Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Викторинаи «Лабиринти ҳуқуқӣ» дар Академияи ВКД

a50

Рӯзи 12 декабри соли 2017, дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон викторинаи «Лабиринти ҳуқуқӣ» бахшида ба «Соли ҷавонон», 20-умин солгарди ҷашни «Ваҳдати миллӣ» ва 25-умин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ баргузор гардид.

Викторинаи мазкур бо дастгирии Вазири корҳои дохилӣ, роҳбарияти Академияи ВКД ва бо кӯмаки бевоситаи Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Амрикоӣ (АБА РОЛИ) дар Тоҷикистон, доир карда шуд.
Мақсади баргузории викторинаи мазкур таҳким бахшидани дониши курсантон дар соҳаи ҳуқуқи инсон, ташаккулёбии ақидаи фаъоли шаҳрвандӣ, шуури хуқуқии мусбӣ, малакаи дар амал татбиқ намудани донишҳои омӯхташуда буд. Викторина бо унсурҳои маҳфили хушдилон гузашт, то дар як вақт ҳам ҷиддӣ ва ҳам шавқовар шуд.
Ҷолиби қайд аст, ки чунин викторина бо иштироки факултети №4 (ш.Хуҷанд) бори нахуст дар бинои нави Академияи ВКД баргузор карда шудааст.
Дар викторинаи мазкур курсантони курсҳои 2-5 факултети №2 ва №4 (ш.Хуҷанд) Академияи ВКД ширкат намуданд.
Дастаи факултети №2 «Ҳафтгонаи хушманд» ва гуруҳи факултети №4 «Садоқат» ном дошта, дастаҳо аз 7 нафар иборат буда, як нафар аз афсарон ҳамчун мураббии даста буд.

a51

Номи викторина тасодуфӣ набуда, иштирокчиёни он пеш аз ба мақсад расидан бояд монеаҳои ҳуқуқиро, ки иборат аз вазифаҳои викторина мебошанд паси сар намоянд. Дастае, ки бештар холҳоро ба даст меоварад – дастаи ғолиб ва дастае, ки холҳоро нисбат ба дигар даста камтар ба даст меоварад – дастаи мукофотгиранда (призер) эътироф мешавад.
Викторина аз чор давра ибрат буд. Дар давраи якум, ки «Вазифаи хонагӣ» ном дошт ба якчанд қисм тақсим шуд, яъне: шиносоӣ бо даста, номи даста, барои чӣ даста чунин номгузорӣ карда шудааст ва муаррифии мавзӯи интихобкардашуда.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳарду даста мавзӯи «Муқовимат бо коррупсия» интихоб намуда, видеоклипҳое, ки дар муддати як моҳ тайёр карда буданд ба ҳакамон ва мухлисон пешниҳод намуданд.
Давраи дуюм – «Дар яхпора», ки давраи даставӣ буд.
Давраи сеюм – «Руят бинамо, Гулчатой!» (дар доираи криминалистика).
Давраи чорум – «Муҳорибаи хирадҳо» (капитанҳо) – ба майдон сарварони дастаҳо даъват карда шуда буданд
Ҳамчун тамошобинон - курсантони факултети №2 ва шунавандагони факултети №3 фаъолона иштирок намуданд.
Ҳангоми танаффус дар рафти викторина, бозӣ бо номи «Ҳозирҷавоб» дар шакли саволу ҷавоб бо курсантон ва шунавандагони тамошобин гузаронида шуд. Барои иштирокчии ҳозирҷавоб аз байни курсантон ва шунавандагони тамошобин туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

a52

Баъди ҷамъбасти холҳо аз ҷониби раиси ҳакамон ғолибони викторина эълон гардиданд, ки ғолиби он дастаи факултети №2 «Ҳафтгонаи хушманд» дониста шуд. Дастаҳо бо туҳфаҳои арзишманд сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамчунин капитани беҳтарин (Бухориев Б. – капитани дастаи «Ҳафтгонаи хушманд»), беҳтарин бонуи ҳуқуқшинос (Мародбекова Ф. – аъзои дастаи «Ҳафтгонаи хушманд») ва беҳтарин ҷавони ҳуқуқшинос (Давлатов М. – аъзои дастаи «Садоқат) интихоб гардида, ба онҳо низ туҳфаҳои арзишманд сарфароз гардонида шудаанд.
Каримова Л.М., Хабирова Т.А., Убайдуллоев Ш.Э.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...