Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

fak4Ғафурӣ Меҳриддин Садриддинзода сардори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия.
Ғафурӣ Меҳриддин Садриддинзода 05 июли соли 1978 дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Соли 1998 ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факултаи ҳуқуқшиносӣ дохил шуда, соли 2003 онро бо муввафақият хатм намудааст. Дар мақомоти корҳои дохилӣ аз соли 2003 фаъолият карда истодааст. Аз соли 2003 то 2009 муаллими кафедраи назарияи давлат ва ҳуқуқ;
Соли 2009 ба адъюнктураи Академияи Идоракунии Федератсияи Руссия дохил шуда, онро соли 2013 хатм намуда, рисолаи номзадиашро дар мавзȳи «Конституционно-правовая ответсвеность органов государственной власти в Республике Таджикистан» ҳимоя намуджа соҳиби унвони номзади илмҳои ҳуқуқ гардид.
Аз соли 2014 то соли 2022 сардори кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №6 Академияи ВКД.
Аз 26 августи соли 2022 то инҷониб сардори факултети №4 Академияи ВКД.

Аз таърихи инкишоф ва ташаккулёбии факултети №4-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШӮРОИ ОЛИМОНИ ФАКУЛТЕТИ №4
Бо мақсади дастаҷамъӣ (коллегиалӣ) дида баромадани масъалаҳои фаъолияти асосӣ дар факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми басолоҳияти интихобӣ - Шурои олимон, таҳти роҳбарии сардори факултети №4, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Ғафурӣ М.С., фаъолияти худро пеш мебарад.
Шурои олимони факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси Оинномаи Академия ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намуда, дар баробари таъсиси факултети Хуҷандии мактаби олии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 августи соли 1994 таҳти № 388 (ҳозира факултети №4), фаъолияти худро пеш мебарад.
Вазифаи асосии Шурои олимон аз ҳамоҳанг намудани нерӯи ҳайати профессорону омӯзгороне, ки барои таъмин ва такмили ҷараёни таълим равона карда шудааст, иборат мебошад.
Аъзоёни Шурои олимон, олимон ва сардорони шуъбаҳо ва ҷузъу томҳои факултети №4 интихоб мегарданд. Фаъолияти Шӯрои олимон тибқи нақшаи солона сурат мегирад. Дар ҷаласаҳои Шӯрои олимон масъалаҳои асосии фаъолияти факултети №4 Академия дар самтҳои таълиму тарбия ва илм, инчунин оид ба тайёр намудани мутахассисон барои мақомоти корҳои дохилӣ, мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

41241241ОДИНАЗОДА ИСФАНДИЁР АҲМАД- муовини сардори факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қисми таълим
Одиназода Исфандиёр Аҳмад, 2 феврали соли 1991 дар шаҳри Душанбе, дар оилаи зиёи, таваллуд шудааст.
Муовини сардори факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қисми таълим роҳбарӣ, таҳлил ва назорати ҷараёни таълим ва фаъолияти илмии қисми таълим ва кафедраҳоро ба уҳда дорад. Инчунин дар ҳамоҳангӣ бо қисми таълим ва кафедраҳо муайян намудани самтҳои асосии стратегии факултет, роҳҳо ва шаклҳои ҷорӣ сохтани раванди таълимро амалӣ месозад. Бевосита фаъолияти таълимии қисми таълим ва кафедрҳои факултетро дар қарорҳо ва фармону дастурҳои расмӣ оид ба тайёр намудани мутахассисони баландихтисос барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва пеш аз ҳама мақомоти корҳои дохилӣ ба танзим дароварда, аз рафти он назорат мебарад. Таҷрибаи хуб ва пешқадами дохилӣ ва беруниро дар соҳаи таълим таҷлил намуда, шаклу усулҳои самарабахши онро дар амал татбиқ менамояд.
Дар муддатҳои гуногун дар вазифаи муовини сардори факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қисми таълим, полковники милитсия Андреева Н.А., полковники милитсия Муҳаммадҷонов М.И., полковники милитсия Юлчиев Ш.Х., полковники милитсия Муҳаммадиев Д.Ҷ., полковники милитсия Шокиров Т.С., полковники милитсия Абдулатипов У.Ҳ., подполковники милитсия Ҳоҷибобо З.М., подполковники милитсия Ғафуров М.С. ва полковники милитсияи Мухаммадиев Н.Б., фаъолият намудаанд.


