Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Викторина дар мавзӯи “Забони англисӣ – воситаи муошират”

178

Рӯзи 27 апрели соли 2018, бо ташаббуси кафедраи забонҳои факултети №2-и Академияи Вазорати корҳои дохилӣ викторина дар мавзӯи «The international language of communication» (“Забони англисӣ – воситаи муошират”) бахшида ба «Соли рушди саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва зодрӯзи сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ бо иштироки курсантони курси 1 ташкил ва баргузор карда шуд. 

185186

Чорабинии мазкур мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2003 №1047 "Дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" асоси худро ёфт.
Муовини сардори Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия Саидзода З.А. бо сухани ифтитоҳӣ доир ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидани соли 2018 ва хизматҳои шоёну қаҳрамониҳои адиби бузург - Садриддин Айнӣ ба чорабинии мазкур ҳусни оғоз бахшид. 
Сипас курсантони курси 1 шеърҳои англисӣ қироат намуда, оид ба ҳаёт ва фаъолият, хронологияи зиндагиномаи С.Айнӣ баромад намуданд.
Назруддинов М., Убайдуллоев Ш.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

payom1

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ ҶУМҲУРӢ»
Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад.