ТАЪРИХИ КАФЕДРАИ ТАШКИЛИ ТАКТИКАИ ФАЪОЛИЯТИ ОПЕРАТИВӢ-ҶУСТУҶӮИИ ФАКУЛТЕТИ №6 АКАДЕМИЯИ ВКД ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Таърихи бунёди кафедраи ташкили тактикаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз таърихи мактаби миёнаи махсуси милитсияи Душанбегии ВКД ИҶШС, ки соли 1970 таъсис ёфтааст, сарчашма мегирад.
Таърихи пайдоиши кафедраи ташкили тактикаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ асосан аз чаҳор марҳилаи иборат мебошад.
Марҳилаи якум, фаъолияти кафедра дар ҳайати доираи фанҳои махсуси мактаби миёнаи махсуси милитсияи Душанбгии ВКД ИҶШС солҳои 1970-1991‑ро дар бар мегирад. Дар ин солҳо аз ҳисоби кормандони пуртаҷрибаи дар кори амалӣ фаъолияткунанда омӯзгорон даъват шуда, дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии мақомоти корҳои дохилӣ ба курсантон дарс меомӯзониданд.
Дар ин давра устодони зерин дар кафедра кору фаъолият доштанд: Куропаткин Е. С., Григорянс Г. Г., Семенов А. А., Сидоренко В. И., Середа С. Г., Лобачев В. П., Борисов В. П., Ҷонмамадов Х., Худоёрбеков Д., Саидов И.М., Трофимов А. А., Дмитриев А. М., Оврутский Л. И., Кинаш Н. С., Раҷабов И. И., Сафронов П. Е., Мажейко С. В., Ким Е. П. ва дигарон.
Дар ин марҳила роҳбарии кафедраи фанҳои махсус дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии МКД – ро шахсони зерин ба уҳда доштанд: Барисов Владислав Петрович (1970-1972); Семенов Алексей Акимович (1972-1974); Лобачев Виктор Петрович (1974-1981); Мирбозхонов Шониёз (1981-1982); Орлов Виктор Николаевич (1982-1984); Носиров Саидаҳмад Ҳафизович (1984-1987); Трофимов Александр Александрович (1987-1988); ва Дмитриев Анатолий Максимович (1988-1992).
Марҳилаи дуюм, дар ҳайати Мактаби Олии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1991 то 2000 кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии мақомоти корҳои дохилӣ мустақилона фаъолият мекард. Дар ин давра бо мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ тамоми маводи таълимии кафедра зина ба зина ба забони тоҷикӣ баргардонда шуд.
Дар ин давра ҳйати профессорону омӯзгорони кафедраро шахсони зеррин ташкил медоданд: Нумонов Х. И., Сафронов П. Е., Надеин С. В., Горячев А. Н., Дмитриев А. М., Темиров М. Б., Сулаймонов А. Л., Алиев Ш., Зуҳуров З. А., Азизуллоев Ш. С., Табаров Қ. А., Абиров А., Содиқов Р. Л., Худоёрбеков Д. ва дигарон.
Дар ин марҳила роҳбарии кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии МКД – ро шахсони зерин ба уҳда доштанд: Дмитриев Анатолий Максимович (1988-1992); Нумонов Хуршед Ишонкулович (1992-1993); и.в. сардори факултет Дмитриев Анатолий Максимович (1993- 1995); Алиев Шарифҷон (1995-1998); Сафронов Петр Егорович (1998-2000).
Марҳилаи сеюм, дар ҳайати Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии МКД аз соли 2000 то соли 2017. Дар ин давра устодони зерин дар кафедра кору фаъолият карданд: Алиев Ш., Азизуллоев Ш., Абиров А., Ҳикматов Ш. Х., Зуҳуров З. А., Самиев Н. М., Темиров М. Б., Ҳомидов С. С., Шарипов Ф. Р., Сатторов Б. Б., Назаров Р., Одинаев М., Маҷидов Р., Зокиров И., ва Зиёев Т.И, Билолов А. Н., Буракова З., Толибова Г. ва дигарон.
Дар ин марҳила роҳбарии кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии МКД – ро шахсони зерин ба уҳда доштанд: Алиев Шарифҷон (2000-2001); Ҳикматов Шомалик Ҳикматович (2001-2006); Маҳкамов Шодмон Ҳотамович (2006-2009); Тауров Сулаймон (2009-2010); Шарипов Файзалӣ Раҳмоналиевич (2010-2012); Ҳомидов Собирҷон Сафарович (2012-2014); Қурбонов Наҷмиддин Тоҷиддинович (2014-2014); Қосимов Файзалӣ Маҳмадович (2014-2016).
Марҳилаи чорум, кафедраи ташкили тактикаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии факултети № 6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2017 то имрӯз.
Бинобар дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо кумаку дастгирии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, дотсент, ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз 19 июли соли 2017 кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба факултети № 6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд. Дар сохтори факултети № 6 Академияи ВКД кафедраи ташкили тактикаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ таъсис дода шуд.
Дар ин давра дар кафедра проффесорону омӯзгорони зерин кору фаъолият кардаистодаанд: Абдулло А. Р., Ҳасанзода Н.Э., Шарифзода У. Ш., Сатторзода Б. Б., Савров А. Ш., Алимзода Д. А., Қурбонова М. А., Сангов Д. Б., Шарифзода Ф. Р., Ҳафиззода Ш. Х., Амрудинзода М. А., Нозирӣ Н. А., Самиев Н. М., Собирзода А. Ҷ., Одилзода Х. А., Маъруфиён Б. М., Назаров Н. Б., Аҳтамшозода С. А., Одиназода И. А., Ҳайдарзода З. П., Ятимзода А. М., Раҷабалиён А. А. Зарифзода Б. М., Қосимов П. Б. ва дигарон.
