Сессияи тақдирсоз
14 ноябри соли 2017 бахшида ба таҷлили «Рӯзи Президент» ва 25-умин солгарди иҷлосияи XVI -уми Шӯрои Олӣ, дар толори маҷлисгоҳи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Садоқат ба Президент-садоқат ба Ватан» аз ҷониби кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №2 баргузор гардид.
Чуноне, ки аз таърихи ин санаи муқаддас медонем, расо 20-сол муқаддам, соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд дар қасри «Арбоб» Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ бо ҳадафи баҳамоӣ ва оғози музокирот бо ҷонибҳои даргир ва мухолифон ба кори худ шуруъ карда буд. Ҷаласа дар вазъи мураккаби сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоие баргузор гардид, ки дар Тоҷикистон ҷанги дохилӣ идома дошту шохаҳои асосии давлатдорӣ фалаҷ гардида буданд. Ба қавле ҳукумат амалан дигар аз иҷрои коре намебаромад. Дар натиҷаи баҳсу муҳокимаҳои зиёд ва суханрониҳои Эмомалӣ Раҳмон, ки он вақт ҳамагӣ 40-сол дошт, ба тафдории ӯ 186 нафар дар сессияи мазкур овоз дода, ӯро ба мақоми Раиси Шӯрои Олӣ интихоб намуданд.
Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ гуфт: «Ман ба Тоҷикистон сулҳ меорам». Ин суханони ӯ ба дили қисмати зиёди мардум, ҷой гирифт. Ҳарчанд беъзе шахсиятҳои ба бақои давлати Эмомалӣ Раҳмон бовар надоштанд ва мегуфтанд, ки дар сари қудрат монданаш муваққатист.
Дар мизи мудаввар Шокирзода Шодӣ – сармуҳаррири маҷаллаи «Маорифи Тоҷикистон», мураттиби китоби «Чеҳраҳои мондагор» оид ба таърихи ин сессияи таърихӣ ёдовар шуд. Сипас Ниёзӣ Ёрмаҳмад - директори институти омӯзиши масъалаҳои Осиё ва Аврупо дар мавзӯи «Иҷлосияи XVI – поягузори таҷрибаи сулҳофарини тоҷикон» маърӯза намуд.
Ҳамчунин дар кори семинари илмӣ-назариявӣ ҳайати профессорӣ-омӯзгории Академияи ВКД: Асламов Бозоралӣ - ҷонишини сардори факултети №2, полковники милитсия дар мавзӯи «Эмомалӣ Раҳмон ва марҳилаи муосири давлати миллӣ», Тошов А.М. - сардори шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр дар мавзӯи «Нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар таҳкими давлатдорӣ», Бойзода Ҷ.Ҷ. - сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, полковники милитсия дар мавзӯи «Нақши асари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» дар таҳкими худшиносии миллӣ», Маҳмадов Саъдӣ – дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, дар мавзӯи «Эмомалӣ Раҳмон - поягузори сиёсати хориҷии Тоҷикистони соҳибистиқлол» баромад намуданд.
Дар рафти семинари илмӣ-назариявӣ Алимова Сарвиноз - курсанти курси 1, шеъри «Ба Пешвои миллат»-ро қироат намуд.
Дар хотима ба меҳмонони даъватшуда туҳфаҳои рамзии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби муовини сардори Академияи мазкур, полковники милитсия Шарифзода М. тақдим карда шуд.
Бойзода Ҷ., сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №2-и Академияи ВКД ҶТ, полковники милитсия







































































































































































