МАЪЛУМОТ ОИД БА ФАКУЛТЕТИ № 1
Бо ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба кадрҳои баландихтисос эҳтиёҷот пайдо намуд. Баҳри қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти мазкур бо фармони вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 феврали соли 2001 таҳти №106дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонбо мақсади тайёр ва бозомӯзии кадрҳои роҳбарикунанда барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар факултети № 1 бо ихтисоси «Идоракунии давлатӣ ва мунитсипалӣ» ва тахассуси «Юрист-ташкилотчии идоракунӣ дар соҳаи тартиботи ҳуқуқӣ» таъсис дода шуд. Аз оғози таъсис роҳбарии факултети № 1-ро номзади илмҳои техникӣ, дотсент, полковники милитсия Ғафуров Миршафӣ Ҳомидович, ба уҳда гирифта, дар ин вазифа то соли 2007 фаъолият кард.
Дар солҳои аввали фаъолияти кории факултети № 1 ба тайёр намудани кадрҳои роҳбарикунанда барои ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ аҳамияти махсус дода мешуд. Вале солҳои минбаъда шакли таҳсил васеъ гардида, ҳайати роҳбарикунандаи дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии ҷумҳурӣ низ ба таҳсил дар шакли шартномавӣ дар факултети № 1 ҷалб карда шуданд.
Аз соли 2007 то соли 2012 роҳбарияти Академия роҳбарии факултетро ба уҳдаи номзади илмҳои таърих, полковники милитсия Абдулов Аслам Мирович, вогузор намуд.
Дар соли 2008 Нақшаи таълимии нав омода гардида, барои баррасӣ ва тасдиқ ба Шӯрои олимони Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Соли 2009 тибқи қарори Шӯрои олимони Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ихтисос ва тахассуси факултет тағйирот ворид гардида, ихтисоси факултет «Идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ» ва тахассуси он «Менеҷер дар соҳаи тартиботи ҳуқуқӣ» номгузорӣ шуд.
Аз соли 2012 то соли 2014 роҳбарияти Академия роҳбарии факултетро ба уҳдаи номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия Раҷабов Равшан Муҳитдинович вогузор намуд.
Тибқи пешниҳоди Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 марти соли 2012 Нақшаҳои таълимии таҳсилҳои рӯзона ва ғойибонаи факултети № 1 аз нав коркард гардида, дараҷаи таҳсилот – «Мутахассис», Ихтисос – «Идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ», Касб – «Мутахассис дар соҳаи идоракунии давлатӣ» номгузорӣ карда шуда, аз ҷониби вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2012 ва вазири корҳои дохилӣ аз 14 августи соли 2012 тасдиқ карда шуд.
Тибқи Нақшаҳои таълимии таҳсилҳои рӯзона ва ғойибонаи факултети № 1, барои шакли рӯзона аз идоракунии давлатӣ: 1-26 01 72 муҳлати таҳсил 2 сол дар базаи маълумоти олӣ ва барои шакли ғойибона аз идоракунии давлатӣ: 1-26 01 72 муҳлати таҳсил 3 сол дар базаи маълумоти олӣ муайян карда шудааст.
Аз соли 2015 то марти соли 2020 роҳбарии факултетро номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Нозиров Нақиб Алиевич ба уҳда дошт.
Аз 18 марти соли 2020 факултетро номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, подполковники милитсия Раҳмадҷонзода Рифат Раҳмадҷон (Юлдошев Р.Р.) роҳбарӣ менамояд.
Баҳри такмил намудани раванди таълим, Нақшаҳои таълимии таҳсилҳои рӯзона ва ғойибонаи факултети № 1 аз нав коркард гардида, аз ҷониби вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2017 ва сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2017 тасдиқ карда шуда, муҳлат ва шакли таҳсил бе тағйир: барои шакли рӯзона 2 сол ва барои шакли ғойибона 3 сол боқӣ мондааст.
Айни замон тамоми шаклҳои таҳсил дар факултет тариқи шартномавӣ ба роҳ монда шудааст.
