Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ

607Муҳаммад Саъдӣ Абдураҳмон
Сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент.
Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон (соли 2019)
Подполковники милитсия (соли 2019)
Суроға: 734024, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, к.Мастонгулов 3,

Бинои В, ошёнаи 2, утоқи 210. Телефонҳо: (+992) 93-922-50-86, (+992 37) 226-60-42.
Муҳаммад Саъдӣ Абдураҳмон – нмзади илмҳои сиёсӣ, подпалковники милитсия. Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон (2019). Факулати ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Славянии Россия ва Тоҷикистонро соли 2008 хатм намудааст. Баъди хатми Донишгоҳ ба ҳайси аспиранти шуъбаи рӯзонаи таърих ва таҳқиқи низоъҳои минтақавии Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ фаъолият намудааст. Баъди хатми аспирантура рисолаи номзадиро дар мавзуъи «Муколама ҳамчун механизми ҳалли низоъҳои иҷтимоию сиёсӣ» (таҷрибаи Тоҷикистон) дифоъ намудааст.
Аз соли 2012 то 2014 дар Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаи афсари шуъбаи ҳамкории Раёсати ҳамкории байналмилалӣ қарзи фарзандии худро адо намудааст. Баъдан дар Маркази таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати афсари калон (омӯзгор) хизмат намудааст. Аз соли 2014 то 28 октябри соли 2020 дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултет №2 Академия ВКД ҶТ фаъолият намдааст.
Муҳаммад С. А. муаллифи 3 монография, 5 кори методӣ-таълимӣ ва зиёда аз 40 мақолаҳои илмӣ-таҳкиқотӣ мебошад, ки дар ҷанбаҳои гуногуни масъалаҳои амният, соҳибистиқлолии Тоҷикистон, низоъшиносӣ, муколамаи сиёсӣ, рамзҳои сиёсӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ рӯи чоп омадаанд. Зеро раҳбории ӯ 2 нафар рисолаҳои номзадӣ аз рӯи ихтисоси илмҳои сиёсӣ дифоъ намудаанд.

Кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ

Кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ яке аз сохторҳои муҳими Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Вазифаи асосии кафедра ташкил ва пешбурди корҳои таълимӣ, илмӣ-тадқиқотӣ ва тарбиявӣ буда, масъули тайёр намудани мутахассисони баландихтисос барои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ба шумор меравад.
Лозим ба ёдоварист, ки кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ ҳанӯз бо баробари таъсиси Мактаби миёнаи махсуси милитсияи Душанбегии ВКД ИҶШС (СССР) соли 1970 бо номи сикли «Фанҳои ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқӣ» арзи ҳастӣ намуда буд. Сикли мазкур дар ибтидо на танҳо фанҳои ҷомеашиносӣ, балки ҳуқуқӣ ва фанҳои таълимиро аз забонҳои тоҷикӣ ва русӣ муттаҳид менамуд. Аввалин омӯзгороне, ки ба ҳайати сикли мазкур шомил буданду ҷараёни таълиму тарбияро аз фанҳои таълимии кафедра таъмин менамуданд, аз қабили Барсуков П.И., Строкова С.Я., Пономареко В.А., Бородин А.С., Борисов И.И., Иванов З.А. мебошанд.
Аз ибтидо дар сикли мазкур дар бахши фанҳои ҷомеашиносӣ фанҳои таълимии таърихи КПСС (ҲКШС), таърихи СССР (ИҶШС), иқтисоди сиёсӣ ва атеизми илмӣ дарс дода мешуданд. Аввалин иҷрокунандаи вазифа, сипас сардори сиклро Понаморенко Владимир Александрович ба ӯҳда дошт, ки тибқи фармони сардори Мактаби миёнаи махсуси милитсияи Душанбегии ВКД ИҶШС аз 15.04.1971 таин шуда, то 06.04.1974 адои вазифа кардааст. Аз моҳи апрел то июни соли 1971 ба ҳайати сикли мазкур омӯзгорони нав аз қабили Романов Н.А., Леков Ю.Н. ва Кудрик А.Г. ба кору фаъолият оғоз намудаанд. Минбаъд бо зиёд гардидани гурӯҳҳои таълимӣ ва ба нақшаи таълимӣ ворид гардидани фанҳои нави таълимӣ доираи аъзоёни сикл аз ҳисоби омӯзгорони соатбайъ меафзуд.

Аз чап ба рост Муҳаммад С. А., Расулзод Л. Х., Сафарзода М. М., Султонзода В. И., Бойзода Ҷ. Ҷ,, Самиъзода Б. С., Гадозода М. ва Бобоев С.Б.
Вазъияти мазкурро ба назар гирифта роҳбарияти онвақтаи муассиса ба қароре омаданд, ки ҳайати сикли мазкурро аз ҳисоби омӯзгорони ботаҷриба пурра намуда, ҷараёни таълиму тарбияро ҳамаҷониба таъмин намоянд.
Ин буд, ки дар давоми солҳои 1974 - 1976 ба ҳайати кафедра ба сифати омӯзгорони доимӣ Шипилов Р.Р., Строков Г.А., Холова Н.А. ва Османова А.М. бошад, ба сифати омӯзгори соатбайъ ба кор таъйин гардиданд.
Тибқи фармони сардори Мактаби миёнаи махсуси Душанбегии милитсияи ВКД ИҶШС аз 08.09.1974 Саидов А. иҷрокунандаи вазифа ва аз соли 1975 сардори сикли фанҳои ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқиро ба уҳда дошт.
Бояд қайд намуд, ки аз соли 1975 сикли фанҳои ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқӣ ба сикли мустақил, сикли фанҳои ҷомеашиносӣ табдил дода шуд ва аввалин сардори он Саидов Элмурод Саидович таъин гардида, то моҳи феврали соли 1977 ин вазифаро ба уҳда дошт.
Бо роҳхати маъмурият ва кумитаи ҳизбии Донишкадаи тиббии Тоҷикистон ба номи А.И.Сино аз 04.02.1977 барои кору фаъолият Абдуллоев Р.А. ба Мактаби миёнаи махсуси Душанбегии милитсияи ВКД ИҶШС фиристонида шуд.
Тибқи фармони сардори Мактаби миёнаи махсуси Душанбегии милитсияи ВКД ИҶШС, Абдуллоев Р.А. аз 01.02.1977 иҷрокунандаи вазифаи сардори сикл, сипас сардори сикл таъин гардида, то моҳи майи соли 1980 ин вазифаро ба уҳда дошт.
Бо мақсади тарбияи мутахассисони болаёқат барои фаъолият дар самтҳои гуногуни МКД, алалхусус дар бахши мубориза ба муқобили ҷиноятҳои иқтисодӣ, дуздиву тороҷ намудани моликияти ҷамъиятӣ аз ибтидои солҳои 80 асри ХХ зарурате пеш омад, ки соатҳои таълимии фанни «Назарияи иқтисодӣ» зиёд карда шаванд.
Ин боиси он гардид, ки ба ҳайати сикли мазкур мутахассисони касбӣ ва дигар омӯзгорони ботаҷриба аз дигар мактабҳои олии ҷумҳурӣ ба монанди Исмоилов У.Н., Раҳматов И.Р., Ёқубов М.Х., Тен Т.В., Овчаренко А.И., Иброҳимов И., Махнюк О.В. барои кору фаъолият ҷалб гардиданд.
Тибқи фармони сардори Мактаби миёнаи махсуси Душанбегии милитсияи ВКД ИҶШС аз 21.05.1980 Зикриёев Улмас Ҷӯраевич, майори милитсия роҳбарии сикли фанҳои ҷомеашиносиро ба уҳда дошт. Бояд қайд намуд, ки дар тӯли ин солҳо бо сабабҳои гуногун: беморӣ, нафақа, иваз намудани ҷои истиқомат, барои идомаи фаъолияти минбаъда дар корҳои амалӣ, чанде аз омӯзгорони сикл аз қабили Барсуков П.Н., Строкова С.А., Пономаренко В.А., Арифов М.Ю., Блохин А.В., Боронов И.И. ва дигарон аз кор рафтаанд.
Роҳбарии сикли фанҳои ҷомеашиносиро аз моҳи июни соли 1984 то июли соли 1986 Ёқубов Мукамил Холович ба уҳда дошт.
Бояд қайд намуд, ки аз моҳи июли соли 1986 сикли фанҳои ҷамъиятӣ ба сикли иҷтимоӣ - иқтисодӣ номгӯзорӣ карда шуда, сарварии онро аз соли 1986 то соли 1988, майори милитсия Холова Надежда Антоновна ба уҳда дошт.
Лозим ба ёдоварист, ки то ибтидои солҳои 90 асри ХХ ба ҳайати сикли фанҳои ҷамъиятӣ ва иҷтимоӣ иқтисодӣ, фанҳои забоншиносӣ низ шомил буданд. Бо ворид гардидани қӯшунҳои маҳдуди ИҶШС ба кишвари Афғонистон зарурати тайёр намудани мутахассисони касбии донандаи забони дарӣ - тоҷикӣ ба миён омад, ки дар доираи сикли мазкур «Бюрои тарҷумонии ВКД ИҶШС» таъсис дода шуда, сарварии онро, тибқи фармони сардори Мактаби миёнаи махсуси Душанбегии милитсияи ВКД ИҶШС аз 04.12.1988 омӯзгори сикл Миров С.М. ба ӯҳда гирифт.
Аз моҳи августи соли 1988 то соли 1990 вазифаи сардори сиклро аз нав Абдуллоев Р.А. ва аз соли 1990 вазифаи сардори сиклро то охири соли 1991 Нарулин В.С. ба уҳда дошт.
Таҳаввулоти солҳои 90 асри ХХ боиси пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва соҳибистиқлол гардидани собиқ ҷумҳуриҳои он гардид, ки аз ин дигаргуниҳо Тоҷикистон низ дар канор намонд. Ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, гузаронидани тағйироти куллиро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар, аз ҷумла дар сохтори ВКД ва муассисаҳои таълимии он ба миён гузошт. Зиёда аз ин масъалаи омода намудани мутахассисони касбии маҳаллӣ барои ҷузъу томҳои ВКД - ҳимоятгарони ҳуқуқу озодӣ, ҳаёти осоиштаи мардум ва дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ ба яке аз масъалаи муҳими рӯз мубаддал гардид.
Тибқи қарори Кабинети Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №372 аз 23 декабри соли 1992 Мактаби Олии Душанбегии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Бо таъсиси Мактаби Олии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои ташкилии он сикли фанҳои ҷамъиятӣ ва иҷтимоӣ - иқтисодӣ ба сикли фанҳои ҷамъиятӣ номгузорӣ карда шуда, аз соли 1992 то соли 1993 сарварии онро аз нав Абдуллоев Р.А. ба ӯҳда дошт.
Аз моҳи январи соли 1993 бо сабаби ба нақшаи таълимӣ ворид гардидани фанҳои нави таълимӣ, сикли фанҳои ҷамъиятӣ ба кафедраи «Сиёсатшиносӣ, фалсафа ва фанҳои иқтисодӣ» номгузорӣ карда шуда, сарварии онро, номзади илмҳои таърих, майори хизмати дохила Абдулов А.М. ба ӯҳда дошт.
Лозим ба ёдоварист, ки давроне, ки Абдулов А.М. сарварии кафедраро ба уҳда гирифт, дар ҷумҳурӣ ҷанги шаҳрвандӣ идома дошту сафҳои мақомот ва муассисаҳои таълимии онро, аз ҷумла Мактаби Олии ВКД бо сабабҳои объективӣ ва субъективӣ қисми зиёди кормандон тарк намуда буданд. Дар ин вақт дар кафедра чор омӯзгор Абдулов А.М., Абдуллоев Р.А., Воҳидов У.В., Зикриёев У.Ҷ. ба ивази 9 воҳиди корӣ фаъолият менамуданд. Сарвари кафедра Абдулов А.М., ки шахси кордону ташкилотчӣ ва олими нуқтасанҷ буд, тавонист бо заҳмати зиёд дар кӯтоҳтарин мӯҳлат ба ин боргоҳи касбу ҳунар мутахассисон, омӯзгорони ботаҷрибаро аз дигар мактабҳои олии ҷумҳурӣ даъват намуда, ҳайати кафедраро пурра намояд. Чунин кӯшишу заҳматҳо буд, ки аз моҳи январи соли 1993 то моҳи ноябри соли 1993 ба ҳайати кафедра омӯзгорони ботаҷриба аз қабили Розиқзода А.Ш., Назаров Н.Ҷ., Ҷӯраев Р.З. ва Шарипов С.А. даъват гардида ба фаъолият оғоз намуданд. Аз ибтидои соли 1994 кафедра аз ҷиҳати мутахассисон пурра гардид, ки ҳайати онро 1 доктори илмҳои иқтисодӣ Воҳидов У.В., чор номзадони илмҳои таърих Розиқзода А.Ш., Абдулов А.М., Назаров Н.Ҷ. ва Абдуллоев Р.А. ташкил медод, ки ҷараёни таълимро бо савияи баланди илмиву методӣ таъмин менамуданд.
Тибқи фармони сардори Мактаби Олии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №197 аз 21.09.94 кафедраи «Сиёсатшиносӣ, фалсафа ва фанҳои иқтисодӣ» ба кафедраи «Фанҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ» номгузорӣ карда шуд. Дар тӯли солҳои 1995-2000 ба ҳайати кафедра омӯзгорони ҷавон Асламов Б.С., Шоев Б.П. ва Боев Ҷ.Ҷ. қабул карда шуданд.
Бо мақсади самаранокӣ ва таъмини ҷараёни босуботи таълим аз ибтидои соли 1995 ба кафедра синфхонаҳои таълимӣ ҷудо карда шуд ва ба ҳайати воҳиди кории он вазифаи сардори синфхонаи таълимӣ ворид карда шуд, ки ин вазифаро аз ҳамон давра шахсони зерин ба уҳда доштанд: Буриев Б.Х., лейтенанти калони милитсия (1995-1997), Абдуллоев У.И., старшинаи милитсия (1997-1999), Боев Ҷ.Ҷ., лейтенанти калони милитсия (1999-2002), Холиқов Ҳ.М., лейтенанти милитсия (2002-2004) , Абудллоева С. Р., лейтенанти калони милитсия (2005-2012), Иброҳимов С., лейтенанти милитсия (2012-2013) лейтенанти милитсия Султонов В.И. (2014-2018) ва аз соли 2019 инҷониб, лейтенанти калони милитсия Абдуллозода С.А. ба уҳда доранд.
Минбаъд фаъолияти кафедраро шахсони зерин роҳбарӣ намудаанд: Абдуллоев Р.А., номзади илмҳои таърих (1997-1999), Ализода Б.П., номзади илмҳои филология, иҷрокунандаи вазифаи сардори кафедра, лейтенанти калони милитсия (1999-2000), Розиқзода А.Ш., доктори илмҳои таърих, полковники милитсия (2000-2005), Абдулов А.М., номзади илмҳои таърих, полковники милитсия (2005-2007), Ҷураев Р.З., номзади илмҳои фалсафа, полковники милитсия (2007-2015), Бойзода Ҷ.Ҷ., полковники милитсия (2015-2020).
Аз санаи 28 октябри соли 2020 то инҷониб кафедраро Муҳаммад С.А., н.и.с., дотсент, подполковники милитсия роҳбарӣ мекунанд.
Дар рушду такомули кафедра, дар тӯли фаъолияти он, кормандон ва омӯзгорони зерин ба монанди: номзади илмҳои таърих, Абдуллоев Р.А., доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Воҳидов У.В., доктори илмҳои таърих Розиқзода А.Ш., доктори илмҳои фалсафа, профессор Сайфуллоев Н.М., доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Назаров Н.Ҷ, номзади илмҳои таърих Абдулов А.М., номзади илмҳои филология Ализода Б.П., номзади илмҳои фалсафа., Ҷӯраев Р.З. ва омӯзгорони ботаҷриба ба монанди: Шоев Б.П., Бойзода Ҷ.Ҷ., Самиъзода Б.С., Сафарзода М.М., Муҳаммад С.А. ва дигарон саҳми арзанда гузоштаанд.
Кафедра аз он ифтихор дорад, ки дастпарварони он имрӯз олимони варзидаи ҷумҳурӣ буда, дар вазифаҳои баланди роҳбарикунанда қабили: Розиқзода А.Ш., доктори илмҳои таърих, генерал-майори милитсия, ки имрӯзҳо Раиси Комиссияи Олии Аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро сарварӣ менамоянд, Назаров Н.Ҷ., доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники мустаъфӣ, котиби илмии Институти омӯзиши масъалаҳои Осиё ва Аврупои АМИТ ва Ализода Б.П., сарходими илмии Донишкадаи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият доранд.
Қайд намудан лозим аст, ки дар давоми солҳои 2005 то 2016 дар ҳайати кафедра шахсони зерин: Абдуллоев Т.Ҳ., Расулов М., Ҳакимова Г., Ташрифзода Ф., Садриддинов С., Муҳаммадиев Д., Неъмонов Б., Толибова Г., Шерова Р. ва Олимова Б. дар вазифаҳои гуногун кору фаъолият намудаанд.
Имрӯз воҳиди штатии кафедра аз нӯҳ нафар иборат мебошад, ки шахсони зерин сардори кафедра – Муҳаммад С.А., н.и.с., дотсент, подполковники милитсия, Бойзода Ҷ.Ҷ.,-дотсенти кафедра, полковники милитсия, Самиъзода Б.С.. – дотсент (аз ҳисоби профессор)-и кафедра, подполковники милитсия, Сафаров М.М. - омӯзгори кафедра, майори милитсия, Гадозода М. –муаллими калони кафедра., н.и.филологӣ., майори милитсия., Расулзод Л. Х., - омӯзгори кафедра капитани калони милитсия, Султонов В.И. - омӯзгори кафедра капитани милитсия, Абдуллозода С. А.- сардори синфхонаи таълимии кафедра, лейтенанти калони милитсия, Бобоев С. Б. – корманд мутахассиси кафедра ва номзади илмҳои фалсафа Комилов Д., н.и.т. Раҳмонзода А., н.и.п.-Қаюмзода Г., н.и.г., Бегматов А., Шоев Б.П., Одинаев С., Одинаев Ш.И. Адолатов И., Мунавваров Б. ва Пудинаев У., бошанд, (ба ҳайси ҳамкор) кору фаъолият доранд.

608

Ҳайати профессорону омӯзгорони кафедра кӯшишу ғайрати худро барои пешбурди корҳои таълимӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, илмӣ-методӣ ва тарбиявӣ равона намуда, масъули тайёр намудани кадрҳои баландихтисос барои ҷузъу томҳои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Аз ҷониби омӯзгорони кафедра манаграфияҳо, китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, воситаҳои таълимӣ, барномаҳои таълимӣ, силлабусҳо омода шудаанд, ки дар ҷараёни таълиму тарбия дар Академияи ВКД ва дигар мактабҳои олии ҷумҳурӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд. Кафедра дар миқёси Академия ва дигар ҷузъу томҳои ВКД пайваста конференсияву мизҳои мудаввар ва дарсҳои хизматию вохӯриҳоро созмон медиҳад.
Кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ раванди таълиму тарбияро дар факултетҳои № 2, 3, 5, 6 ва шуъбаи адъюнктураи Академия аз рӯи 13 фанҳои таълимӣ ба монанди: таърихи халқи тоҷик, таърихи МҲҲ, диншиносӣ, фарҳангшиносӣ, географияи Тоҷикистон бо асосҳои демографии он, фалсафа, фалсафаи илм, назарияи иқтисодӣ, ахлоқи касбӣ, мантиқ, сотсиология, низоъшиносӣ ва сиёсатшиносӣ таъмин менамояд.





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...