9879789789Мирзоҳофизиён Мирзоалӣ Мирзоҳофиз, муовини сардори факултети №4 оид ба қисми низомӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, подполковники милитсия.
Мирзоҳофизиён Мирзоалӣ Мирзоҳофиз соли 1981 дар ш.Панҷакент дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Соли 2006 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи ак. Б.Ғафуров, факултети ҳуқуқшиносиро хатм намудааст. Дар мақомоти корҳои дохилӣ аз соли 2006 то инҷониб дар вазифаҳои гуногун кору фаъолият карда истодааст.
Соли 2018 ба адъюнктураи Академияи идоракунии ВКД Федератсия Руссия дохил шуда, соли 2021 хатм намуда, рисолаи номзадиашро дар мавзуи «Механизм административно-правового регулирования участия граждан Республики Таджикистан в обеспечении общественного порядка» ҳимоя намуда, соҳиби унвони номзади илмҳои ҳуқуқ гардидааст.
Аз 13 майи соли 2022 то инҷониб муовини сардори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қисми низомӣ.
Қисми низомии факултети №4 ҷузъи таркибии сохтори воҳиди таълимӣ, тарбиявӣ, илмӣ ва маъмурии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Қисми низомӣ аз 5 курсҳои таълимӣ-низомӣ, қисми навбатдорӣ, шуъбачаи хоҷагидорӣ ва шуъбачаи хоҷагидорӣ фаъолият бурда истодааст.
Айни ҳол муовини сардори факултет оид ба қисми низомӣ Мирзоҳофизиён М.М., мебошад. Бо мақсади дуруст ва самаранок ба роҳ мондани интизоми ҳарбӣ-хизматӣ, таъмини раванди таълим ва корҳои таълимӣ-методӣ дар самти иҷроиши талаботҳо, кормандони қисми низомӣ ва ҷузъу томҳои он фаъолияти худро ба роҳ монда аст. Тартибу низоми ҳарбӣ ва баланд бардоштани омодагии ҷанги ва муҳорибавиро ба ҳайати шахсии факултет омузонида, бо ба инобат гирифтани ҳолати руҳии коллектив фаъолият ба роҳ монда шудааст.
Омодагии ҳайати шахсии факултет барои гузаронидани чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, давлатӣ, ҷамъиятӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ ба хотири таъмини тартибот ва суботи ҷомеъа мусоидат менамояд.