Муқаррароти нақшаи таълимии дар боло зикргардидаи факултет раванди таълим аз ҷониби омӯзгорони 2 кафедра: кафедраи назарияи идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ ва кафедраи ташкили идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳукуқ, амалӣ карда мешавад.
Кафедраҳои мазкур дар якҷоягӣ бо таъсиси факултет ташкил шудаанд.
Кафедраи назарияи идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқро кормандони зерин роҳбарӣ намудаанд:
- н.и.ҳ. Нозиров Н.А. (ноябри соли 2006 то сентябри соли 2008, ноябри соли 2011 то апрели соли 2014);
- Асламов Б.С. (ноябри соли 2008 то феврали соли 2010);
- н.и.п. Маҷонов М.К. (феврали соли 2010 то ноябри соли 2011);
- н.и.ҳ., дотсент Одинаев А.Ш. (апрел то сентябри соли 2014);
- н.и.ҳ., дотсент Сафаров Ҳ.С. (сентябри соли 2014 то июни 2016);
- н.и.ҳ. Каримов Ҳ.М. (июни соли 2016 то сентябри соли 2018);
- н.и.т., генерал-майори милитсия Имомёрбеков А. (феврал то декабри соли 2019);
Аз январи соли 2020 инҷониб иҷрои вазифаи сардори кафедра ба зиммаи н.и.ҳ. Рустамзода Алишер Қосим вогузор шудааст.
Мавзӯи илмии кафедра барои солҳои 2016-2020 «Масъалаҳои муҳими идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқии мақомоти давлатӣ: инкишоф ташаккулёбӣ ва мукамалсозӣ» номгузорӣ шудааст.
Кафедраи ташкили идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқро кормандони зерин роҳбарӣ намудаанд:
- Зиёев М.З. (феврали соли 2001 то ноябри соли 2011);
- н.и.ҳ. Алиев А.Ш. (ноябри соли 2011 то феврали соли 2013);
- н.и.ҳ., дотсент Саидов З.А. (феврал то июни соли 2013);
- Одинаев Н. (майи соли 2014 то январи соли 2015);
- н.и.ҳ. Мирзоев С.Б. (январ то августи соли 2015);
- н.и.ҳ., дотсент Тошев А.М. (августи соли 2015 то майи соли 2016);
- н.и.т. Алимардонов М.У. (декабри соли 2016 то августи соли 2020).
Аз моҳи августи соли 2020 инҷониб иҷрои вазифаи сардори кафедра ба зиммаи номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Қосимов Файзалӣ Маҳмадович вогузор шудааст.
Мавзӯи илмии кафедра барои солҳои 2016-2020 «Проблемаҳои такмили идоракунӣ дар фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ» номгузорӣ шудааст.
Кафедраҳои мазкур раванди таълимро дар 2 курсҳои таҳсили рӯзона ва 3 курсҳои таҳсили ғойибона ва такмили ихтисоси кадрҳои роҳбарикунанда тибқи дархост ва нақшаи Вазорати корҳои дохилӣ амалӣ менамоянд.
Аз лаҳзаи таъсисёбӣ то инҷониб дар факултет омӯзгорони пуртаҷриба, дорои малакаи олии касбӣ, докторон ва номзадони илм, профессорон ва дотсентон, кормандон ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба кор даъватмегарданд. Ҳайати шахсии факултет аз омӯзгорони доимӣ ва шартномавӣ иборат мебошад. Дар кафедраҳои факултет – 5 нафар докторони илмҳо (Раҳимзода Р.Ҳ., Зоир Ҷ.М., Буризода Э.Б., Шарипов Т.Ш., Искандаров З.Ҳ.) – 17 нафар номзадони илмҳо ва 6 нафар корманди пуртаҷрибаи омӯзгорӣ ва собиқадорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кору фаъолият менамоянд.
Дар сохтори факултети №1 аз рӯзи таъсисёбӣ барои бозомӯзии касбӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои роҳбарикунанда Курсҳои олии академӣ ба муҳлати як моҳ дар ҳаҷми – 4 гурӯҳи таълимӣ ва ба муҳлати 15 рӯз дар ҳаҷми – 10 гурӯҳи таълимӣ дар давоми соли хониш амал мекунанд.
