафедраи мазкур таъин карда шуд. Бояд қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо ҷавонон ва баромадҳояшон пайваста таъкид менамоянд: «Ҷавонон қувваи бузург, нерӯи созанда ва ояндаи миллатанд». Ва ин буд, ки таҷриба ва кордонии Нуруллозода М-ро роҳбарияти Академияи ВКД ба инобат гирифта, ӯро ба вазифаи пурмасъул сардори факултети №5 таъин намуданд.
Бо дастгирии роҳбарияти Академияи ВКД полковники милитсия Сатторзода А.С. аз моҳи марти соли 2020 ба вазифаи сардори кафедра таъин карда шуд.
Дар айни замон воҳиди кории кафедраро кормандони зерин ташкил медиҳанд: сардори кафедра полковники милитсия Сатторзода А.С., дотсенти кафедра полковники милитсия Хушвахтзода Б., муаллими калони кафедра капитани милитсия Холзода К.А., лейтенанти калони милитсия Ҳалимзода М.А., ва лейтенанти калони милитсия Ҳабибзода Ҳ.Т.
Мутобиқи талаботи Стандарти давлатӣ барномаҳои корӣ ва таълимии фанҳои кафедра барои тахассусҳои шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона коркард ва таҳия карда шудаанд. Барномаҳои кории фанҳо ба тариқи пурра талаботи сатҳи тахассусиро дар бар гирифта, ба талаботи сатҳи тайёрии ихтисоси ҳифз дар ҳолатҳои фавқулодда аз рӯйи мундариҷа, ҳаҷм ва сарбории таълимот мувофиқ мебошанд.
Дар кафедра фанҳое таълим дода мешаванд, ки поягузори асосҳои ҳифз дар ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ мебошанд. Шунавандагон ва курсантон дар факултетҳои №2, №3, №5, №6-и Академияи ВКД ҶТ аз рӯйи фанҳои тахассусии зерин омӯзонида мешаванд:
асосҳои идоракунӣ дар ҳолатҳои фавқулода;
асосҳои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода;
баланд бардоштани устувории фаъолияти соҳаҳо ва иншоотҳои иқтисодӣ;
банақшагирии чорабиниҳои асосӣ оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулода;
корҳои садамавию наҷотдиҳӣ;
мудофиаи шаҳрвандӣ;
муҳофизат аз яроқҳои зарбазан;
назарияи идоракунии хатарҳо;
назарияи офатҳои табиӣ;
назорати давлатӣ дар ҳолатҳои фавқулода.
ҳифзи муҳандисӣ;
ҳифзи радиатсионию кимиёвӣ;
ҳифзи тиббию биологӣ;
психологияи касбӣ;
сафарбаркунӣ;
системаи автоматикунонидашудаи идоракунӣ, алоқа ва хабардоркунӣ;
системаи таҳлилию иттилоотӣ;
тағийрёбии иқлим;
тайёрии оташфишонӣ;
таҷҳизот ва мошинаҳои махсусгардонидашудаи наҷотдиҳӣ;
таъмини моддӣ-техникӣ;
Дарсҳо аз фанҳои таълимии кафедра ба таври назариявӣ ва семинарӣ дар синфхонаҳои махсуси тахассусӣ гузаронида мешаванд.
Таваҷҷуҳи асосии кафедра ба тайёр намудани мутахассисони ҷавон, ташаккули малакаҳои илмӣ- тадқиқотӣ ва соҳавӣ равона карда шудааст. Дар кафедра расман бо иштироки кормандон дар тадқиқотҳои илмӣ аҳамияти хосае дода мешавад. Аз тарафи омӯзгорони кафедра зиёда аз 10 мақолаи илмӣ ва публистӣ, 12 дастури таълимӣ ва 20 барномаҳои фаннӣ таҳия ва ба чоп пешниҳод карда шудааст. Ҳамчунин дар ташкил ва гузаронидани конференсияҳо, семинару мизҳои мудаввар кафедра фаъол мебошад.
Кафедраи ҳифз дар ҳолатҳои фавқулодда ҳар сол тайёрии пеш аз дипломии курсантонро бо мақсади ҳосил намудани малакаи корӣ дар корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва истеҳсолӣ таҳти роҳбарии бевоситаи омӯзгорони кафедра ва мутахассисони варзидаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронад.
Кафедра бо мактабҳои олӣ ва институтҳои тадқиқотӣ-илмӣ ба мисли Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии ба номи М.С. Осимӣ, Институти физика ва техникаи ба номи С.У. Умарови АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон Институти геология, сохтмони ба заминчунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмхои Чумхурии Точикистон ва дигар муасиссаҳои таълимию илмӣ ҳамкории зич дорад.
Хулоса, саҳми устодону омӯзгорони кафедраи ҳифз дар ҳолатҳои фавқулодда оид ба тайёр намудани мутахассисони ҷавон дар соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ назаррас буда, дар оянда барои боз ҳам хубтар ба роҳ мондани сифати таълим барои донишандӯзии шунавандагон ва курсантони Академияи ВКД кафедраи мазкур фаъолияти худро ҷоннок менамояд.