41242151Султонзода Беҳзод Султонӣ, сардори қисми таълимии факултети №4, майори милитсия.
Соли 1994 дар баробари таъсиси факултети Хуҷандии Мактаби Олии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми таълимӣ ба фаъолият оғоз намудааст. Аввалин муаллим - методистони қисми таълим соли 1994 Халияров А., Шарипов Т. ва соли 1995 Охова Е.Б. барои пешрафти кор фаъолиятро шурӯъ намудаанд. Соли 1996 Бобоев Б.А. ҳамчун корманди илмии қисми таълим таъйин гардидааст. Соли 1997 номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шокиров Т.С. ба вазифаи сардори қисми таълим таъйин мегардад. Худи ҳамин сол Атаханова С.Т. ба вазифаи муаллим-методисти қисми таълим ба кор қабул мегардад. Солҳои 1998 Муҳиддинзода М.М. ба ҳайси муаллим-методисти қисми таълим ва аз соли 2012 то соли 2013 ҳамчун методисти калони қисми таълим адои вазифа намудааст. Ҳамчунин, аз моҳи апрели соли 2012 ба ҳайси муаллим методистони қисми таълим Ҳомидова М., Бобоев А. ва Султонзода Б.С. фаъолият намудаанд. Дар вазифаи муҳандиси калон оид ба ворид ва истифодаи ВТТ аз соли 1998 Маҳкамова Г.А., соли 2009, номзади илмҳои физика ва математика Раупов Н. таъин гардид ва аз соли 2010 дар вазифаи мазкур, лейтенанти калони милитсия Юлдошев Ҷ. фаъолият намудааст. Аз соли 2012 то соли 2014 вазифаи сардори қисми таълимро номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, майори милитсия Ҳусейнов С. Ҳ. роҳбарӣ намудааст. Аз соли 2014 то соли 2021 роҳбарии қисми таълимро номзади илмҳои филологӣ, майори милитсия Тоҳирӣ М.Т. ба уҳда дошт. Айни ҳол роҳбарии сардори қисми таълимро майори милитсия Султонзода Б.С. ба ӯҳда дорад.
Дар қисми таълимии факултети №4 кормандони зерин кору фаъолият намуда истодаанд: муаллим- методисти калон – Аҳруллозода Б., майори милитсия; сарнозири маркази бақайдгирӣ ва машваратӣ- Самадзода И.А., капитани милитсия, сарнозири маркази тестӣ – Хайруллозода Л.- капитани милитсия, корманд – мутахассиси маркази бақайдгирӣ ва машваратӣ- Мухторова М., сержанти хурди милитсия, корманд – мутахассиси маркази тестӣ – Шарипова М., прапоршики милитсия, корманд-мутахассиси китобхонаи махсус – Мирзораҳимов М. – сержанти милитсия, корманд-мутахассиси китобхонаи умумӣ – Миршарифзода Ҳ., прапоршики милитсия.
Қисми таълим ҳамчун маркази муайян намудани самтҳои асосии стратегии факултет дар якҷоягӣ бо кафедраҳо, роҳҳо ва шаклҳои ҷорӣ сохтани раванди таълимро амалӣ месозад. Бевосита фаъолияти таълимии кафедрҳои факултетро дар қарорҳо ва фармону дастурҳои расмӣ оид ба тайёр намудани мутахассисони баландихтисос барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва пеш аз ҳама мақомоти корҳои дохилӣ ба танзим дароварда, аз рафти он назорат мебарад. Таҷрибаи хуб ва пешқадами дохилӣ ва беруниро дар соҳаи таълим таҳлил намуда, шаклу усулҳои самарабахши онро дар амал татбиқ менамояд.
Кормандони қисми таълим пайваста ҳама намудҳои ҷадвали дарсҳои таълимӣ ва имтиҳонотиро мураттаб намуда, барои амалӣ намудани онҳо чораҳои мушаххас андешида, иҷрояшонро назорат ва таъмин менамоянд.