Аз соли 2001 то соли 2020 дар Курсҳои олии академии факултет - 950 нафар роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқва сохторҳои низомии ҷумҳурӣ аз бозомӯзӣ ва такмили ихтисос гузаштанд.
Аз соли 2001 то соли 2020 шакли таҳсили рӯзонаро –177 нафар, шакли таҳсили ғойибонаро – 392 нафар ва дар маҷмуъ –569 нафар шунаванда факултетро хатм намудаанд.
Ҳайати факултет
Саидзода Зикрулло Алӣ – сардори факултети №1 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
Номзади илмҳои ҳуқуқ (2006)
Дотсент (2019)
Полковники милитсия (2010)
Аълочии милитсия (2011)
Аълочии матбуот ( 2012)
Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2013)
Суроға 734024, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шари. Душанбе, к. М. Мастонгулов 3.
Саидзода Зикрулло Алӣ, 7-уми ноябри соли 1968 дар оилаи коргар, дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон таваллуд шуда, аз соли 1975 то соли 1985 дар мактаби миёнаи №9 ш. Норак таҳсил намудааст. Баъди хатми мактаби миёна дар савхози Норак ба ҳайси коргари оддӣ фаъолият кардааст. Ссоли 1986 ба факултети физикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин дохил шуда, сипас аз соли 1987 то соли 1989 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттифоқи Советӣ адои хизмат намудааст. Соли 1993 факултети физикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо дипломи аъло бомуваффақият хатм кардааст. Инчунин соли 2000 бо дипломи аъло Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисосӣ ҳуқуқшинос хатм намудааст. Пас аз хатми ДДТ ба номи В.И. Ленин барои кор ба Мактаби олии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистони шахри Душанбе (хозира Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон) фиристода шуд, ки дар ин муассисаи таълимӣ дар вазифахои муаллими кафедра, муаллими калони кафедра ва дотсенти кафедра фаъолият намуда, аз мохи феврали соли 2008 сардори кафедраи фанхои давлатии хукукӣ таъин шудааст. Аз мохи апрели соли 2009 рохбари факултети №3 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз июли соли 2013 рохбарии факултети №5 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз феврали соли 2015 муовини аввали сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти хешро идома дода,. Аз моҳи октябри соли 2016 роҳбарии Факултети №4 Академияи ВКД дар вилояти Суғд, ӯ низ муовини сардори Академия ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар уҳда доштааст. аз феврали соли 2018 то мохи августи соли2022 дар вазифаи муовини сардори Академия ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, адои хизмат намуда, аз 26 августи соли 2022 сардори факултети №1 ба ȳҳда дорад.
Соли 2003 ба факултети оид ба тайёр намудани кадрҳои илмию педагогии Академияи идоравии ВКД Федератсияи Россия дохил шудааст. Соли 2006 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи: «Хусусиятхои таърихии амали меъёрхои шариат дар Аморати Бухоро (солхои 1868-1920)» бо ихтисоси 12.00.01 – назария ва таърихи хукук ва давлат; таърихи таълимот оид ба хукук ва давлат, дар шӯрои диссертатсионии Академияи идоравии ВКД Федератсияи Россия ҳимоя намудааст. Солҳои тулонӣ бо таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи ҳуқуқи исломӣ, системаи ҳуқуқи исломӣ ва такмили ҳуқуқу қонунгузорӣ машғул буда, муаллифи зиёда аз 80 мақолаю асарҳои имӣ ва илмӣ-методӣ мебошад, ки аз онҳо: 2 монография, 7 дастури таълими-методӣ ва зиёда аз 70 мақолаҳои илмӣ доир ба проблемаҳои такмили хукук ва конунгузорӣ аз чумла хукуки исломӣ, амалигардони ва татбики конунгузории ҷиноятӣ ва граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Бо ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба кадрҳои баландихтисос эҳтиёҷот пайдо намуд. Баҳри қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти мазкур бо фармони вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 феврали соли 2001 таҳти №106дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонбо мақсади тайёр ва бозомӯзии кадрҳои роҳбарикунанда барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар факултети № 1 бо ихтисоси «Идоракунии давлатӣ ва мунитсипалӣ» ва тахассуси «Юрист-ташкилотчии идоракунӣ дар соҳаи тартиботи ҳуқуқӣ» таъсис дода шуд. Аз оғози таъсис роҳбарии факултети № 1-ро номзади илмҳои техникӣ, дотсент, полковники милитсия Ғафуров Миршафӣ Ҳомидович, ба уҳда гирифта, дар ин вазифа то соли 2007 фаъолият кард.