Дар ин марҳила роҳбарии кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии МКД – ро шахсони зерин ба уҳда доштанд: Аҳтамшозода Саидмуҳаммад Аҳтамшо (2017 ‑ 2022).
Аз моҳи марти соли 2022 то имрӯз роҳбарии кафедра ба уҳдаи номзади илмҳои ҳуқуқ, майори милитсия Абдулло А. Р. мебошад.
Абдулло Абдулло Раҳматулло (таваллуд 30 августи соли 1991, н. Бохтар (ҳоло Кӯшониён), омӯзгор, номзади илмҳои ҳуқуқ (2021). Хатмкунандаи факултети № 2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон (2013), муаллими кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети № 2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон (2013‑2016), адъюнкти кафедраи назарияи давлат ва ҳуқуқии Донишгоҳи ВКД Федератсияи Россия дар ш. Санкт-Петербург (2016‑2019), унвонҷӯи кафедраи назарияи давлат ва ҳуқуқии Донишгоҳи ВКД Федератсияи Россия дар ш. Санкт-Петербург (2019‑2021). Аз моҳи апрели соли 2021 дотсенти кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети № Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон. 18 феврали соли 2021 рисолаи номзадиашро дар Шӯрои диссертатсионӣ дар назди Академияи идоракунии ВКД Федератсияи Россия (ш. Москва) ҳимоя намудааст. Мавзуи рисолаи номзадӣ: «Правоохранительная система в условиях трансформации политико-правовой организации современного государства (на примере Республики Таджикистан) (Системаи ҳифзи ҳуқуқ дар шароити таҳаввули сохтори сиёсӣ‑ҳуқуқии давлати муосир (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон))» аз рӯйиихтисоси 12.00.01 – назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат; таърихи таълимот оид ба ҳуқуқ ва давлат. Муаллифӣ 2 монография ва зиёда аз 40 мақолаҳои илмӣ.
Яке аз хусусиятҳои хосси кафедраи ташкили тактикаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз он иборат аст, ки барои гузаронидани дарсҳо аз фанни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии мақомоти корҳои дохилӣ омӯзгорон бояд ҳатман иҷозатномаи махсус дошта бошанд. Санадҳои меъёри ҳуқуқие, ки фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯиро ба танзим медароранд ва дониши назариявию амалии устодон бояд ба талаботҳои пешниҳодшуда ҷавобгӯ бошанд.
Айни замон ҳайати профессорону омӯзгорони кафедра дар факултетҳои №№ 2, 3, 5 ва 6 Академияи ВКД аз фанҳои зерин дарс мегузаранд:
‑ Низоми махфӣ;
‑ Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ;
‑ Таҷҳизоти махсус.
Дар фаъолияти педагогиашон устодони кафедра барои баланд бардоштани савияи дониши хеш, обрӯи муассисаи таълимӣ дар тайёр намудан ва истифодаи усулҳои гуногуни таълимӣ ҳиссагузор мебошанд. Барномаҳои таълимӣ ва дастурҳои таълимию методие, ки омӯзгор дар ҷараёни фаъолияташ оид ба фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ тайёр мекунанд аз таҷрибаи бойи кории амалии худ дар ин самт гувоҳӣ медиҳад. Аз ин ҷиҳат омӯзиши фанни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи мутахассисони ин соҳа ба маврид мебошад.
Дар корҳои методии кафедра шаклҳои таълимии ҳозиразамон ба монанди бозиҳои машқии ба вазъияти оперативӣ вобастабуда, кор бо таҷрибаомӯзон, дарсҳои амалӣ дар дастгоҳҳои оперативӣ ва ғайраҳо истифода мешаванд. Ҳайати шахсии факултет дар иҷрои вазифаҳои ВКД оид ба профилактикаи ҷиноятҳо, муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ, фаъолона иштирок мекунанд. Кормандони кафедра чорабиниҳоро дар самти бардоштани сифатҳои касбӣ ва шаҳрвандии курсантон ҳар гуна чорабиниҳо ва корҳои кураториро амалӣ менамоянд, ки ин аз саҳми устодон дар тарбияи курсантон дарак медиҳад.
Омӯзгорони кафедра байни курсантон обрую эҳтироми калон доранд. Дониши хубу нозукиҳои хизматӣ, қарзи виҷдон, маҳорати баланди касбии онҳо намунаи арзанда барои шунавандагон ва курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Асоси ифтихории кафедра – ин кормандони дорои савияи баланди касбӣ, ки гавҳари тиллоии факултетро ташкил медиҳанд, ба ҳисоб мераванд. Зеро, аксарияти онҳо шахсиятҳои поквиҷдону бомаърифат буда, бо ин васила номи некашон пайваста вирди забонҳост.
Аз солҳои аввали таъсисёбӣ то ба имрӯз кафедра дар тайёр намудани мутахассисони болаёқати мақомоти корҳои дохилӣ барои дастгоҳҳои оперативӣ, тафтишоти мақомоти корҳои дохилӣ саҳми арзанда гузошта истодааст.
Суроға: 735424 Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи М. Мастонгулов 3.
Тел: :+ (992 37) 226-60-42, факс: 226-32-81