КАФЕДРАИ ТАЙЁРИИ ИБТИДОӢ ВА ТАКМИЛИ ИХТИСОС

5235325Муҳаммадзода Набиҷон Бобоҷон, и.в. сардори кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисос, полковники милитсия.
Кафедра дар асоси фармони №677 ВКД Ҷумҳурии Тоҷистон аз 29.10.2009 «Оид ба ворид намудани тағйиротҳои ташкили воҳиди корӣ» таъсис дода шуд ва мувофиқи ин фармон аз 4 нафар корманд иборат мебошад.
1. Сардори кафедра -1 нафар
2. Дотсент - 1 нафар
3. Муаллими калон - 1 нафар
4. Сардори кабинет -1 нафар
Аз рӯзҳои аввали таъсисёбии кафедра собиқ кормандони зерин фаъолият кардаанд: Абдураҳмонов И.Н. - сардори кафедра полковники милитсия, Ҳасанов Ҳ.Ҳ. - муаллими калон, номзади илмҳои педагогӣ, полковники милитсия, Азимов В. – полковники милитсия, Ҷорубов Қ. (шодравон); лейтенанти калони милитсия Раҳмонов Х.А. - корманд-мутахассис, сержантони милитсия (дар давраҳои гуногун), Абдуллоев Ш. (шодравон) собиқадори милитсия - муаллими шартномавӣ.
Аз 10.04.2015 то 20.03.2020 сол фаъолияти кории кафедра таҳти роҳбарии номзади илмҳои фалсафа, полковники милитсия Абдулатипов У.Ҳ., дотсенти кафедра - номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ подполковники милитсия Қудратов М.О., муаллими калон, полковники милитсия Саъдиев С., муаллими кафедра, подполковники милитсия Абдурахмонов И.Н., сардори кабинет - капитани милитсия Сангинов Н. ва корманд-мутахассис, милитсияи қаторӣ Қаҳҳоров А. ба роҳ монда шудааст.
Кафедра бо собиқадорони милитсия робитаи қавӣ дорад, барои баланд бардоштани савияи дониши назариявии шунавандагони курсҳои тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисос кормандони соҳибтаҷриба полковники мустафъӣ Ғаниев Қ.Ғ., подполковники мустафъӣ Аминҷонов А. ҳамкорӣ карда истодаанд.
Дар давоми фаъолияти начандон тӯлонии худ кафедра ба муваффақиятҳои муайяне соҳиб гардидааст. Аз вақти таъсисёбии кафедра 31 адад барномаи корӣ, тартиб дода шуд, лексияҳо ва нақша-конспектҳо аз рӯйи 31 фанни кафедра, 4-шумора нақшаи таълимии корӣ ба гурӯҳҳои такмили ихтисос, тайёрии ибтидоии 3-моҳа, тайёрии ибтидоии 1-моҳа ва гурӯҳи махсуси 15-рӯза омода карда шудааст. Соати умумии таълимӣ дар як соли таҳсил ба миқдори 3956 соат баробар мебошад. Қайд намудан лозим аст, ки баъди хатми курс ба ҳамаи хатмкунандагон шаҳодатнома оид ба хатми курси такмили ихтисос ва хислатномаи лаёқатмандӣ ба вазифа ба курси тайёрии ибтидоӣ дода мешавад.
Аз 05.09.2022 сол то ин ҷониб фаъолияти кории кафедра таҳти роҳбарии полковники милитсия Муҳаммадзода Н.Б., дотсенти кафедра, полковники милитсия Муҳиддинзода Х.Ғ., муаллими калони кафедра, майори милитсия Баҳодурзода М. ва сардори кабинет, лейтенанти калони милитсия Муродӣ Б.А. ба роҳ монда шудааст.
Кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисос яке аз қисмхои таълимии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки доимо ва мунтазам бо ҳамаи ҷузъу томҳои РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд робитаи зич дорад, барои баланд бардоштани сатҳи дониши ҳамаи кормандоне, ки ин курсҳоро мегузаранд, кӯмак мерасонад.


мақомоти корҳои дохилӣ

5235235Бо фармони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 379 аз 18 августи соли 1994 «Оид ба ташкили воҳидҳои кории Мактаби Олии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар назди Мактаби Олии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Факултети Хуҷандии Мактаби Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда буд, ки кафедраи номбурда якҷоя бо кафедраи Ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии МКД, кафедраи Фанҳои махсусро ташкил медод. Бо фармони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами № 343 бо замима аз 25 майи соли 2011 кафедраи алоҳидаи Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии мақомоти корҳои дохилӣ ташкил карда шуд
Дар кафедра фанҳои Курси махсуси «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии МКД», «Курси махсуси фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии МКД», «Низоми махфӣ», «Асосҳои иттилоотикунонии МҲҲ», «Таҷҳизоти махсуси мақомоти корҳои дохилӣ», «Технологияи информатсионӣ», «Таъмини амнияти иттилоотӣ», «Информатика дар қушунҳои дохилӣ», «Низоми махфӣ дар қушунҳои дохилӣ», «Асосҳои баҳисобгирии муҳосибӣ» омӯзонида мешавад.
Нахуст сардори кафедраи мазкур полковники милитсия Мирбозхонов Ш. соли 1994 таъйин шуда буд ва ӯ бо ташкил ва таъмини омӯзгорони соҳибтаҷрибаи баландихтисос корро оғоз намудааст.
Солҳои гуногун вазифаи сардори кафедраро полковники милитсия Умаров Ш. (1995-2001), полковники милитсия Раҳматов Б. (2001-2008), подполковники милитсия Раҳимов М. (2008-2009), подполковники милитсия Ҳасанов З. (2009-2011), полковники милитсия Ҳасанов Ҳ., Раупов Н., Хокироев А. ва Одинаев А.И., Абдуллозода Н.Р., Раҳимзода Ҷ.Қ., бар ӯҳда доштанд.
Бо фармони Вазорати корҷҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон №2297 аз 31.08.2021 сол вазифаи сардори кафедра ба ӯҳдаи н.и.т., полковники милитсия Юсуфзода А.Ю. вогузор карда шудааст.
Дар ташаккули кафедра полковники милитсия, номзади илмҳои педагогӣ Муаззазов С., Қосимов Ҷ., Раҳматҷонов А., Хонкелдиев М., Сиддиқов А., Мамадов Н., Fаниев Қ., Аҳмедов С., Раупов Н. ва Умаров И. саҳм гузоштаанд.
Солҳои аввал барои барқарор ва рушди кафедра бештар ба корҳои методӣ аҳамият дода шуда бошад, баъди соли 1998 ба масъалаҳои методӣ ва таҳияи айёнияти таълим диққати ҷиддӣ дода шуда, маҳфили курсантон бо номи «Пайгир» фаъолияташро ҷоннок гардонд. Курсантон бо барномаҳои таҷрибаомӯзӣ дар самтҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии ва фаъолияти маъмурии мақомоти корҳои дохилӣ тавассути коркарди нақшаҳои таълимӣ барои иҷрои корҳои курсӣ аз фанҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии ва фаъолияти маъмурии мақомоти корҳои дохилӣ бештар фаъол шуданд. Назорати раванди таҷрибаомӯзии курсантон дар самтҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мақомоти корҳои дохилӣ ва фаъолияти маъмурии мақомоти корҳои дохилӣ хеле назаррас гардид.
Воҳиди корӣ имрӯз дар кафедра аз 6 нафар иборат буда, ҳоло н.и.т., полковники милитсия Юсуфзода А.Ю., подполковники милитсия Комилзода З.К., майори милитсия Ибрагимзода Ҷ.И., капитани милитсия Ализода А.А., ва лейтенанти милитсия Ревазода М.Р., фаъолият бурда истодаанд.


КАФЕДРАИ ФАНҲОИ ҶАМЪИЯТӢ

5325235235Тоҳирӣ Муяссара Тоҳир , сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, номзади илмҳои филологӣ, аълочии милитсия, аълочии маорифи Тоҷикистон, подполковники милитсия).
Соли 1994 бо баробари таъсиси факултаи Хуҷандии Мактаби Олии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон кафедраи «Улуми ҷомеашиносӣ ва иҷтимоиёту иқтисодиёт», ба фаъолияти хеш оғоз намуд. Аввалин сардори кафедра, номзади илмҳои филология, дотсент (ҳоло профессор) Шокиров Т.С. бо муаллимон Ғайбуллоева М., Ниёзова М.Ҳ., Атабаева Л., муаллими соатбайъ дотсент (ҳоло доктори илмҳои филологӣ дар ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров) Ҳасанов А. буданд.
Соли 1995 ба ҳайати кафедра боз се нафар муаллимон Абдулатипов У.Ҳ., Дадоҷонов Ш. ва Юнусова М.Т., фаъолияти педагогии худро оғоз карданд. Дар соли 1995 дар кафедра аз рӯи 14 фан таълим дода мешуд.
Номгузории кафедра дар таи солҳои фаъолияташ чандин маротиба таъғир ёфтааст. Аз ҷумла аз соли 2001-ум ҳамчун «Фанҳои ҷомеашиносӣ», соли 2002 «Фанҳои иҷтимоиёту иқтисодиёт» ва аз соли 2012 ҳамчун бо номи кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ муаррифӣ шудааст.
Аз соли 1999, лейтенанти калони милитсия (ҳоло полковники милитсия) Абдулатипов У.Ҳ. ба вазифаи иҷрокунандаи сардори кафедра таъин гардида аз соли 2000 то соли 2012 дар вазифаи сардори кафедра фаъолият дошт. Аз соли 2013 капитани милитсия, номзади илмҳои филологӣ, Ҷабборова М.Т., сардори кафедра таъин гардида то моҳи марти соли 2016 фаъолият бурдааст Аз моҳи августи соли 2021 н.и.ф., подполковники милитсия Тоҳирӣ М.Т., сарварии кафедраро дар уҳда дорад.
Кафедра фаъолияти илмӣ - тадқиқотӣ ва методии хешро аз рӯйи мавзӯъҳои зерин:
- «Омӯзиши осори адабӣ мутафаккирони тоҷик дар асрҳои Х – ХХ;
-Омӯзиши давраҳои таърихии халқи тоҷик ва ташаккулёбии милитсияи тоҷик дар даврони истиқлолият» ба роҳ мондааст.
Кафедра барои пурзӯр намудани маҳорати педагогии муаллимон ба кафедраҳои ихтисосӣ кӯмакҳои методии хешро мерасонад. Барои ин дарсҳои намунавӣ ва кушод аз рӯи фанҳои кафедра ба муаллимони дигар кафедраҳо ташкил карда мешаванд.
Ҳоло дар кафедра аз рӯи 16 фанни таълимӣ дар гуруҳҳои ҳуқуқшиносӣ машғулиятҳо ба роҳ монда шудааст, ки инҳо
1. забони тоҷикӣ;
2. забони русӣ;
3. забони англисӣ;
4. таърихи халқи тоҷик;
5. фарҳангшиносӣ;
6. этикаи касбии кормандони МКД;
7. низоъшиносӣ;
8. сотсиология;
9. мантиқ;
10. фалсафа;
11. географияи Тоҷикистон бо асосҳои демографии он;
12. назарияи иқтисодиёт;
13. консепсияи табиатшиносии муосир;
14. диншиносӣ;
15. сиёсатшиносӣ таълим дода мешавад
16. экология
Дар ҳайти фармондеҳӣ таҳсилоти дусола бошад аз 12 фан:
1. забони тоҷикӣ;
2. забони русӣ;
3. забони англисӣ;
4. таърихи халқи тоҷик;
5. этикаи касбӣ;
6. фарҳангшиносӣ;
7. мантиқ;
8. фалсафа;
9. низоъшиносӣ;
10. географияи Тоҷикистон бо асосҳои демографии он;
11. назарияи иқтисодиёт
12. сиёсатшиносӣ - машғулиятҳои дарсӣ ба роҳ монда мешаванд.
Айни замон дар кафедра мувофиқи штатӣ корӣ 9 нафар кормандон аз инҳо: сардори кафедра, подполковники милитсия Тоҳирӣ М.Т, профессори кафедра подполковники Аҳмадзода М.А., дотсенти кафедра подполковники милитсия Ғафорӣ М.А., дотсенти кафедра, полковники милитсия Муродӣ Н, муаллими калони кафедра майори милитсия Олимӣ Ҳ.А, муаллимони кафедра, капитани милитсия Абдуллозода Ф, лейтенанти калони милитсия Давлатзода Н.Д, сардори кабинети кафедра лейтенанти милитсия. Фарҳодзода Д ва корманд – мутахассиси кафедра, сержанти милитсия Давлатзода Ҷ.Н. вуҷуд дорад.
Устодони кафедра дар давраи фаъолияти худ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида якчанд китобҳои дарсӣ, комплексҳои таълими методӣ, дастурҳои таълимӣ аз нашр бароварда дар соли таҳсили 2022-2023, 8- мақолаи илмӣ, 3-дастурҳои таълими методӣ, 7-барномаи таълимӣ аз чоп бароварданд.





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...