Дар солҳои аввали фаъолияти кории факултети № 1 ба тайёр намудани кадрҳои роҳбарикунанда барои ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ аҳамияти махсус дода мешуд. Вале солҳои минбаъда шакли таҳсил васеъ гардида, ҳайати роҳбарикунандаи дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии ҷумҳурӣ низ ба таҳсил дар шакли шартномавӣ дар факултети № 1 ҷалб карда шуданд.
Аз соли 2007 то соли 2012 роҳбарияти Академия роҳбарии факултетро ба уҳдаи номзади илмҳои таърих, полковники милитсия Абдулов Аслам Мирович, вогузор намуд.
Дар соли 2008 Нақшаи таълимии нав омода гардида, барои баррасӣ ва тасдиқ ба Шӯрои олимони Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Соли 2009 тибқи қарори Шӯрои олимони Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ихтисос ва тахассуси факултет тағйирот ворид гардида, ихтисоси факултет «Идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ» ва тахассуси он «Менеҷер дар соҳаи тартиботи ҳуқуқӣ» номгузорӣ шуд.
Аз соли 2012 то соли 2014 роҳбарияти Академия роҳбарии факултетро ба уҳдаи номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия Раҷабов Равшан Муҳитдинович вогузор намуд.
Тибқи пешниҳоди Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 марти соли 2012 Нақшаҳои таълимии таҳсилҳои рӯзона ва ғойибонаи факултети № 1 аз нав коркард гардида, дараҷаи таҳсилот – «Мутахассис», Ихтисос – «Идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ», Касб – «Мутахассис дар соҳаи идоракунии давлатӣ» номгузорӣ карда шуда, аз ҷониби вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2012 ва вазири корҳои дохилӣ аз 14 августи соли 2012 тасдиқ карда шуд.
Тибқи Нақшаҳои таълимии таҳсилҳои рӯзона ва ғойибонаи факултети № 1, барои шакли рӯзона аз идоракунии давлатӣ: 1-26 01 72 муҳлати таҳсил 2 сол дар базаи маълумоти олӣ ва барои шакли ғойибона аз идоракунии давлатӣ: 1-26 01 72 муҳлати таҳсил 3 сол дар базаи маълумоти олӣ муайян карда шудааст.
Аз соли 2015 то марти соли 2020 роҳбарии факултетро номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Нозиров Нақиб Алиевич ба уҳда дошт.
Аз 18 марти соли 2020 факултетро номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, подполковники милитсия Раҳмадҷонзода Рифат Раҳмадҷон (Юлдошев Р.Р.) роҳбарӣ менамояд.
Баҳри такмил намудани раванди таълим, Нақшаҳои таълимии таҳсилҳои рӯзона ва ғойибонаи факултети № 1 аз нав коркард гардида, аз ҷониби вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2017 ва сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2017 тасдиқ карда шуда, муҳлат ва шакли таҳсил бе тағйир: барои шакли рӯзона 2 сол ва барои шакли ғойибона 3 сол боқӣ мондааст.
Айни замон тамоми шаклҳои таҳсил дар факултет тариқи шартномавӣ ба роҳ монда шудааст.
Муқаррароти нақшаи таълимии дар боло зикргардидаи факултет раванди таълим аз ҷониби омӯзгорони 2 кафедра: кафедраи назарияи идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ ва кафедраи ташкили идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳукуқ, амалӣ карда мешавад.
Кафедраҳои мазкур дар якҷоягӣ бо таъсиси факултет ташкил шудаанд.
Кафедраи назарияи идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқро кормандони зерин роҳбарӣ намудаанд:
- н.и.ҳ. Нозиров Н.А. (ноябри соли 2006 то сентябри соли 2008, ноябри соли 2011 то апрели соли 2014);
- Асламов Б.С. (ноябри соли 2008 то феврали соли 2010);
- н.и.п. Маҷонов М.К. (феврали соли 2010 то ноябри соли 2011);
- н.и.ҳ., дотсент Одинаев А.Ш. (апрел то сентябри соли 2014);
- н.и.ҳ., дотсент Сафаров Ҳ.С. (сентябри соли 2014 то июни 2016);
- н.и.ҳ. Каримов Ҳ.М. (июни соли 2016 то сентябри соли 2018);
- н.и.т., генерал-майори милитсия Имомёрбеков А. (феврал то декабри соли 2019);
Аз январи соли 2020 инҷониб иҷрои вазифаи сардори кафедра ба зиммаи н.и.ҳ. Рустамзода Алишер Қосим вогузор шудааст.
Мавзӯи илмии кафедра барои солҳои 2016-2020 «Масъалаҳои муҳими идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқии мақомоти давлатӣ: инкишоф ташаккулёбӣ ва мукамалсозӣ» номгузорӣ шудааст.
Кафедраи ташкили идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқро кормандони зерин роҳбарӣ намудаанд:
- Зиёев М.З. (феврали соли 2001 то ноябри соли 2011);
- н.и.ҳ. Алиев А.Ш. (ноябри соли 2011 то феврали соли 2013);
- н.и.ҳ., дотсент Саидов З.А. (феврал то июни соли 2013);
- Одинаев Н. (майи соли 2014 то январи соли 2015);
- н.и.ҳ. Мирзоев С.Б. (январ то августи соли 2015);
- н.и.ҳ., дотсент Тошев А.М. (августи соли 2015 то майи соли 2016);
- н.и.т. Алимардонов М.У. (декабри соли 2016 то августи соли 2020).
Аз моҳи августи соли 2020 инҷониб иҷрои вазифаи сардори кафедра ба зиммаи номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Қосимов Файзалӣ Маҳмадович вогузор шудааст.
Мавзӯи илмии кафедра барои солҳои 2016-2020 «Проблемаҳои такмили идоракунӣ дар фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ» номгузорӣ шудааст.
Кафедраҳои мазкур раванди таълимро дар 2 курсҳои таҳсили рӯзона ва 3 курсҳои таҳсили ғойибона ва такмили ихтисоси кадрҳои роҳбарикунанда тибқи дархост ва нақшаи Вазорати корҳои дохилӣ амалӣ менамоянд.
Аз лаҳзаи таъсисёбӣ то инҷониб дар факултет омӯзгорони пуртаҷриба, дорои малакаи олии касбӣ, докторон ва номзадони илм, профессорон ва дотсентон, кормандон ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба кор даъватмегарданд. Ҳайати шахсии факултет аз омӯзгорони доимӣ ва шартномавӣ иборат мебошад. Дар кафедраҳои факултет – 5 нафар докторони илмҳо (Раҳимзода Р.Ҳ., Зоир Ҷ.М., Буризода Э.Б., Шарипов Т.Ш., Искандаров З.Ҳ.) – 17 нафар номзадони илмҳо ва 6 нафар корманди пуртаҷрибаи омӯзгорӣ ва собиқадорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кору фаъолият менамоянд.
Дар сохтори факултети №1 аз рӯзи таъсисёбӣ барои бозомӯзии касбӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои роҳбарикунанда Курсҳои олии академӣ ба муҳлати як моҳ дар ҳаҷми – 4 гурӯҳи таълимӣ ва ба муҳлати 15 рӯз дар ҳаҷми – 10 гурӯҳи таълимӣ дар давоми соли хониш амал мекунанд.
Аз соли 2001 то соли 2020 дар Курсҳои олии академии факултет - 950 нафар роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқва сохторҳои низомии ҷумҳурӣ аз бозомӯзӣ ва такмили ихтисос гузаштанд.
Аз соли 2001 то соли 2020 шакли таҳсили рӯзонаро –177 нафар, шакли таҳсили ғойибонаро – 392 нафар ва дар маҷмуъ –569 нафар шунаванда факултетро хатм намудаанд.
ҚОСИМОВ ФАЙЗАЛӢ МАҲМАДОВИЧ
Сардори кафедраи ташкили идоракунии
фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи факултети №1
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аълочии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон (2002)
полковники милитсия
Қосимов Файзалӣ Маҳмадович (таваллуд 19.07.1967, Ҷумҳурии Тоҷикистон), хатмкардаи факултети таърихи УДТ (ҳоло ДМТ, 1991) ва Мактаби Олии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1998), Хизмат дар сафи ҚМ ИҶШС (1986-88). Дар мақомоти корҳои дохилӣ аз соли 1991, полковники милитсия, унвонҷӯӣ Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (2014).
Дар соли 2014 барои идомаи хизмат ба Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда шуд, ки дар он ҷо ба ҳайси сардори кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ фаъолият кардааст (2014-2016).
Айни ҳол и.в. сардори кафедраи ташкили идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи факултети № 1 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, рисолаи номзадиашро бо ихтисоси 12.00.01 – назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат, таърихи таълимот оид ба ҳуқуқ ва давлат, дар мавзӯи «Ташаккул ва рушди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистон» (таҳқиқоти таърихӣ-ҳуқуқӣ) анҷом дода, дар арафаи ҳимоя қарор дорад. Доираи таҳқиқот: фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, таърихи ҳуқуқ ва давлат, сиёсатшиносӣ.
Аз моҳи августи соли 2020 инҷониб ба зиммаи ӯ иҷрои вазифаи сардори кафедраи ташкили идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи факултети №1 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шудааст.
Ф.М. Қосимов муаллифи китоби «Заминагузори илм ва фанни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ», ҳаммуаллифи китобҳои «Родмарде дар масири илми ҳуқуқ ва тартибот», «Геополитика: назария ва равандҳои геополитикии ҷаҳони муосир», «Вожаномаи тафсирии истилоҳоти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ», зиёда аз 20 мақолаи илмӣ доир ба таҳқиқоти диссертатсионӣ ва 80 мақолаҳои публисистӣ мебошад.
РУСТАМЗОДА АЛИШЕР ҚОСИМ
Сардори кафедраи назарияи идоракунии
фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи факултети № 1
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
Номзади илмҳои ҳуқуқ (2018)
Майори милитсия (2020)
Рустамзода Алишер Қосим (06.06.1991 с.т., зодаи ҷ. Хистеварз, н. Бобоҷон Ғафуров, в. Суғд, Ҷумҳурии Тоҷикистон). Хатмкардаи факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2013).
Аз соли 2013 то соли 2014 дар РВКД дар в.Суғд ба ҳайси нозир оид ба ҳайати шахсии шуъбаи кадрҳо фаъолият намудааст.
Соли 2014 барои давом додани фаъолияти хизматӣ ба Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар шуда, ба ҳайси ходими илмии шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст.
Аз соли 2014 то 2017 ба ҳайси адъюнкти Академияи идоракунии ВКД Федератсияи Россия дар мавзӯи «Деятельность руководителя территориального органа МВД Республики Таджикистан по предупреждению дисциплинарных правонарушений и преступлений среди личного состава» (Фаъолияти роҳбари мақомоти маҳаллаии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои интизомӣ ва ҷиноят дар байни ҳайати шахсӣ) тадкиқоти илмӣ бурда, соли 2018 онро бо муваффақият ҳимоя намуда, сазовори дараҷаи илмии«номзади илмҳои ҳуқуқ» гардидааст.
Баъд аз ҳимояи рисолаи номзадӣ, солҳои 2018-2019 ӯ ба ҳайси дотсенти кафедраи назарияи идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи факултети №1 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти хизматиашро давом додааст.
Аз моҳи январи соли 2020 инҷониб ба зиммаи ӯ иҷрои вазифаи сардори кафедраи назарияи идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳукуқи факултети №1 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шудааст.
А.Қ. Рустамзода муаллифи беш аз 20 корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таълимӣ-методӣ мебошад.