Таъсисёбӣ ва фаъолияти факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мансурзода Амиршоҳ Мансур – сардори факултети №2 Академияи ВКД
Аълочии милитсияи Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, подполковники милитсия.
Факултети №2 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ихтисоси «Ҳуқуқшиносӣ» ва тахассуси «Ҳуқуқшинос», тибқи Фармони Вазорати корҳои дохилӣ таҳти №548 бо замима аз 30 сентябри соли 2002 таъсис ёфтааст. Бинобар зарурати хизматӣ ба воҳидҳои штатии факултети №2Академия якчанд маротиба тағйироту иловаҳо ворид карда шудааст. Айни замон воҳидҳои кории факултети №2 чунинанд: роҳбарияти факултет - сардор ва муовинони сардори факултет, қисми таълимии факултет – сардор, омӯзгор-методистӣ калон 1 нафар, омӯзгор-методист 2 нафар ва корманд мутахассис як нафар кору фаъолият доранд.
Роҳбарии факултетро аз рӯзи аввали таъсисёбиаш (моҳи декабри соли 2003 то сентябри соли 2005), майори милитсия Отабоева Лола Ортуковна ба ӯҳда доштанд. Аз моҳи сентябри соли 2005 то моҳи апрели соли 2007, полковники милитсия Хайров Маҳмадулло Хайрович ба вазифаи сардори факултети №2, таъин шуда кору фаъолият намудааст. Аз моҳи апрели соли 2007 то моҳи августи соли 2009, дотсент, полковники милитсия Ғафуров Миршафе Ҳамидович роҳбарии факултетро ба ӯҳда доштанд. Аз моҳи августи соли 2009 бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, подполковники милитсия (аз 08.05.2010 полковники милитсия) Раҷабов Равшан Муҳитдинович то соли 2012 ба ҳайси сардори факултети №2 фаъолият кардааст.
Аз соли 2012 то 2014 роҳбарии факултети мазкурро н.и.ҳ., подполковники милится Шарифов Файзалӣ Рахмоналиевич (айни замон Шарифзода Ф.Р.) ба уҳда дошт. Аз моҳи апрели соли 2014 то моҳи апрели соли 2019 вазифаи сардори факултети №2-ро н.и.ҳ., полковник милитсия Алиев Алиҷон Шарифович (айни замон Ализода А.Ш.). Аз соли 2019 то мохи августи соли 2022 н.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия Сафарзода Ҳаёт Сайдамир ба уҳда дошт. Аз 26 августи соли 2022 вазифаи сардори факултети №2-ро Аълочии милитсияи Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, подполковники милитсия Мансурзода А.М., то инҷониб вазифаи мазкурро иҷро намуда истодааст.
Дар ҳайати факултети №2 кафедраҳои Фанҳои ҷамъиятӣ, Фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ, Ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психология, Мурофиаи ҷиноятӣ ва криминалистика, Ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии мақомоти корҳои дохилӣ, Фанҳои ҳуқуқии гражданӣ, Забонҳо, Тайёрии ҳарбӣ ва омодагии ҷисмонӣ ва инчунин курсҳои воҳиди таълимӣ-низомӣ фаъолият менамоянд.
Самти асосии фаъолияти кории факултети №2 дар мадди аввал тайёр намудани мутаххасисони баландихтисос, соҳибмаърифат ва ҷавобгӯи талаботи замони муосир барои ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар мебошад.
Аз рӯзи таъсисёбии факултети №2 то охири соли таҳсили 2007- 2008 ба курсантон аз рӯи Нақшаи таълимии ягона раванди таълим ба роҳ монда шуда буд (яъне курсантони курси 2, баъди таҳсили 4 нимсолаи хониш ба самтҳои алоҳида тақсим намешудаанд). Аз аввали соли таҳсили 2008- 2009, бо ташаббуси бевоситаи сардори факултети ҳамонвақта, дотсент, полковники милитсия Ғафуров М.Ҳ., Нақшаи кори таълимии факултети №2 барои 3 самт «Тафтишот», «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» ва «Фаъолияти маъмурии мақомоти корҳои дохилӣ» омода карда шуд. Асоси тақсимотро барои самт, ихтисосҳои дар боло зикршуда натиҷаи хониш, давомот ва интизоми таълимӣ-хизматии курсантон дар 4 нимсолаи таҳсилашон ташкил дода, курсантон аз аввали нимсолаи 5 таҳсил, яъне аз оғози курси 3 ба самтҳо (ихтисос) тақсим карда шуда таҳсилро давом медиҳанд.
Аз соли 2014 инҷониб бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим, мувофиқ гардонидани он ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ва тақвият бахшидани суръатнокии фаъолияти омӯзгорону курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба системаи таълимии балонӣ (системаи кредитӣ) гузашт.
Тибқи Нақшаи кории таълимии факултети №2, мӯҳлати таҳсил дар факултет 5 сол буда, барои курсантон дар бахшҳои Фанҳои умумигуманитарӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, Фанҳои умумиматематикӣ ва илмҳои дақиқ, Фанҳои умумиихтисосӣ, Фанҳои тахассусӣ, Фанҳое, ки дар давраи ҷамъомади лагерӣ ва Фанҳои факултативӣ омӯзиши фанҳои зерин пешниҳод карда мешавад: Таърихи халқи тоҷик, Фалсафа, Забони тоҷикӣ, Забонӣ русӣ, Забонӣ хориҷӣ, Назарияи иқтисодӣ, Сиёсатшиносӣ, Сотсиология, Этикаи касбӣ, Фарҳангшиносӣ, Асосҳои демография, Низоъшиносӣ, Информатика, Консепсияи табиатшиносии муосир, Ҳуқуқи экологӣ ва аграрӣ, Мантиқ, Назарияи давлат ва ҳуқуқ, Таърихи давлат ва ҳуқуқи Тоҷикистон, Таърихи давлат ва ҳуқуқи мамлакатҳои хориҷа, Ҳуқуқи конститутсионии Тоҷикистон, Ҳуқуқи конститутсионии мамлакатҳои хориҷа, Ҳуқуқи маъмурӣ, Ҳуқуқи гражданӣ, Ҳуқуқи оилавӣ, Ҳуқуқи меҳнат, Ҳуқуқи ҷиноятӣ, Ҳуқуқи байналхалқӣ, Ҳуқуқи ислом, Низоми махфӣ, Системаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Психологияи касбӣ, Муқаддимаи ихтисос, Таъмини ҳуқуқи инсон дар фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, Мурофиаи гражданӣ, Тибби судӣ ва психиатрия, Таҳқиқи ибтидоӣ, Криминология ва пешгирии ҷиноятҳо, Ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, Таҷҳизоти махсуси мақомоти корҳои дохилӣ, Назорати прокурорӣ, Квалификатсияи ҷиноят, Тайёрии тактикаи махсус, Асосҳои идоракунӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ, Тайёрии оташфишонӣ, Тайёрии ҷисмонӣ, Тайёрии ронандагӣ, Асосҳои бақайдгирии бухгалтерӣ ва ташхиси бухгалтерияи судӣ, Мудофиаи шаҳрвандӣ, Топографияи ҳарбӣ, Тайёрии низомӣ, Оинномаҳои ВКД ва қувваҳои мусаллаҳ, Тайёрии тиббӣ, Тактикаи умумӣ, Тайёрии оташфишонӣ, Тайёрии ҷисмонӣ ва ғ.
Аз ин лиҳоз, қайд кардан зарур аст, ки курсантони факултети № 2, мувофиқи Нақшаи кории таълимӣ, ки зиёда аз 70 52 фанни таълимиро ташкил медиҳад дар 5 соли таҳсил дарсҳои ҳатмӣ мебошад, аз ин 8 фанни таълимӣ дар давраи ҷамъомади саҳрои-таълимӣ ва 5 фанни таълимӣ пас аз дарсҳои ҳатмӣ дар машғулиятҳои факултативӣ мавриди омӯзиш қарор мегиранд.
Инчунин, мувофиқи Нақшаи кории таълимии факултети № 2, бо курсантони факултет, баъди анҷоми сессияи тобистона таҷрибаомӯзӣ дар шӯъбаи корҳои дохилии базавӣ ба мӯҳлати 4 ҳафта гузаронида мешавад, аз ҷумла:
1) курсантони курси 2 дар самти Ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ба сифати нозирони минтақавӣ;
3) курсантони курси 3 ва 4 аз рӯи самтҳои Ихтисос, мувофиқи гурӯҳҳои таълимӣ ҷалб мешаванд.
Бо курсантони курси 5 бошанд, баъди хатми пурраи машғулиятҳои назариявӣ дар нимсолаи 9 аз рӯи самтҳои «Тафтишот», «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии мақомоти корҳои дохилӣ» ва «Фаъолияти маъмурии мақомоти корҳои дохилӣ» машқҳои оперативӣ-тактикӣ гузаронида шуда, баъди анҷоми он ба шӯъбаи корҳои дохилии базавӣ ба мӯҳлати 10 ҳафта ба таҷрибаомӯзӣ фиристода мешаванд.
Имрӯзҳо дар факултети № 2 тибқи воҳидҳои корӣ зиёда аз 65 нафар ҳайати профессорону омӯзгорони доимӣ дар 8 кафедра фаъолият менамоянд, ки аз инҳо зиёда 15-нафар унвони илмӣ доранд.
Маълумоти муфассал вобаста ба фаъолияти кафедраҳои факултети № 2 (кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ, кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психология, кафедраи мурофиаи ҷиноятӣ, кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ, кафедраи забонҳо, кафедраи фанҳои ҳуқуқӣ-ғражданӣ, кафедраи тайёрии махсус ва омодагии ҷисмонӣ) дар сомонаи Академияи ВКД иловатан дарҷ гардиааст.